Рухшона Ҷамолова: “Барои фаъолияти илмии олимони ҷавон тамоми шароитҳо таъмин гаштаанд”

Ҳамасола конфронси илмии солонаи олимони ҷавон ва донишҷӯёни донишгоҳ теъдоди зиёди муҳаққиқони ҷавони соҳаи тибро ба ҳам оварда, он ба майдони ҳақиқии баҳсу андешаҳои тозаи илмӣ табдил меёбад. Хушбахтона имсол низ ҳамоиши мазкур бо омодагиҳои зиёде ба кори худ оғоз менамояд. Дар арафаи конфронси мазкур мо бо мудири шуъбаи илм ва инноватсияи донишгоҳ, н.и.т., дотсент Рухшона Ҷалолидиновна Ҷамолова ҳамсуҳбат гашта, оид ба ин самти муҳими фаъолияти донишгоҳ ва саҳми олимони ҷавон дар пешбурди корҳои илмӣ- тадқиқотӣ бо чанд савол муроҷиат намудем, ки муҳтавои ин суҳбатро манзури шумо мегардонем:
-Рухшона Ҷалолидиновна, мехостем дар аввал вазъи корҳои илмӣ-тадқиқотиро дар донишгоҳ дар давоми як соли сипаришуда ба таври мухтасар шарҳ медодед.
- Дар вохӯрӣ бо олимони кишвар, ки 18 марти соли ҷорӣ баргузор гашт, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр масъалаҳои вобаста ба рушди илму инноватсияро мариди таҳлили ҷиддӣ қарор дода аз ҷумла қайд намуданд, ки “бе мавҷудияти озмоишгоҳҳои муҷаҳҳазу замонавӣ, пояи устувори моддиву техникӣ ва кадрӣ пешрафти илмҳои техникиву табиӣ ва хусусан, илмҳои таҷрибавӣ (эксперименталӣ) ғайриимкон аст”. Хурсандибахш аст, ки тавассути талошу кӯшишҳои роҳбарияти донишгоҳ дар муассисаи таълимии мо солҳои охир шароиту имкониятҳо барои фаъолияти пурсамари илмии олимону муҳаққиқон, махсусан олимони ҷавон хеле беҳтар гашта, рушди босуботи ин самти муҳими фаъолияти донишгоҳ то андозае таъмин гаштааст. Давоми соли гузашта корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар донишгоҳ аз рӯи 14 лоиҳа бо назардошти самтҳои афзалиятнок ба роҳ монда шуда, тибқи корҳои анҷомдодашуда 97 мақола, 219 фишурдаи илмӣ ба чоп расонида, 1 пешниҳоди навоварӣ ва 4 патент ба қайд гирифта шуд. Натиҷаҳои ба дастовардаи олимони донишгоҳ гувоҳи татбиқи самараноки лоиҳаҳои аз ҷониби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда мебошанд. Барои иҷрои лоиҳаҳои номбурда 373915 сомонӣ пешбинӣ шуда буд, ки соли 2019 азхудкунии ин маблағҳо 83,89% - ро ташкил дод. Азхудкунии маблағҳои лоиҳаҳои илмӣ нисбат ба соли 2018 6,99% зиёд шудааст.
Бояд қайд кард, ки донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ якчанд грантҳоро низ амалӣ менамояд. Соли 2019 ҳамагӣ ду лоиҳаи грантӣ дар мавзӯи “Қавигардонии ташхис, тибби озмоишгоҳӣ ва тадқиқоти саҳроӣ -бактерияҳои ниҳоят хатарнок Bacillus anthracis ва Francisella tularensis дар Тоҷикистон” ба маблағи 7796 Евро аз ҳисоби гранти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Федералии Олмон амалӣ карда мешуд, ки муҳлати он ба охир расид. Инчунин лоиҳаи грантӣ дар мавзӯи “Диабети қанди гестатсионӣ дар Осиёи Марказӣ” ба маблағи 103370 Евро аз ҳисоби лоиҳаи Вазорати илми Олмон (Донишгоҳи Людвиг Максимилиани Мюнхен) амалӣ карда мешуд ва мӯҳлати он низ ба охир расид.
Лоиҳаи «CHILDCARE» бо буҷаи умумии 59828сомонӣ аз ҷониби Барномаи Erasmus Plus (Италия, Олмон, Лаҳистон)тасдиқ шудааст, ки мӯҳлати амалишавии лоиҳа то декабри соли 2021 пешбинӣ шудааст.
-Дар самти омода намудани кадрҳои ҷавони илмӣ донишгоҳ ба чӣ дастовардҳо ноил гаштааст?
-Омода намудани кадрҳои илмӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино буда, тайёр намудани кадрҳои илмӣ тибқи барномаи аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос (PhD), докторантура ва унвонҷӯи дараҷаи илмии номзадӣ ва докторӣ ба роҳ монда шудааст. Инчунин, аз соли 2015 тибқи Барномаи докторантура аз руи ихтисос омода намудани кадрҳои илмӣ ба роҳ монда шудааст. Дар соли 2019 8 нақшаи таълимӣ барои зиннаи магистратура ва 8 нақшаи таълимӣ барои докторантура аз рӯи ихтисоси PhD таҳия ва аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Дар соли 2019 теъдоди умумии довталабони дараҷаҳои илмӣ бо магистрантон 216 нафарро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2018 30 нафар зиёд мебошад. Бояд қайд кард, ки теъдоди унвонҷӯёни номзадӣ (10нафар) ва докторӣ (3 нафар) дар соли 2019 нисбат ба соли гузашта 13 нафар зиёд гардид. Миқдори аспирантон, унвонҷӯён ва докторантон аз рӯи ихтисос аз ҳисоби хатмкардаҳои соли 2019 55 ва қабулшудагон 78 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин бармеояд, ки қабули довталабони дараҷаҳои илмӣ дар соли 2019 нисбат ба соли 2018 21 нафар зиёд шудааст.
-Алҳол дар донишгоҳ чанд шӯрои диссертатсионӣ амал менасмояд?
-Дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино 7 Шӯрои диссертатсионӣ фаъолият менамоянд, аз инҳо як Шӯро - Д 737.005.01 дар назди Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ва чор тои дигар дар дар назди Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд. Давоми соли 2019 дар Шӯрои диссертатсионии Д 737.005.01, ки аз рӯи ихтисосҳои 14.01.12 – саратоншиносӣ, 14.01.17 – ҷарроҳӣ, 14.01.19 – ҷарроҳии кӯдакона иҷозаи ҳимоя дорад, 10 рисолаи номзадӣ ва 1 рисолаи докторӣ ҳимоя гардид.
Дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-010 КОА назди Президенти ҶТ 5 рисолаи номзадӣ ва 1 рисолаи докторӣ , дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-025 9 рисолаи номзадӣ ва 2 рисолаи докторӣ, дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-038 12 рисолаи номзадӣ ва дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-048 КОА назди Президенти ҶТ 2 рисолаи номзадӣ ҳимоя гардид.
Дар маҷмуъ, дар соли 2019 таҳти роҳбарии олимони донишгоҳ 46 рисолаи илмӣ, аз он ҷумла 41 рисолаи номзадӣ ва 5 рисолаи илмии докторӣ ҳимоя гардидааст, ки нисбат ба соли 2018 (дар соли 2018 - 34 рисолаи номзадӣ, рисолаи докторӣ - 5) 6 адад зиёд мебошад.
-Фаъолияти ихтироъкорӣ ва ратсионализаториро дар донишгоҳ чӣ гуна баҳогузорӣ намудан мумкин аст?
-Ихтироъкориву ратсионализаторӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти олимони донишгоҳ муайян гардида, дар соли гузашта 26 ихтироот ва 63 пешниҳоди ратсионализаторӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ихтироот нисбат ба соли гузашта мутаносибан 4 адад ё 18,2% зиёд ва пешниҳоди ратсионализаторӣ 2 адад ё 3,2 % кам мебошад.
Таҳлили ихтироотҳои олимони ДДТТ ба номи Абуалӣ Ибни Сино дар соли 2019 нишон медиҳад, ки онҳо ба таҳияи усулҳои нави ташхис, пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятию ғайрисироятӣ, солимии репродуктивӣ ва таҳияву коркарди доруҳои ватанӣ бахшида шуда, дар оянда барои боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ, ки самти афзалиятноки Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2020 ба ҳисоб меравад, мусоидат хоҳанд намуд.
Дар соли 2019 миқдори умумии таълифоти илмӣ 2304 (мақолаи илмӣ – 1150, фишурда – 1154) ададро ташкил дод. Аз 1150 мақолаи илмии нашр гардида, 351 тои он дар маҷаллаҳои илмии тақризшаванда, ки дар феҳристи маҷаллаҳои КОА номнавис аст, ба табъ расонида шудааст, ки ин нисбат ба соли 2018 49 адад ё 16,2 фоиз зиёд мебошад.
-Иштироки олимони ҷавони донишгоҳ дар чорабиниҳои илмиии дохилию хориҷӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?
-Чун солҳои пешин дар соли 2019 низ кормандон ва муҳассилини донишгоҳ пайваста дар чорабиниҳои илмии ватаниву хориҷӣ ширкат варзида, натиҷаи корҳои илмии тадқиқотиашонро пешниҳод намуданд. Дар соли гузашта 33 корманд ва муҳассилини донишгоҳ дар якчанд чорабиниҳои илмии бонуфузи минтақаҳои Аврупову Осиё ширкат варзиданд.
Дар ин давра ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо ҶММ “Китобхонаи илмии электронӣ” шартнома ба имзо расонид. Китобхонаи илмии электронӣ доранда ва соҳибҳуқуқи захираи мутамарказонидаи иттилоотии илмӣ дар шабакаи Интернет, аз ҷумла Индекси россиягии иқтибосгирии илмӣ (ИРИИ) ба ҳисоб меравад. Шартнома бо мақсади ба махзани Индекси россиягии иқтибосгирии илмӣ ворид намудани маҷмӯаи маводи конференсияи илмӣ-амалии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино имзо шудааст, ки эътибори конференсияҳои баргузоршуда ва ҳам индекси иқтибоси иштирокчиёни онро баланд мебардорад. 3 декабри соли сипаришуда 3 ҷилд маводҳои конференсияи илмии солонаиолимони донишгоҳ ба ин ташкилот фиристонида шуданд ва корҳо дар ин самт идома доранд. Дар маҷмӯъ, дар соли 2019 олимони донишгоҳ дар бештар аз 25 чорабиниҳои илмии хориҷӣ иштирок намуданд.
Дар соли 2019 2 нафар корманд Бораҷабова Нозирабегим ва Ҷаборова Соҳиба ва 1 нафар донишҷӯ Манижаи Холмурод – бо дипломи иштирокчии универсиадаи патентии Авроосиё “Нигоҳ ба оянда” мукофотанида шудаанд. Инчунин корманди ОМИТ Маҳкамова Биҳомида ғолиби озмуни АИҶТ аз руи номинатсияи “Зиёдтарин патент барои ихтироот” шуданд. Ассистенти кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносӣ Раҳимова Робия Набиевна барои ихтирои маводи зидди паразитарӣ бо медали нуқрагини Форуми занҳои ихтироъкори ҷаҳон, ки 26 июн дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардид, сарфароз гардонида шуд.
-Олимони ҷавон дар ин раванди пурҷӯшу хурӯши корҳои илмӣ то чӣ андоза саҳмгузоранд?
-Тибқи талаботҳои муосири стандартҳои давлатии таҳсилот ва системаи таҳсилотии олии байналмилалӣ муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ уҳдадор мебошанд, ки дар баробари таъмини ҷараёни таълим, инчунин баҳри фаъолияти илмиву эҷодии донишҷӯён шароити мусоид фароҳам оранд.
Бояд гуфт, ки роҳбарияти ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино баҳри омода намудани кадрҳои салоҳиятноки дорои малакаву истеъдодҳои муосир чораҳои мушаххас меандешад. Фаъолияти илмиву эҷодии донишҷӯёнро дар донишгоҳ Ҷамъияти илмии ҷавонон ҳамоҳанг месозад. Дар назди кафедраҳои донишгоҳӣ 50 маҳфилҳои илмӣ фаъол мебошанд, ки донишҷӯён ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҷалб карда мешаванд. Корҳои илмӣ-тадқиқотии донишҷӯён дар доираи лоиҳаҳои илмии кафедраҳо сурат мегирад.
Дар баробари маҳфилҳои илмии наздикафедравӣ, инчунин маҳфили «ҷарроҳони ҷавон», маҳфили «Инноватсия», Мактаби муҳаққиқони ҷавон ва Мактаби тобистонаи илмӣ фаъолияти самаранок доранд, ки дар баланд бардоштани потенсиали фикрониву эҷодӣ ва омӯзиши малакаҳои касбӣ барои донишҷӯён нақши калидӣ мебзанд.
Қобили зикр аст, ки роҳбарияти донишгоҳ баҳри татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷудо кардани грантҳои хурд ҷиҳати ҷалби донишҷӯён ба таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва кашфиёту ихтироъкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тадбирҳои муассирро амалӣ менамояд. Аз ҷумла, дар давоми ду соли охир дар Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотии донишгоҳ 7 лоиҳаи хурд бо иштироки донишҷӯён анҷом дода шуд. Лоиҳаҳо ба пуррагӣ аз ҷониби маблағҳои донишгоҳӣ пардохт гардида, маводҳои эксприменталӣ ба пуррагӣ дастрас карда шуданд.
Ҳамасола, дар бахши ҷарроҳии эксприменталии Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ аъзои маҳфили «ҷарроҳони ҷавон» бештар аз 250 амалиётҳои ҷарроҳии тадқиқотӣ-омӯзиширо дар харгӯш ва қурбоққа анҷом медиҳанд.
Дар маҷмуъ, ҳамасола 7-10 лоиҳаи илмии донишҷӯён таҳти роҳбарии илмии олимони донишгоҳ таҳия ва татбиқ карда мешавад, ки баҳри баланд бардоштани маҳорати эҷодиву ихтироъкории донишҷӯён ва омӯзиши малакаҳои касбӣ нақши калидӣ мебозад.
-Ба олимони ҷавон чӣ маслиҳат медиҳед?
-Дар ин маврид мехоҳам як нуктаи муҳимеро, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар ба олимони ҷавон ишора намуданд, ёдовар шавам: “Ба олимони ҷавон муроҷиат карда, онҳоро даъват менамоям, ки ҳар як сарчашмаро шахсан мутолиа кунанд, бо тарзи таҳқиқи олимони дигар шинос шаванд ва баъдан хулосаҳои илмии худро дар рисолаҳояшон ҷамъбаст намоянд.” Ин дастури Пешвои муаззами миллат бешубҳа дар назди олимони ҷавони мо вазифаҳои азимро пеш мегузорад. Онҳо як чизро набояд фаромӯш созанд, ки барои ба дунёи пурсрори илм ворид гаштан ҳанӯз аз давраи донишҷӯӣ омодагӣ бояд гирифт. Зеро қадамҳои аввал барои муваффақиятҳои оянда калиди асосӣ маҳсуб меёбанд. Барои ин бояд олими ҷавон бо ёрии устодони варзида самти мушаххаси фаъолияти илмии худро муайян намуда, аз имкониятҳои фаровон, таҷриба ва дониши қавии устодон ҳамарӯза ба таври пурсамар истифода намояд. Шоҳроҳи илм пасту баландиҳои зиёд дорад ва аз ин хотир, дар ҳама лаҳзаҳои мушкил сабурию қаноатпешагиро мароми зиндагии худ қарор бояд дод.
Мусоҳиб М.Мазиёев

24.04.2020     327
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php