Табиат хонаи мост

Низоми бисёрсолаи ба маҳал хоси обу ҳаво иқлими маҳали мазкур ном дорад. Маънои калимаи иқлим тамоюл мебошад. Хусусиятҳои иқлими маҳал аз рӯйи ҳисоби миёнаи бисёрсолаи ҳаво фишори атмосферӣ, рутубат, абрнокӣ ва боришҳо муайян карда мешавад. Тағйирёбии иқлим аз боришот, бод, фишори атмосферӣ, абрнокии ҳаво, хушкии ҳаво, намнокии ҳаво вобастагӣ дорад, ки роҳи табиӣ мебошад. Дар замони ҳозира нисбат ба асрҳои гузашта муҳити экологӣ тағйир ёфта истодааст. Ғайр аз манбаъҳои табиии ифлосшавии атмосфераи замин вулқонҳо, сӯхторҳо, зарраҳои намакҳои баҳрӣ боз манбаъҳои дигари сунъӣ вуҷуд доранд. Ин манбаъҳо аз ихроҷи сӯзишвориҳои маишӣ, электростансияҳои ҳароратӣ, партовҳо, корхонаҳои истеҳсоли гази сӯзишворӣ иборатанд, ки ҳаҷми бузурги пайвастагиҳои карбонро ҳосил мекунанд ва ин муносибати нодурусти инсон ба муҳити зист мегардад, лекин дар замони ҳозира ба ин манбаъҳо зарурият пайдо шудааст.
Дар ин замони инқилоби илмӣ -техникӣ фаъолияти инсон миқёси геоэкалогиро фаро гирифтааст, ки сабабгори тағйироти табиии биогеохимикӣ дар замин мегардад.Ва ин раванд зарурати на фақат муҳофизати табиатро, балки ҳифзи саломатии инсонро ба миён меорад. Инсон ҳамчун омили экологӣ на фақат аз захираҳои табиат истифода мебарад, балки ба муҳити иҳотакунанда ҳукмронӣ мекунад. Ба талаботи худ шароит фароҳам меорад.Манбаи асосии воридшавии моддаҳои зарарноки атмосфера дар шаҳрҳо ин воситаҳои нақлиёт ва муассисаҳои саноатӣ мебошанд.Вобаста ба ин манбаъҳое, ки ба фаъолияти одамон таъсири манфӣ мерасонанд, спектрҳои бемориҳои гуногун мешаванд. Азбаски инсон шакли олии таҷассуми табиат аст ва бидуни он зиста наметавонад, масъалаҳои экологӣ яке аз қисмҳои ҷудонашавандаи ҳаётӣ ба шумор меравад. Вале, дар натиҷаи муносибати нодурусти инсон ба муҳити зист бисёр намуди ҳайвоноту наботот рӯ ба нестӣ оварданд.
Масалан, дар Антарктида замонҳои пеш иқлим сирри худро дошт, дар замони ҳозира бошад вазъият тағйир ёфт, ҳол он ки дар он ҷо инсон шароити зист надорад ва мо медонем, ки барои чӣ ин воқеа рӯй дода истодааст. Дар давлати Чин аз маълумотҳо бар меояд, ки ҳар ҳафта 2- навъи электростансияҳои ҳароратӣ бунёд мешавад. Чин барои вайрокунии иқлим ва қабати озонӣ дар ҷаҳон ҷои аввалро мегирад аз ҳисоби хориҷкунии миқдори зиёди газҳо.
Шаҳрҳои калонтарин дар Чин ҷойгир аст. Дар як шаҳр 34 миллион аҳолӣ зиндагӣ дорад. Ин шаҳр Чун-Свин ном дорад, ки дар ин ҷо корхонаи киштисозӣ ҳар рӯз як киштӣ месозад.
Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои қабулшуда бо мақсади ҳифзи набототу ҳайвоноте, ки ба Китоби сурх ворид гаштаанд, корҳои зиёд анҷом дода мешаванд. Натиҷаи ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ва таваҷҷӯҳи беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин росто тадбирҳои муҳим ба иҷро расонида шудданд, ҳамаи он ба беҳтар гаштани некуаҳолии сокинони кишвар равона гардидааст. Дар моддаи 44 Констутсияи ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки “ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст” . Ҳар як фард новобаста аз ихтисос дар сатҳи зарурӣ бояд, дониши экологӣ ва ба муҳити зист муносибати оқилона дошта бошад. Ин водор месозад, ки ҳар як шаҳрванди ҷумҳурии мо аз рӯйи шиори ‘’Табиат – хонаи мо’’ амал намояд.
Фирӯза Азимова, Моҳинур Ахмедова, Сабрина Ғафурова, донишҷӯёни курси 2, гурӯҳи 42, факултаи тиббӣ


24.04.2020     1421
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php