Сада- ифодакунандаи таърих ва тамаддуни мардуми ориёитабор

Бо шукригузорӣ аз истиқлолияти комили давлатӣ ва фазои ороми кишвар миллати куҳанбунёди тоҷик ҷашнҳои миллии аз ниёгон ба меросмондаро аз нав эҳё намуда, ҷашн гирифта истодаанд. Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон дар таърих ва тамаддуни умумибашари нақши арзанда гузоштаанд. Боиси ифтихор аст, ки Пешвои муаззами миллат ба ҷашнҳои миллии тоҷикон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда ин ҷашнҳои миллӣ сол аз сол таровати тоза ба худ зам мекунанд. Ҳақ бар ҷониби Фирдавсии бузург, ки фармудаанд:

Ниёгони мо номдорон буданд,

Ба даҳр андарун тоҷидорон буданд.

Набардоштанд бар касе саркашӣ,

Ба тезиву тундиву бедониши.

Доир ба яке аз чашнхои кадимтарини халки точик чашни Сада донишмандону олимон маълумотхои арзишманд додаанд, вале ин чашн махсусан  мавриди  омузиши  тадкикотчиён  карор наёфтааст ва то хануз бисёр пахлухои он норавшан мондаанд. Масалан яке аз аввалин мухакикони чашнхои таквими А.Э. Неъмати навиштааст, ки чашни Сада бо чашнхои мардуми Бадахшон «рачбед» ва «гамунд», ки харду маънои «кулбакаши»-ро доранд айният доранд. Ин чашнхо огози маросими чуфтбарори хастанд ва бевосита дар фасли бахор кайд карда мешаванду бо Сада ягон иртиботе надоранд. Сада  бо парастиши хуршед бо яке аз мархилахои чашни наврузи дар Бадахшон, ки «Хирпичор»  ном дорад иртибот дорад. Масъалаи зикришуда то кунун равшану возех муайян нашудааст. Дар бораи пайдоиши чашни Сада назархо гуногун мебошанд. Донишмандони асримиёнагии  форсу точик М. Наршахи, А. Фирдавси, А. Беруни, А. Байхаки, Фарухи, Манучехри ва дигарон кайд кардаанд, ки чашни Сада дар замони кадим тибки таквими шамсии эрониёни кадим  дар рузи дахуми бахмая кайд карда мешуд. Пайдоиши ин чашнро ба замони Пешдодиёну Каёниён ба кашфи оташ аз тарафи Хушанг ва голиб омадани Фариддун бар Захок марбут медонанд. Яке аз донишмандони машхури Эрон Хушангпури Карим кайд кардааст, ки хурмати оташ бояд албата пеш аз зухури Зардушт дар Эрони кухан маъмул буда бошад, ки чашни Сада низ зохиран ба хамин муносибат баргузор мешудааст, вале баъдтар оташро «Киблаи Зардушт» ва ё оташи Зардушт донистанд. Шояд пайдоиши чашни Сада кабл аз пайдоиши оташ аст ва таърихи пайдоиши  ин чашн ба парастиши хуршед алокаманди дошта бошад, чунон ки дар китоби «Нигохе ба таърих ва тамаддуни ориёи»-и Пешвои миллат мухтрам Эмомалӣ Рахмон омадааст: «Бар зидди торики ва хар гуна куввахои зишту бад озар ё хуршед чун унсури тавоно мукаддас дониста мешуд нисбати хамин аст, ки хуршед дар миёни кавмхои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст». Олимони точик Рахмонзода ва Равшан Рахмони ба масъалаи пайдоиши чашни Сада равшани андохта кайд кардаанд, ки ба хар сурат пайдоиши чашни Сада устурахои марбут ба он ба масъалаи тачасуми рушнои ва оташ вобаста мебошад ва аз тахавули ташаккули кавмхои ориёи дарак медиханд, ки онхо ин чашнро аз ачдодон гирифтаанд ва баъдан онро то рузгори мо расонидаанд. Ба хамагон маълум аст, ки махз ба воситаи хуршед тамоми мавчудоти олам зинда аст ва харакат мекунад. Таърихи нишонахои пайдоиши чашни Сада, ки марбут ба хуршед ва тимсоли он оташ мебошад хеле кадими буда ба замони пеш аз ориёи ва хатто аз он хам дуртар мерасад.

Дар Бадахшон даромади офтоб ба мард ба 2 феврал рост меояд. Тибки хисоби онхо чилаи зимистон 28-29 январ ва 3 руз баъди он хисоб карда намешавад, зеро ки офтоб дар тули ин се руз дар холати ба пахлу гузаштан аст. Дар дехахои поёнии води Язгулом ин ид дар рузхои 27-28- уми январ ва дар дехахои болои ин води 21 руз баъдтар кайд карда мешавад. Иди хирпичор як шабонаруз аз нисфирузи рузи охирини чилаи калони зимистон то тулуи офтоб дар рузи якуми чилаи хурди зимистон давом мекунад. Дар Язгулом чилаи зимистонро дузах меноманд ва агар он хотима меёфт онхо мегуфтанд, ки аз дузах начот ёфтем. Мохияти хастии ичтимоии ин ид низ дар хамин аст. Азбаски дар Язгулом барвакттар гарм мешавад тамоми расмхои оинхои Наврузи пок сохтани хона ва гайраро дар хамин ид ба чо меоранд ба он хотир ки офтоб ба мард расид. Мехмончии офтоб гуфта хар гунна таомхоро тайёр мекарданд.

Дар  рушди маънавиёти чомеи одату чашнхои сунати: Сада, Навруз ва Мехргон, ки мувофики таквими эрони баргузор карда мешуданд, накши муассир доштанд. Чашнхои мазкур рузгори хамешаги, фалсафаи хаёт, афкору чахонбини,  чахоншиноси ва хислатхои равонии чомеаи Эрони сосониро тачассум карда, хар яке дар мавсимхои дигар гуншавии табиат, ки ба зиндагии созандаи кишоварзон иртибот дорад, чашн гирифта мешуд. Навруз рузи нав, яъне фарорасии соли нав, ки дар рузи авали мохи фарвардин мутобик ба 21-22 март, мехргон мавсими чамъовари хосил, мутобик ба рузхои 16-21 –и мехрмох мутобик ба рузхои 23-юми сентябр 22-юми октябр ва нихоят Сада  мавсими омодаги ба киштукор, ки дар рузи дахуми бахманмох, мутобик ба 30-31 уми январ доир шуда, бо хусусиятхои аз хам фарккунанда, бо суруру нишот ва шодмони чашн гирифта мешуд.

Шуъбаи тарбия


01.02.2021     920
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php