Рушди маориф дар Тоҷикистон

Маориф дар Тоҷикистон - яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

      Тоҷикон яке аз мардумони қадими Осиёи Марказӣ мебошанд, ки фарҳанги бостонӣ ва муассисаҳои таълиму тарбияи дар замони қадим ва ибтидои асрҳои миёна ташаккулёфта (дабистон, дабиристон ва ғайра) доштанд. Дар асрҳои миёна ин низоми таълиму тарбия дар шакли мактабу мадрасаҳо, ки барои омӯзонидани шариати ислом ва дигар улуми мутадовилаи вақт роиҷ буд, амал менамуданд. Дар мактабҳо таълими ибтидоӣ ва дар мадрасаҳо таълими миёна ва олӣ марсум буд.

     Аз рӯзи аввали барпо гардидани сохти нав дар ин сарзамин ба масъалаи маориф ва низоми таълиму тарбия диққати махсус дода мешуд ва дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ораванд шакл ва мазмуни тоза касб намуд. Дар соҳаи маориф муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омаданд, ки онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд. Сарфи назар аз мураккабиҳо ва мушкилоти замони гузариш Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро ҳамчун соҳаи афзалиятноки кишвар зери назар ва пуштибонии худ қарор дод. Дар ин муддат барои ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 400 санади меъёрии ҳуқуқӣ таҷдиди назар, таҳия ва тасдиқ гардиданд. Дар ин давра бори сеюм аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо тағйироту иловаҳо аз нав таҳия мешавад. Дар баробари ин, барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот қонунҳои алоҳидаи соҳавӣ таҳия гардидаанд.

      Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон низомномаҳои ҳамаи намудҳои мактабҳои таҳсилоти умумиро вобаста ба талаботи замони нав таҷдиди назар намуд. Ҳамаи ин ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди амалӣ сохтани ислоҳоти куллии соҳаи маориф ва таъмини пешрафти соҳа дар давраи гузариш гаштанд ва барои такмилу таҳкими соҳаи маориф шароиту имконият фароҳам оварданд. Вазъи мактаб дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт. Нақши мактаб ҳамчун манбаи мустақили фарҳангу маданияти миллӣ васеъ гардид. Афзоиши маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ дар солҳои истиқлолият назаррас буда, қисмати асосии маблағҳои барои соҳа ҷудогардида маҳз ба ин зинаи таҳсилот сарф карда мешавад. Сохтмони мактабҳои замонавӣ афзоиш ёфт. Шумораи мактаб-интернатҳо ҳам зиёд гардид. Тамоми муассисаҳои таълимӣ бо техника ва технологияи нав муҷаҳҳаз гардонида шуданд.

     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми имсолаи хеш дар самти сиёсати иҷтимоии кишвар таъкид намуданд, ки: “Дар панҷ соли оянда фаъолияти Ҳукумат ба баланд бардоштани сифати рушди неруи инсонӣ нигаронида шуда, ба масъалаҳои илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, муҳити зист ва шуғл диққати ҷиддӣ дода мешавад ва дар натиҷаи амалӣ гардидани чунин тадбирҳо Тоҷикистон дорои сатҳи баланди рушди инсонӣ мегардад”.

     Пешвои миллат дар Паёмҳои хеш аз хусуси таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар ва ба анъанаҳои неки гузаштагон сазовору содиқ, ба меъёрҳои ҷаҳонӣ наздик гардондани низоми таълим низ таъкид ба амал меоваранд. Дар ин маврид дар Паёми имсолаи хеш иброз намуданд, ки: “Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад. Ҳарчанд ки дар ин самт натиҷаҳои муайян ба даст омадаанд, вале онҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд. Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосирро тарбия намоем”.

       Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино низ бо дарки масъулият баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вобаста ба беҳтар намудани сатҳу сифати раванди таълиму тарбия дар макотиби олии кишвар, аз тамоми имконоти маҷуда босамар истифода менамояд. Ҷаҳонишавии таҳсилоти миллӣ, ҷараёни рушди илм ва талаботи имрўза ба раванди таҳсилотро ба назар гирифта, раёсати донишгоҳ ба мукаммал намудани барномаҳои таълимӣ тибқи стандартҳои муосири давлативу байналмилалӣ, ҷорӣ намудани технологияи навини омӯзиш ва баҳогузорӣ, инкишофи шахсиву касбии ҳар як корманд, рушди корҳои илмиву инноватсионӣ ва татбиқи мукаммалкунии пояи моддӣ-техникии донишгоҳ, роҳандозӣ намудани усулҳои банақшагирии стратегӣ ва идоракунии системавӣ аҳамияти бештар дода, самтҳои афзалиятнокро дар фаъолияти донишгоҳ муайян намудааст. Вазифаҳои стратегии донишгоҳ маҳз ба сифатан беҳтар намудани ҷараёни таҳсилот равона гардида, барои инкишофи малакаву маҳорати касбӣ, қобилияти зеҳнию фарҳангӣ ва ташаккули худшиносии миллии донишҷӯён диққати махсус дода мешавад. Дар донишгоҳ раванди таълим аз рўйи 5 Стандарти ихтисоси таҳсилоти олии касбии ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқкунонидашуда ба роҳ монда шуда, таҳсил бо 3 забон – забони давлатӣ, забони русӣ ва англисӣ сурат мегирад. Таҳсилот дар Донишгоҳи тиббӣ тибқи низоми таҳсилоти анъанавӣ ва низоми муосири таълимӣ – системаи модулӣ-кредитӣ амалӣ мегардад.

    Имрӯз хатмкардагони донишгоҳ дар зиёда аз 43 давлатҳои хориҷӣ босамар кору фаъолият карда, обрӯю нуфузи ватану миллати азизи моро афзун мегардонанд.

     Бо ифтихор метавон гуфт, ки ҳоло аҳли маориф ва ҷомеаи кишвар бо дастгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар, ба масъалаи сифати таълиму тарбия диққати ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани маърифатнокию ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандии хеш саҳми арзанда мегузоранд.

 

 

З. Турсунова, мутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


06.07.2020     7032
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php