ТАРБИЯИ ҶАВОНОН

Дар кадом давру замон ва дар кадом-шароити ҷамъиятие, ки набошад, бе тарбия инсон ҳамчун инсон вуҷуд дошта наметавонад. Чунки тарбия пояи давлату давлатдорӣ, инсону инсонгарӣ мебошад. Маърифати инсонӣ ақлу заковати инсон, мақоми ӯ дар ҷамъият низ ба тарбия вобаста аст. Тарбия ин мерос аст, барои инсон. Вале тарбия дар ҳар як давру замон руҳи ҳамон замон ва одамонро инъикос менамояд. Чунки ба ҳаёти моддӣ, сиёсӣ ва маънавии ҳамон сохти ҷамъият алоқаи ногусастанӣ дорад. Барои ҳамин ҳам баробари тағир ёфтани шароити моддӣ, сиёсӣ ва маънавии ҷамъият мазмун, мундариҷа, мақсад, вазифа, метод ва роҳу воситаҳои тарбия ҳам тағир меёбад.

Аз ин нигоҳ, дар шароити имрӯзаи давлати ҳуқуқбунёди демократӣ ва дунявии Тоҷикистон тарбия бояд дар асоси анъанаҳои миллӣ, афкори педагогии ниёгон ҳисси дӯстиву рафоқат, бародарию баробарӣ, ҳамфикрию якдигарфаҳми, яъне бахшидани хатои якдигар, масъулиятшиносиву вазифашиносоӣ, хушахлоқиву меҳнатдӯстӣ, поквиҷдонию бошарафӣ, ҳақиқатпарастиву мардонагӣ, ватандӯстиву инсонпарвари, қадршиносии миллию интернат-сионализм асос ёбад, бунёди мустаҳками маънавиёт ва ахлоқи неки инсонӣ, ташаккули эътиқод, хоксорию ҳақгӯӣ, некбинию накукорӣ, ростиву поквиҷдонӣ, раҳму шафқат, саховатмандӣ, шарму ҳаё, истиҳолаю андешамандӣ, дӯстии самимиву беғаразона, махсусан муқаддас донистани хоку оби ватан, шаъну шарафи мардуми он, падару модар, калонсолони оилаву ҷомеа, эҳтироми ҳамсолону хурдсолонро гузарад.

Чунин аст вазифаи муқаддаси тарбия.

Вобаста ба шароити сиёсӣ ва иҷтимоии имрӯзаи ҷумҳурӣ боз вазифаҳои нави тарбия ба вуҷуд омаданд, яъне дар руҳи «ваҳдати миллӣ» ва «эҳёи Тоҷикистон» тарбия намудани ҷавонон. Бояд гуфт, ки ин вазифа вазифаи рақами якум ба шумор меравад.    

Аз ин нуқтаи назар вазифаи муассисаҳои тарбиявӣ аз он иборат аст, ки вобаста ба шароити конкретии давр ё худ шароити конкретии ҷумҳурӣ вазифаҳои тарбияро муайян кунанд.

Аз ҳамин нигоҳ ҳам, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маориф»(декабри 1993 сол) нисбати институтҳои тарбиявӣ, чунин талаботҳо сабт шудааст:

Муассисаҳои тарбиявӣ бояд дар бачагон нисбат ба волидайн, ҳамсолон, насли калонсолон, арзишҳои фарҳангию миллӣ ва таърихии кишваре, ки сукунат доранд, ҳисси эҳтиром парваранд, ба сохти давлатию иҷтимоӣ ва расму оини онҳо, ба муҳити зист, муносибати эҳтиёткорона тарбия намоянд: ба ҳаёти бошуурона, дар руҳи ҳусни тафоҳум, ризоияти халқҳо, гуруҳҳои этникӣ, миллӣ, диннӣ омода созанд: одобу ахлоқи педагогиро риоя намоянд, ҳуқуқ ва қадру эътибори кӯдак, хонанда, донишҷӯйро эҳтиром кунанд, бачагону ҷавононро аз аъмоли зӯроварии ҷисмонию равонӣ ҳимоя намоянд. (Моддаи 34 пункти 3).

Маълум аст, ки на танҳо дар бобби тарбияи кӯдакону наврасон, балки ҷавонон ҳам падару модарон роли ниҳоят муҳим мебозанд. Барои ҳамин ҳам дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» чунин таъкид шудааст….фарзандонро дар руҳияи башардӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳисси накукорӣ, раҳмдилӣ, муносибати боэҳтиромона нисбати аҳли хонавода, забони модарӣ, адабиёту таърих, эҳтиром нисбати арзишҳои миллӣ, таърихӣ, фарҳангии дигар халқҳо тарбия намоянд: фарзандонро дар руҳияи эҳтиром ба қонун, ҳуқуқ ва озодии инсон, риояи қоидаҳои ҳаёт тарбия намоянд: (моддаи 35, пункти 1 ва 2).

Чи таври аз ин гуфтаҳо мушоҳида менамоем, вазифаҳои муассисаҳои тарбиявӣ ва падару модар бо ҳам ҳамоҳанганд. Чунки ҷамъият дар бобби тарбияи бачагон, наврасон ва ҷавонон вазифаи ягона тарбия намуда ба камол расондани аъзоёни фоиданок, бо фарҳангу меҳнатдӯст, хушахлоқу инсондӯстро мегузорад.

Азбаски тарбия дар ҳаёти инсон мақоми хосае дорад, он қисми хеле муҳим ва мустақили раванди педагогиро ташкил менамояд. Тарбия мақсад, вазифа, роҳ, восита, принсип, метод, шакл ва мазмуни худро дорад, ки вобаста ба онҳо ба амал бароварда мешавад ва ё ба воситаи онҳо дар амал татбиқи худро пайдо мекунад. Бинобар ин дар илми педагогика фасли мустақил, «Назарияи тарбия» мавҷуд аст. Вазифаи «Назарияи тарбия» аз муайян намудани равия ва принсип: шакл ва методҳои асосии ташкили кори тарбиявӣ бо насли наврас ва хусусан ҷавонон иборат буда, барои омӯзиши санъати тарбия мадад мерасонад. «Назарияи тарбия» роҳ ва воситаҳои тарбия, метод ва шаклҳои тарбияро вобаста ба мақсад ва вазифаҳои тарбия муайян мекунад. Ҳамин тавр, яке роҳи дигареро равшан менамояд.

Вале самараи тарбия пеш аз ҳама ба санъати тарбиядиҳанда вобаста аст. Гарчи тарбия ҳам худ санъат аст, ки тарбиядиҳанда бояд онро аз худ намояд. Барои аз худ намудани санъати тарбия бошад як таҷрибаи педагогӣ кифоя нест, ба таҷрибаи педагогӣ такя намуда доир ба «Назарияи тарбия» дониши чуқури пурра, васеву ҳаматарафа пайдо кардан лозим аст.

Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ  -  Сайфуддинова Р.С.


07.04.2021     2203
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php