Шукр гӯӣ, неъматат афзун шавад…

Сарватманде барои ёфтани оилаи камбаuал ва додани закоти молаш ба бозори мардикорон омад.
Ҳангоми дар назди мардикорон манъ намудани мошин қариб буд, ки мардикорон дарҳои мошинашро бикананд.
Мард зиракиро аз даст надода гуфт: Ман пули бисёр надорам, вале корафтодаам, ҳамагӣ бист сомонӣ дорам, агар касе дар хонаи ман бо ин маблағ як рӯз кор кунад, марҳамат ба мошин савор шавад. Ҳама аз назди мошин дӯр шуданд, марди миёнсоле аз ҷой бархесту оҳи сарде кашида ба мошин савор шуд. Сарватманд аз ӯ пурсид: оё ту бо бист сомонӣ як рӯз дар хонаи ман кор мекунӣ? Мард бо сари хам ҷавоб дод:
-Бародар, ҳеҷ набошад ҳам, бегоҳӣ барои фарзандонам чор нон мебарам, мо иҷоранишинем, шаш фарзанд дорам, - гуфта аз алам дигар суханашро давом дода натавонист.
-Хайр ҳеҷ гап не, кор мекунӣ?- рафтем, гуфта мошинро ба ҳаракат даровард сарватманд. Ҳангоми аз минтақаи 82 ба маҳалаи 103 расидан сарватманд мошинро боздошт ва ба мардикор 20 сомонии ваъдагиро дод, аммо мардикор пулро нагирифт, ки ҳоло корро буд накардаам.
Сарватманд гуфт: Шумо кори маро буд кардед, он чи мехостам ба мақсадам расидам, ин ҳаққи ҳалоли шумост, ана инаш закоти моли ман ва халтаи пулро ки 25000 сомонӣ буд аз кисааш бароварда ба дасти ӯ дод.
Мард ҳайрон шуду пурсид: Шумо ҳам аз шукронагӯӣ манфиате дидаед?
Сарватманд гуфт: Бале, пеш аз саршавии барномаи «Ахбор», ман аз шунидани калимаҳои шукрона, ки аз забони ширину гуворои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон садо медиҳад, ашки шодӣ мерезам ва ҳамеша аз он шукргузорам, ки миллати мо сарвари арзандае ба худ ёфт, ки моро аз вартаи ҳалокат раҳоӣ бахшид.
Мардикор гуфт: Рост мегӯӣ, вақте мешунидам, ки дар давлати Ливиё аскари қаторӣ 1000 доллар, ҳамшираи тиббӣ 2000 доллар мегирифт ва мардум ҳаёти осоишта дошт, хаёл мекардам ҳама кори зиндагиро пулу мол ҳал мекунад, аммо ҳамагон шоҳиди он будем, ки аз ношукрӣ ва бепарвоӣ ин мардум ба чӣ авҳол гирифтор шуд.
Солҳои 1990 -1992 ношукрии мо низ бар намаки умр зиёд буд ва шукронаи он ки ақли солим бар нафси золим uолиб баромаду ватани мо ҳам тинҷу ором шуд. Имрӯз ҳама мардум зиндагии хубу осоиштае дорад.
Сарватманд пурсид: Чаро ту мардикорӣ мекунӣ?
Мардикор бо оҳи пурсӯз нақл кард: Замоне ман ҳам сарватманд будам. Ҳамсояам аз ман барои хонадор намудани фарзандаш 6000 доллар қарз гирифт. Азбаски камбағал буд, қарзамро баргардонида натавонист. Боигарии ман рӯз то рӯз зиёд мешуд, аммо ман соле ду- се маротиба қарзамро талаб менамудам.
Бо насиҳати дӯстонам, рӯзе моламро шумурдам, ки закоташ аз 6000 доллар зиёд шудааст. Ман шаш ҳазор долларро гирифта, ба хонаи ҳамсоя рафта дидам, ки зиндагии нохушу қашшоқе дорад, аммо бо умеди он пулам ба худам монад ва қарзи ҳамсоя ҳисобӣ шавад, пулро ба ӯ додаму гуфтам, ки ин закоти моли ман. Хурсандии зану фарзандонашро ҳаду канор набуд, чунки як фарзандаш бемор ва иди Рамазон наздик буд.
Ман лаҳзае бо эшон суҳбат намуда қарзамро талаб кардам, то ки аз ҳамон пули навакак додаам қарзамро гардонад.
Мард баъди лаҳзаи хомушӣ гуфт: Ҳамсоя Худованд давлатат зиёдтар шавад, шояд нисфашро гирию нисфи дигарашро то охири сол баргардонам. Мани пулмаст бехабар аз гардиши айём хестаму ӯро лату куб намуда, пуламро гирифта закоташро надодам ва ба ӯ муҳлат додам, ки пулро баргардонад. Бечора ҳамсоя хонаашро фурӯхту пули маро баргардонд ва аз деҳи мо баромада маро дуои бад карда рафт.
«Аз пурбағалӣ агар шикаст ҷоми касе,
Оҳи дили камбағал вале душвор аст.»
Баъди як сол ман ҳам ба ҳамин авҳол гирифтор шудам, даҳ сол аз байн гузашту ман худамро бахшида наметавонам, шабу рӯз тавба намуда бо ҳама неку бади зиндагӣ шукргузорӣ мекунам, аммо афсус…...
Ин буд қиссае аз кисаи гадои шукргузори ношукр, ки барои ҳар фарди худогоҳ дарси ибрат аст:
Ношукрӣ накун,ки оқибат хор шавӣ,
Аз бадгуҳарӣ ба бад гирифтор шавӣ,
Шукрона бикун он чи Худо дод туро,
З-он пеш ки дар ҳасрати ӯ зор шавӣ!
Мо бояд аз ин сулҳу ваҳдат, осмони софу беғубор, неъматҳои фаровоне, ки Худованд бароямон арзонӣ доштааст, ҳамеша шукргузор бошем. Зеро бузургон фармудаанд:
«Шукр гӯӣ неъматат афзун шавад,
В-ар нагӯӣ аз кафат берун шавад»
Таибзода Саидшоҳ Аюбӣ.

08.02.2020     1832
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php