Ташаккули ахлоқию маънавии донишҷӯён дар ҳамбастагӣ бо фаъолияти адабии Садриддин Айнӣ

Ташаккули ахлоқию маънавии донишҷӯён  дар ҳамбастагӣ бо фаъолияти адабии Садриддин Айнӣ

Муҳиммият. Имрӯзҳо ташаккулёбии сифатҳои ахлоқию маънавии шахсияти ҷавонони донишҷӯ яке аз муҳимтарин вазифаи соҳаи маориф ба ҳисоб меравад, ки дар ин раванд нақши омӯзгор хеле муҳим аст.

Мақсади тадқиқот. Тарбияи ахлоқию маънавии ҷавонон, бахусус донишҷӯён дар тамоми ҳаёти инсоният мақсади аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад, зеро асоси ҷомеаро одоб ва маънавият ташкил медиҳад. Омӯзиши эҷодиёти мутафаккирони тоҷику форс аз он гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо бо мақсади тарбияи ҳаматарафаи насли наврас ба тарғиби масъалаҳои ахлоқӣ, ватандӯстӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва одоби хонаводагӣ, тарбияи ҳуқуқӣ, инсондӯстӣ ва ҷанбаҳои дигари маънавиёти ҷавонон рӯ овардаанд.

Мавод ва усули тадқиқот. Яке аз чунин шахсиятҳои бузурге, ки осори ӯ саршор аз масъалаҳои ахлоқи баланди инсонӣ, ватанпарастӣ, хештаншиносӣ, инсондӯстӣ ва меҳнатдӯстӣ буда, маҳз ба тарбияи инсони комил бахшида шудааст, нависандаи машҳур, асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ба ҳисоб меравад. Устод Айнӣ – олими намоён, аввалин Президенти Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон мебошад. Бо қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8-сентябри соли 1997 Садриддин Айнӣ бо унвони баланд – «Каҳрамони Тоҷикистон» қадрдонӣ карда шудааст.

Қобили зикр аст, ки ба ҳаёту фаъолияти адабӣ, педагогӣ ва осори гаронбаҳои устод Садриддин Айнӣ тадқиқотҳои як қатор олимон, аз ҷумла, И.С.Брагинский, Б. Ғафуров, К. Айнӣ, Х.Айнӣ, А.Сайфуллоев, М. Шакурӣ, Ю.И. Бобоев, М.Лутфуллоев ва дигарон бахшида шудаанд.

Натиҷахои тадқиқот ва муҳокимаи онҳо. Доир ба ҳаёт ва фаъолияти Садриддин Айнӣ (1878 - 1954) мақолаю тадқиқотҳои бешумор таълиф шудаанд. Номи ин шахси бузург ба хонандаи тоҷик ва ҳам берун аз он шинос аст. Асарҳои ӯ ба чандин забони халқҳои ҷаҳон тарҷума шуда, ҳаёти пешазинқилобии халқи тоҷикро инъикос менамояд. Тамоми ҳаёти С. Айнӣ бо халқи тоҷик, бо ҳодисаю воқеаҳои таърихии кишвар пайванди ногусастанӣ дорад. Асарҳои безаволи устод Айнӣ на танҳо мактаби зиндагӣ, балки инъикосгари таърихи мардуми тоҷик дар асрҳои Х1Х- ХХ низ мебошад.

Давраи ҷавонии С. Айнӣ ба ҳодисаҳои ҳаракати маорифпарварӣ дар Осиёи Миёна рост омад, ки бо номи нависанда, олим ва мутафаккири бузург Аҳмади Дониш вобаста аст. Ӯ дар он солҳо бо нахустин   рӯзномаю маҷаллаҳои тоҷик ҳамкорӣ дошт, дар ташкили мактабҳои советӣ ва таҳияи китобҳо фаъолона саҳм мегузошт. Садриддин Айнӣ аввалин муаллими мактабҳои тоҷикӣ буд. Устод Айнӣ чун олим-адабиётшинос низ маъруф аст ва дар ташаккули забони адабии тоҷик саҳми беандоза дорад.

Бино ба ақидаи олимон « … Ҳанӯз аз аввали асри ХХ С. Айнӣ андешаҳои пешқадами худро доир ба таълиму тарбияи бачагон баён намудааст.

Ӯ аввалин шуда дар асарҳои худ проблемаҳои тарбияи насли наврасроба миён гузоштааст. Баробари муаллим будан С. Айнӣ инчунин бо таҳияи китобҳои мактабӣ машғул мешуд. Дар асарҳои «Таҳзиб –ус-сибён» (Тарбияи кӯдакон) ва «Духтарча ё Холида» ақидаҳои шахсии маорифпарварии ӯ доир ба тарбия, таълим ва мактаб баён шудаанд… С.Айнӣ ба адабиёти бачагона ҳамчун педагог ворид гардид ва фаъолияти ӯ дар ин ҷода бо таҳияи китобҳои дарсӣ барои мактабҳои усули нав сурат гирифт ва минбаъд образҳои офаридаи қаҳрамони халқӣ дар асарҳои ӯ андешаҳои маорифпарварию педагогии нависандаро ифода намуда, ба ташаккули симои ахлоқии насли ҷавон таъсири зиёд расонид» [4,с.52-53].

Олими намоён И. С. Брагинский, ки доир ба ҳаёт ва фаъолияти С. Айнӣ тадқиқотҳои зиёде анҷом додааст, чунин менависад: « Фаъолияти педагогии С. Айнӣ хеле муҳим ва аҳамиятнок буд ва дар натиҷа кӯшишҳои ӯ дар роҳи маорифпарварӣ ба куллӣ муҳтавои нав пайдо намуданд. Ӯ барои тарбияи меҳнаткашон, махсусан ҷавонон баромад мекард. С.Айнӣ дар мактаби нав аввалин муаллим ба ҳисоб мерафт. Ин ҷиҳати эҷодиёти ӯ ба тамоми сабки усули фаъолияти адабии ӯ таъсир кард, ба асарҳояш содагии баён ва оммафаҳмӣ овард, ҷиҳати тарбиявии онҳоро дучанд гардонид».[3, 120-168].

Фаъолияти нависандагии Садриддин Айнӣ дар солҳои 90-уми асрии Х1Х оғоз ёфт. Ӯ фаъолияти адабии худро бо эҷоди шеър оғоз намуд ва ба назми муосири тоҷик асос гузошт. Шеъри «Марши озодӣ» дар пайравии «Марселйеза» навишта шудааст. Нахустин маҷмӯаи шеърҳои устод Айнӣ шеърҳои ватандӯстонаи давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ( «Марши ҳуррият», «Қаҳрамони Ленинград», «Суруди ғалаба» ва ғ.) мақоми шоистае доранд. Вале устод Айнӣ дар ҷодаи наср нақши муҳим дорад ва асарҳои барҷастаю таъсиргузори худро маҳз бо наср эҷод кардааст.

С. Айнӣ моҳи феврали соли 1922 бо номи «Духтарча ва ё Холида» китоби дарсие навишт, ки он соли 1924 нашр гардид. Дар ин китоб доир ба донишомӯзӣ, таълиму тарбияи бачагон дар мактаб ва оила ҳикоятҳои алоҳидаи дидактикию ахлоқӣ гирд оварда шудаанд. Китоби мазкур аз он ҷиҳат муҳим аст, ки дар он муаллиф дар адабиёти бачагона яке аз аввалинҳо шуда, ба масъалаи занон рӯ овардааст. Ӯ масъалаи таълими духтарони тоҷик ва узбекро ба миён гузошт. Кариб ҳамаи ҳикоятҳо ба ташаккули образи асосии асар бахшида шудаанд. Нависанда дар мисоли Холида аз шахси худпараст ба шахси меҳрубон, меҳнатдӯст табдил ёфттани қаҳрамони асосии асар ва ба ғами атрофиён бетараф набудани ӯро тасвир намуда,бо ҳамин роҳ таъсири мусбати мактабу муаллимро дар ташаккули шахсияти насли ҷавон нишон додааст».[4, 58].

С. Айнӣ аввалин асари барҷастаи худ – повести «Ҷаллодони Бухоро»-ро соли 1920 таълиф намудааст, ки   симои ваҳшиёнаи амир, бераҳмӣ ва фиребу найрангҳои мансабдоронро фош карда , ҳаёти Бухорои амириро ҳақиқатнигорона ва хеле табиӣ тасвир менамояд. Дар эҷодиёти нависанда романи уломон » (1934-1935) мавқеи хоса дорад. Дар он ҳаёти халқи тоҷик дар давоми зиёда аз 100 сол – аз оғози асри Х1Х то ғалабаи сохти нав дар Тоҷикистон бо образҳои ҷолиб ва ҳодисаҳои рангин   тасвир ёфтааст. Романи «Дохунда» (1930) низ дар осори С.Айнӣ ҷойгоҳи махсусе дорад. Роман аз ҳодисаҳои даҳсолаи аввали асри ХХ оғоз ёфта, бо ҳодисаҳои соли 1929-соли ғалабаи сохти колхозӣ ба анҷом мерасад. Он манзараҳои ғалабаи ҳаёти навро дар ҷумҳурии навтаъсиси Тоҷикистон тасвир менамояд. Асари мазкур чун аввалин романи тоҷик аҳамияти бузурги таърихию сиёсӣ дорад.

Асари дигаре, ки арзиши зиёди таърихию маънавӣ дорад, «Ёддоштҳо» мебошад («Бухоро», 1949-1954). Дар асари «Ёддоштҳо» ҳаёти халқи тоҷик дар асрҳои 19 ва 20 тасвир ёфтааст.Муаллиф дар асар тарзи зиндагии мардум, таҳсил дар мадрасаҳои Бухоро, меҳнати пуразияти деҳқони камбағал ва паҳлуҳои дигари Бухорои амириро ба таври таъсирбахш ва реалистона инъикос менамояд. Ходисаҳои асар бо завқи баланди бадеӣ,бо шоҳидии худи нависанда тасвир ёфта, инъикосгари ҳаёти феодалии Бухорои амирӣ мебошад. Нависанда бо як маҳорати баланд ҷаҳони куҳнаи зулму фиреб, ҳаёти тоқатфарсои мардуми камбағал,афзоиши зоҳирпарастии феодалиро нишон медиҳад. Дар баробари тасвири ҳодисаҳои манфии ҳаёти солҳои 90-ум қувваи маънавии халқ, намояндагони пешқадами илму адабиёт, сифатҳои меҳнатдӯстӣ ва озодихоҳии образҳои гуногун тасвир ёфтаанд.

Соли 1924 дар рӯзномаи «Овози тоҷик» повести «Одина» ба нашр расид ва соли 1927 бошад, он дар шакли асари ҷудогона аз чоп баромад. Ин асар ҳаёти тоҷикони кӯҳистонро дар замони тираи феодалӣ, зулму ситами бою заминдоронро нишон медиҳад. «Одина» аввалин асари реалистии тоҷик буда, дар он образи коргари тоҷик ва чандин нафар ҷавонони озодихоҳ тасвир ёфтааст.

Пажуҳишгарони осори Садриддин Айнӣ қайд менамоянд, ки устод Айнӣ ба эҷодиёти нависандаи намоёни рус Максим Горкий баҳои баланд дода, чунин навиштааст: «Баъди ташкили Нашриёти давлатии Тоҷикистон ман имкон пайдо намудам, ки асарҳои «Бачагӣ», «Дар байни одамон» ва баъзе мақолаҳои М. Горкийро бо забони тоҷикӣ мутолиа намоям. Ман ҳаминро мехоҳам қайд намоям, ки таҷрибаи бойи эҷодии ман аз омӯзиши асарҳои М. Горкий хеле вобаста аст. Ман аз ин нависандаи бузург бисёр чизҳоро, аз ҷумла, офариниши образҳо, тарзи муқоиса ва метафора,тарзи баёни характери қаҳрамонҳо, услуби содаи ифодаи бадеиятро омӯхтам...».[6, 53].

Чӣ хеле муҳаққиқи эҷодиёти устод С.Айнӣ духтари ӯ   Холида Айнӣ қайд мекунад, «2- марти соли 1925 дар рузномаи «Овози тоҷик» хабари С. Айнӣ   чоп мешавад, ки ӯ ният дорад ки бо супориши Ҷумҳурии навтаъсиси Тоҷикистон «Намунаи адабиёти тоҷик», китоби бисёрасрии адабиёти тоҷик   Осиёи Миёна   дар асрхои 1Х- Х -ро нависад ва ба чоп тайёр кунад. Ҳамин тавр, бо заҳматҳои бисёр тулонии душвори устод соли 1926 «Намунаи адабиёти тоҷик» бо пешгуфтори шоири бузурги инкилобӣ Абулқосим Лоҳутӣ дар Маскав ба нашр расид…..».[10, 68].

Нисбати ин китоб устод А.Лоҳути қайд мекунанд. «Моҳи августи соли 1925 дар шаҳри Самарқанд ба зиёрати фозили муҳтарам ноил шудам… Устод дар утоқи худ даруни садҳо китоб ғарқ буд ва нусхае дар даст дошт, ки менавишт. Он ҳамин «Намунаи адабиёти тоҷик» буд…Ба фикри ман «Намунаи адабиёти тоҷик» беҳтарин намунаи адабии тоҷикон аст. Устод Айнӣ барои ёфтани баъзе аз нусхаҳои хаттии шоирони тоҷик басо рӯзҳо, ки дар ба дару кӯча ба кӯча рафта аст, то онро ёфтаву ба даст оварда ва дар натиҷа заминаи ҳозире барои танқиду таҳлилоти адабии тоҷикон омода намудааст. Асосан Осиёи Миёна ҳамеша яке аз марказҳои муҳими адабиёти форсӣ буд. Балки пас аз нобуд шудани адабиёти ин замон ба воситаи ҳуҷуми араб ва сӯзондани осору китобҳои форсӣ, Осиёи Миёна қадимтарин манбаъ ва сарчашмаи адабиётифорсист. Он рӯз дар зери зулму фишори араб рӯдакиҳо дар Осиёи Миёна паҳлавонӣ кардаву адабиёти мурдаро зинда намуданд…..».[5, 19]..

Қайд кардан бомаврид аст, ки «Намунаи адабиёти тоҷик» аз тарафи олимон ва хонандагон баҳои хеле баланд гирифта буд. Аз ҷумла, олими намоёни эронӣ, профессор Саид Нафисӣ дар тақризи худ чунин навистааст «Аз ҳама баҳои басе баланди китоби номбаршуда аз он иборат аст, ки ин китоб мо, хонандагонро бо эҷодиёти бисёр шоирону туркистони ҳозира шинос намуд. Ҳар нафаре, ки ба адабиёти форс машғул аст, ҳатман бояд ин китобро дошта бошад».[10, 70]..

Бояд қайд кард, ки таҳия ва нашри «Намунаи адабиёти тоҷик» (1940) дар ҳаёти адабӣ ва фарҳангии халқи тоҷик ҳодисаи хотирмон буд. Садриддин Айнӣ бо таълифи ин асар на фақат мавҷудияти миллати тоҷикро исбот намуд, балки нишон дод, ки халқи тоҷик ва адабиёти он аз замонҳои қадим ибтидо гирифта, то замони мо омада расидааст. Ин асар бо муаррифӣ ва намунаҳои осори Рӯдакӣ оғоз ёфта, бо эҷодиёти шоирони замони худи Айнӣ ба охир мерасад. Нашри китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» ҷавоби сазоворе буд ба душманону бадхоҳони миллат, ки мавҷудияти халқи тоҷикро инкор мекарданд. Дар ин хусус забоншиноси маъруф М. Шукуров чунин навиштааст: «Алҳақ, Садриддин Айнӣ яке аз бузургтарин фарзандони миллат аст, ки дар як давраи буҳронии сарнавиштсӯз фидокорона талош карда, барои таъмини бақои умри миллат қаҳрамониҳо нишон дода ва барои ин ки халқ аз зери харобазори таърих дубора сар бардорад ва қомат рост кунад, падарвор ғамхорӣ ва сарпарастӣ намудааст». [12,10] .

Ҳамин чиз ҷолиби диққат аст, ки дар ин давра оид ба масъалаҳои демократикунонии забони тоҷикӣ ва алфавити нав мубоҳисаҳои халқӣ сурат мегирифтанд. С. Айнӣ доир ба масъалаҳои мушкилоти забонӣ ва таҳияи китобҳои нави дарсӣ як силсила мақолаҳо таълиф менамояд. Андешаи асосии устод Айнӣ аз ҳамин иборат буд, ки нисбат ба забони тоҷикӣ муносибат эҳтиёткорона зоҳир намуда, асолати он нигоҳ дошта шавад ва аз забони зиндаи халқ калимаю ибораҳои мувофиқ интихоб гардида, бо ҳамин роҳ забони адабӣ ғанӣ гардонида шавад.

Холида Айнӣ ёдовар мешавад, ки соли 1938 дар ш. Душанбе доир ба масъалаҳои «сохтор»-и забони тоҷикӣ машваратҳо доир мегардиданд ва дар яке аз чунин ҷамъомадҳо оид ба истифодаи пасоянди «ро» дар забони тоҷикӣ мубоҳисаи тезутунде ба амал омад. С.Айнӣ қатъиян бар зидди калимаҳои дағал ва гӯшхароши забони адабии тоҷик баромад намуда, бар зидди ихтисор намудани пасоянди «ро» аз забони тоҷикӣ эътироз баён намуд. Лоиҳаи фармон аз хусуси забони адабии тоҷик аллакай омода гардида буд. С.Айнӣ доир ба ҳамон банди лоиҳа, ки дар он аз хусуси ихтисор кардани пасоянди «ро» аз забони тоҷикӣ сухан мерафт, норозигӣ изҳор намуда, инкор намудани онро талаб намуд. [10. 79-80].

И. С. Брагинский–яке аз иштирокчиёни фаъоли ин гуна машваратҳо чунин навиштааст: «С. Айнӣ аз хусуси он ки пас аз чанде лоиҳаи фармон ба фармон табдил меёбад, огаҳӣ ёфта, махсус аз Самарқанд ба Сталинобод омад, то ки тозагии забон халалдор нагардад ва «олудагии забон» пешгирӣ карда шавад … Пас аз ду-се соати ташриф оварданаш ӯ ба воситаи рафиқон маро фавран ба меҳмонхона ба наздаш даъват намуд. Баробари ба наздаш ҳозир шуданам ба ман нигоҳи норозиёнае намуда, ба сухан оғоз намуд: - Оё шумо медонед, ки пасоянди «ро» дар забон гӯё назарногир буда, ҳамагӣ аз ду ҳарф иборат аст, вале ин ҷо аз хусуси ифоданокӣ ва вазифаи забони адабӣ сухан меравад. Шумо бо ҳамин роҳ калимаю ибораҳои кӯчагиро ба забон ворид мекунед. Забони адабӣ ва забони зиндаи халқро бо ин роҳ инкишоф додан мумкин нест. Ман ва ҳаммаслакони дигари ман то чӣ андоза муҳим будани эродҳои устод Айниро зуд сарфаҳм нарафтем. Ӯ нисбат ба забон ғамхории беандоза дошт ва барои нигоҳ доштани асолати забони модарӣ муборизаҳо мебурд». [11.299-300].

Ҳанӯз дар замони зиндагиаш ба эҷодиёти Садриддин Айнӣ шахсиятҳои барҷаста – Л.Леонов, Ю.Фучик, Ч. Айтматов, К. Федин ва чандин шоирону нависандагони адабиёти ҷаҳонӣ баҳои баланд додаанд.

Саҳми Садриддин Айнӣ дар ҷодаи адабиёт ва фарҳанги ҷаҳонӣ   дар форуми умумиҷаҳонии нависандагони Осиё ва Африқо, ки соли 1962 дар Кохира (Каир) баргузор гардид, махсусан зикр гардида,дар қатори чор нафар нависандагону мутафаккирони Шарқ, ки классикони адабиёти муосир шинохта шудаанд, номи Садриддин Айнӣ низ сабт гардид. Мувофиқи декларатсияи ин конференсия номи устод Айнӣ бо адибони забардасти машриқзамин Робиндранат Такур, Лу Син ва Тахо Хусейн дар як радиф гузошта шуд.

Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар мақолаи худ «Айнии мо» чунин менависад: «На ҳама вақт чунин муяссар мегардад, ки зиндагии як инсон бо ҳаёти халқ тавъам бошад. Ҳаёти Садриддин Айнӣ маҳз чунин сурат гирифт. Тамоми зиндагии ӯ бо ҳаёти халқ алоқаманд буд, аз рӯзҳои пуразияти гузашта то лаҳзаҳои фараҳбахши имрӯза» [9, 33-34]

Қобили зикр аст, ки Садриддин Айнӣ барои хизматҳои шоёнаш бо унвони Корманди шоистаи илми РСС Точикистон (1940) қадр карда шудааст, соли 1948 ӯ ба унвони илмии доктори илмҳои филологӣ сарфароз гардид. С.Айнӣ аввалин президенти Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон (1951) интихоб шудааст.

Ин фарзанди фарзонаи миллат барои хизматҳои шоёнаш бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони «Каҳрамони Тоҷикистон» қадрдонӣ карда шуд.

Хулоса. Ақидаҳои педагогӣ ба ташаккули ҷаҳонбинии инсон таъсири зиёд мерасонад. Таҳлили мухтасари асарҳои устод Айниро ба анҷом расонида, ба хулосае омадан мумкин аст, ки тарғиби чунин хислатҳои олии инсонӣ ба монанди   фидокорӣ, ватандӯстӣ, донишомӯзӣ, мардонагӣ дар тарбияи насли ҷавон нақши муҳим дорад.Барои насли имрӯза осори мутафаккирони мо, ки ба хазинаи адабиёти ҷаҳонӣ дохил шудаанд, сазовори омӯзиш ва мояи ифтихор аст. Асарҳои бешумори устод Айнӣ, ки ба тарбияи насли ҷавон равона гардида, саршор аз муҳаббат ба ватан,ахлоқи олии инсонӣ мебошанд, барои тарбияи наслҳои имрӯзу фардо ва маънавиёти баланди онҳо мусоидат менамоянд.

 

АДАБИЁТ:   

1. Айни Садриддин. Повести. Публицистика, - М., Советский писатель,1978.

2.Брагинский И. Жизнь и творчество Садриддина Айни.- М. Гослитиздат. 1959.-189 с.

3.Брагинский И.С. Реализми Садриддин Айни /Реализм Садриддина Айни/ В кн.: Адабиёти советии тоҷик (Советская таджикская литература)-Сталинабад.Нашр.Давл.Точ.,1950 с.120-168).

4.Джонон Бобокалонова/Таджикская детская литература, -Душанбе, Изд.-во «Маориф»,1982.

5.Книга жизни Садриддина Айни. Изд-во «Ирфон», 1978./ стр. 26.

6.Михайловская Н.Г. Путь к русскому слову. - М..: «Наука». 1986 (Серия «Литературоведение и языкознание»)

7.Ниёзов А.Н. Педагогическое наследие Садриддина Айни о воспитании подрастающего поколения. Автореф. дис. на соискание ученой степени канд. пед. наук Курган-Тюбе - 2012.

8. Пономарёва З.В.,Черных З.А. Таджикская литература - М.1961, С.76-80.

9.Турсун-заде М. Наш Айни. Мирзо Турсунзаде «Наш Айни», Таджикская советская литература (Сборник статей), Таджикгосиздат. 1954, стр.33-52.

10.Холида Айни. Жизнь Садриддина Айни (краткий хронологический очерк). - Душанбе: «Дониш», 1982.- 120 с.

11.Ҷашнномаи Айнӣ. ҷузъи 1У, Душанбе.- 1971. - С.299-300.

12. .Шукуров М. Равшангари бузург. – Душанбе: «Адиб», 2006, 340 саҳ.

 

Юлдошев Умарҷон Раҳимҷонович, доктори  илмҳои педагогӣ, профессор, мудири кафедраи забони  русӣ

Юсупов Абудулло Исмоилович, номзади илмҳои филологӣ,  дотсенти кафедраи забони  тоҷикӣ, 

Шодиматова Малика Каримбердиевна, муаллимаи калони   кафедраи забони  тоҷикӣ, 

Хайрова Хабиба Искандаровна, муаллимаи калони   кафедраи забони  русӣ


13.02.2019     34