Сар то қадамат оташи тобонӣ, Сада!

        Боиси ифтихор аст, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида , арҷгузорӣ ба ин маросимҳои ниёгон сол то сол зиёд шуда истодааст. Тавре ки аз сарчашмаҳои таърихӣ ва осори пурарзиши адибон ва донишмандони мо бармеояд, ҷашни Сада дар миёни ҷашнҳои дигари мардумӣ мақому манзалати махсус дорад, зеро ифодагари омодагӣ ба киштукори баҳорӣ мебошад.

Вожаи «сада» форсӣ буда, аз адади 100 гирифта шудааст. Дар забони паҳлавӣ он дар шакли «сат», «сатаг», «сазак» ва ё   «саз»    омада, арабҳо онро «сазак »ё «саадак» номидаанд .Сада чун дигар идҳои бостонӣ ҷашни миллӣ ба ҳисоб рафта, рамзи гармиву нур, ҷовидонии хуршеди тобон ва ҷаҳонороро таҷассум менамояд. Ниёгони мо панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзро то ҷашни Наврӯз ҳисоб карда, Садаро таҷлил мекарданд, яъне сада маросими омодагӣ ба Наврӯз мебошад, маҳз ин ду ҷашн бо ҳам алоқаи хеле зич дошта, ҷанбаи табиӣ ва таърихӣ доранд. Мардумон ҳангоми ба ҷо овардани суннатҳои ин ҷашн бо шодиву хушҳолӣ омадани баҳорро интизор мешаванд ва орзу менамоянд, ки аз баракати ҷашни Сада баҳори пурфайз насибашон гардад. Ҷашни Садаро ҳамчун падидаи кашфи оташ ва оташафрӯзӣ низ таҷлил мекарданд, ки Унсурӣ онро чунин овардааст:

Шаби Сада-ст, яке оташ баланд афрӯз,

Ҳақ аст мар Садаро бар ту,ҳаққи он бигузор.

Ҳамеша, то ки бувад зери маҳ замин гардон,

Чунон ки бар забари мост гунбади даввор

Инъикоси ин унсур дар эҷодиёти   гузаштагони мо   хеле барҷаста ба тасвир омада, қариб дар ашъори тамоми шоирони гузаштаю муосир назаррас аст , ки Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» -и безавол роҷеъ ба таърихи ҷашни Сада ба таври моҳирона чунин менигорад:

Ба ҳар барзане ҷашнгоҳи Сада,

Ҳама гирд бар гирдаш оташкада.

        Сада ҷашни деҳқонону кишоварзон буда , дар байни мардумони ориёитабор бо хусусиятҳои мардумиаш маҳбубияти махсусеро доро мебошад. Шоири мумтоз Фаррухӣ Садаро муждаи наврӯзӣ номидааст:

Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз,

Мужда бипзиру бидеҳ хилъату кораш ба тироз.

Сада дар гузашта ҷашни бошукӯҳе буд, ки шоҳони бостон дар баробари он арҷгузорӣ менамуданд.

Қобили қайд аст, ки тасвири ҷашни Сада аз нигоҳи шоирони муосир ҳам дур намондааст . Чунончи, дар ашъори Мирзо Турсунзода, Бозор Собир, Лоиқ, Гулназар , Гулрухсор , Камол Насрулло ва дигарон дар шакли шеър, рубоӣ, дубайтӣ тараннум гардида, намунаеро аз осори манзуми Камол Насрулло манзур менамоем:

Наврӯзу Сада ҷашни ниёкони мананд,

Ойинаи фазлу хайру эҳсони мананд .

Гар миллати ман ҳазор солон зинда-ст,

З-ин рӯст, ки инҳо сипари ҷони мананд.

 

        Хурсандибахш аст,ки дар даврони Истиқлолият бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз анъанаҳои миллӣ дар зиндагии маънавии мардумон ҷой ва мақоми арзандаероро гирифта истодаанд, ки таҷлил аз Наврӯз, Сада,Меҳргон далели ин гуфта мебошад .Оид ба ҷойгоҳи ҷашнҳои мазкур ва нақши онҳо дар   ҳаёти мардуми мо олимон , фолклоршиносон ва мардумшиносон таҳқиқотҳои арзишманд ва назаррас анҷом додаанд.

        Мусаллам аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ(22.12.2017) чунин таъкид намудаанд: «Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст.Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқи маънавияти созанда хизмат кардаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд».

       Гузаштагони мо ҷашни Садаро ҳамчун падидаи кашфи оташ низ таҷлил мекарданд. Маҳз сабабу ситоиши ин ҷашн дар ашъори шоирону адибони маъруфи гузаштаю имрӯзаи мо низ аз ҳамин иборат мебошад:

     

  Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

       Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

       К-аз обод кардан ҷаҳон шод кард,

        Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯ ёд кард.

     Ҷашни Сада барои эҳтиром гузоштан ба хуршед ва оташу рушноӣ асос гузошт ва боиси он гардид, ки дар гузашта ба ин муқаддасот эътиқод пайдо намоянд ва онҳоро ситоиш кунанд.Ҷашни Садаро дар даҳумин рӯзи моҳи баҳман ( баробари 30 рӯз) баргузор мекарданд, ки аз зимистон сад рӯз (обон, озар, дай ва даҳ рӯзи баҳман) мегузашт.

        Абурайҳони Берунӣ дар «ат-Тафҳим » доир ба ин ҷашн чунин ишора намудааст: « Сада чист? Обонрӯз аст аз баҳманмоҳ. Ва он даҳум рӯз бувад .Ва андар шабаш,ки миёни рӯзи даҳум аст ва миёни рӯзи ёздаҳум оташҳо зананд ба гавзу (чормағз) бодом ва гирд бар гирди он шароб хӯранд ва лаъб(бозӣ)-у шодӣ кунанд. Ва низ гурӯҳе аз он бигузаранд, то ба сӯзонидани ҷонварон. Ва аммо сабаби номаш чунин аст, ки аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ шаб…» (Ат-тафҳим,Ю 1973,с.145).

         

Равшанӣ бар осмон з-ин оташи ҷашни Сада,

          К-аз сарои Хоҷа то гардун ҳаме ҳамсар шавад .

          Оташе кардаст Хоҷа, к-аз фаровон муъҷизот,

          Ҳар замон дигар ниҳоде гираду дигар шавад

Пас, маросимҳои мавсимӣ дар мисоли ҷашни Сада мардумонро ба амалҳои хубу писандида, яъне ба ҳам сухани нек гуфтан, ҳамдигарро эҳтиром намудан, ба қадри якдигар расидан, умри хуш гузаронидан, пос доштани неъматҳои пурарзиши ҳаёт ва иқдомоти нек дигар даъват намудаанд, ки ҷавҳари асосии ҷашни Сада саршор аз ҷанбаҳои инсонпарварӣ ва дӯстию рафоқат аст.

Хоҳам ҳамагонӣ бод ин ҷашни Сада,

Пайванди амонӣ бод ин ҷашни Сада.

Мақсуди Сада на сӯхтан, сохтан аст,

Ҷовиду ҷаҳонӣ бод ин ҷашни Сада!

 

Суфиева Г.А.-омӯзгори калони кафедраи забони тоҷикӣ


29.01.2021     303
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php