САРАЗМ - НАХУСТИН ТАМАДДУНИ ШАҲРСОЗИИ ТОҶИКОН

Шаҳркадаи Саразм – яке аз ёдгориҳои қадимтарини давраи энеолит ва авали асри биринҷӣ Осиёи Миёна мебошад. Дар болооби Зарафшон чор ёдгорӣ ва якчанд нуқтае бо бозёфтҳои ба ҳама зинаҳои давраи биринҷӣ хос буда, ошкор шуд. Ин манбаъҳо маҳаллаи Саразм, қабри Зардча Халифа, қабристони Дашти Қозӣ, қабристони Чорбоғ ва ғайра мебошад. Масоҳати густариши ёдгориҳо ва бозёфтҳои номбурда то 14км қад ва 15-20км барро фаро гирифтааст. 31-июли соли 2010 Саразм ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии Юнеско дохил шудааст. Номгузории Саразм аз калимаи тоҷикии «сарзамин» ба вуҷуд омадааст. Барои илми бостоншиносӣ, умуман барои кули инсоният кашфи босишгоҳи Саразм бозёфти беназир будааст. Бояд таъкид кард, ки заҳматҳои нахусткашшофи Саразм Абдулло Исҳоқиро нимаи дуюми солҳои 70 саромад. Бо амри тасодуф пиронсоле як сокини маҳаллӣ бо насаби Тайлонов табарзин меёбад ва пас аз шаш соли андеша оқибат онро ба Исҳоқӣ медиҳад ва сири Саразм рушан мешавад. Акнун бахти археолог механдад ва ковишҳо шурӯъ мегарданд. Шаҳркадаи Саразм мсоҳат умумии 100 гегтарро дарбар мегирад. Шаҳри Саразм дорои қаср ва маъбад, маҳаллаҳо ва кӯчаҳо буд.

Барои халқи тоҷик бошад фахри беинтиҳо ва далели мӯътамад, ки решаҳои тоҷик то ба куҷо меравад. Пас метавон мудаъи шуд, ки маҳз мо тоҷикон ба ҷаҳон таммадун додаем ва оғози таммадун аз мулки тоҷик сарчашма мегирад. Солҳои аввалиомӯзиши Саразм ақидае роиҷ буд, ки гӯё Саразм аз теппачаҳои начандон калон ва деҳоти аз ҳам дурр мураттаб аст, ки ба давраи энеолит рост меояд. Вале тадқиқоту омӯзиш ва зери кишти зироатҳо собит кард, ки ин андеша ботил аст. Саразм шаҳр аст, на деҳот. Иқлими мусоид, шароити қулай, боду ҳавои соз мардуми нахустро дар Саразм сарҷамъ кард. Инчунин барои ба роҳ мондани саноати сабуку вазнин дастгоҳҳои бофандагӣ, сӯзанҳо аз сангу устухон, кӯзаву кӯзачаҳои сафолӣ, коркарди қурғошиму қалъагӣ, ки зарфҳо ва мӯҳр аз он омода мешуданд, аз мис олотҳои рӯзгор корд, табар, тир бар тақвияти суханҳои мо далеланд. Лекин бояд қайд кард, ки калонтарини бозёфти Саразм ин гӯри маликаи Саразм мебошад. Малика хеле ҷавон тахминан дар сини 25 солагӣ вафот мекунад. Аммо модар будани ӯ собит шудааст. Ба хок супоридани майит ҳам аҷиб мебошад. Ба он гунае, ки тифл дар батни модар ҷойгир мешавад, ба ҳамон гуна ӯро дафн мекардаанд. Кадом малика беороишот аст? Вале чун реҳлат кард, ҷавоҳиру ороишот ҳам ҳамроҳи соҳибаш ба хок мерафтааст. Яъне номгӯи ороишоти Малика ин муҷассамаи худи ӯ аз гил, гарданбанди тиллоӣ, шаббаххо аз фирӯзаву лоҷувард, оҳаксангу ақиқу нуқра. Аммо бино бар ривоятҳо арвоҳи маликаи Саразм баъзан – баъзан шабона дар Шаҳристон сайр мекунад. Инро ба кофтукобҳо рабт медиҳанд. Саразм чор давраи чандҳазорсолиро гузаронидааст. Аз руйи деворҳои пайдошуда шаҳр аз чор қабат иборат аст, ки фосила байни ҳар давра беш аз ҳазорсолист. Ва тавре мушоҳида мешавад аз як давра ба давраи дигар ишоратсозӣ модерн шудааст. Саразми бостон ба солҳои 3400-2000 п.м. мансуб аст. Саразмиёни бостон дар баробари барзгару ҳунарманд, тоҷиру меъморӣ замони хеш буданд, дар рушди маданияти маънавӣ низ саҳм мегузоранд. Ҳануз аз охири ҳазорсолаи IV пеш аз милод дар биноҳои маъмулие саразмиён бузургдошти оташро мебинем, ки баъдан яке аз рукнҳои динӣ Зардуштӣ мегардад.

Шуъбаи тарбия


11.11.2020     324
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php