ПЕШГИРӢ ВА ТАБОБАТИ КОРОНАВИРУС

Аз руи таҳлили олимони Россия, вақте, ки вирус дар ҳуҷайраҳои эпителии роҳҳои нафаси поёни дохил шуда таъсири худро мерасонад, дар ин мавзеъҳо илтиҳоби кимиёгӣ (Химический пневмонит), ба вуҷуд меояд. Ин бошад дар натиҷаи пайдо ва пур шудани алвиолаҳо бо кислотаи гиалурнови ташакул меёбад. Баъдан дар натиҷаи нарасидани оксиген дар ин мавзеъҳо (кислородное голадание) риштарагҳо танг шуда, дар онҳо тромб пайдо мегардад.
Усули асосии табобати раванди ин дигаргуниҳо аввал гелиотерапия пешниҳод шудааст. Баъдан давраи дувуми табобат бояд окис азотро истифода барем.
Усули дигари пешниҳодшуда ин бошад дар вақти пайдо шудани аломатҳои гипоксия беморро таъҷилан ба шуъбаҳои эҳёгари оварда ин улро истифода бурдан зарур аст, чунки ёрии саривақти дар ин ҳолат мо шушро аз осебёбии чуқур наҷот медиҳем. Чунки сабаби асоссии осеби шуш ин кислотаи гиалурнови, спазм ва пайдошавии тромб дониста шудааст. Дар КТ мо аломатҳо бо намуди “Матовое стекло” мебинем, ки ин аломати кислотаи гиалурнови дар алвиолаҳоро инъикос менамояд.
Пешгири. Албатта роҳи асосии эмин ёфтан аз COVID -19 ин пешгири мебошад.
Ҳар як шаҳрванд бояд донад, ки имрузҳо ӯ дар пеши халқи худ, ватани худ, давлати худ низ вазифадор аст, то ин ки мардуми худро ҷабран дар хатар нагузорад. Охир халқу халоиқи ҷаҳон ба пой хеста, ба душмани биологии инсоният, дар ҷанг аст, рӯзе, ки пандемия аз тарафи раси ТУТ эълон шуд ҳамон донед, ки ин ҷанг оғоз гардид. Пас дар ҳамин вақту замон мо ҳама таҳкиду талабҳои давлату ҳукумату халоиқро гӯш кунем бо воситаи роҳҳои пинҳони ба мамлакати ҳамсоя, ки дар он ҷо ин бемори вуҷуд дорад равуо накунем, дидаву дониста мардумро пеш аз ҳама худ ва пайвандони худро дар хатар нагузорем.
Давлату ҳукумат аз паси ҳар яки мо қаровул монда наметавонад, мо бояд вазъияти имрӯзаи ҷаҳонро ҷидди дарк намуда вазифаи граждании худро иҷро намоем, ин мушкил нест, барои ин бояд ин нишондодҳои оддитаринро иҷро намуд:
• Ба мамлакатҳое, ки COVID -19 вуҷуд дорад сафар накунед.
• Ҳар дафъа дасти худро бо собун шуед.
• Дар кӯча ва ҷойҳое, ки одамон гашту гузор мекунед, бо ниқоб гардед.
• Баҳудаву беҳуда ба ҷойҳои ҷамъияти ба он ҷойҳое, ки мардум ҷамъ омадаанд наравед.
• Дар ҳолати пайдо шудани аломати бемории ОРВИ аз хона набароед, худро аз аҳли оила ҷудо карда духтури оилавиро даъват намоед.
• Обро бисёр истеъмол намоем, онро ҳар лаҳза кам кам истифода баред, ки луоби даҳону гулу ба меъда раванд.
• Дар вақте, ки ба хона меоед, ҳамаи либосҳои рупушро аз он ҷумла попуширо дар балкон дар ҷои шамолрав гузорем, гулу ва даҳону биниро бо тарзи ғарғара бо маҳлули чойкаҳак, гули бобуна ва намак хуб чайқонед, то софу пок шудани оби истифодабурда.
• Ҳамаи маводҳои бо худ овардаатонро, аз ҷумлаи мева, сабзавот дар оби равон шуед.
• Дару тирезаи хонаҳоро ҳар руз якчан маротиб кушода нигоҳ доред, то ин ки боду ҳавои хона тоза ва ҳавои хона хушк бошад.
• Барои бардоштани масъунияти бадан махсусан бар калонсолон истеъмоли меваҳо, шарбат, шир бо асал ,лиму, хуришҳо, хоби бароҳат, хушҳоли муфид аст.
• Худро аз мондашави, гуруснагӣ, бехоби, хунукхури эҳтиёт намоед.
• Ҳамаи маҳсулотҳои хурокиро аз коркади гармидиҳи гузаронед.
• Саломи дастиро истифода набаред, ба мардум аз фосилаи 2 метр сухан гуед.
• Риояи гигенияи шахси ва ҷамъияти ҳатмист.
• Барои баланд бардоштани мсъунияти мавзеъи эпителияи бини ва роҳҳои нафас истеъмоли витамини А, Е. лизоцин ва С тавсия дода мешавад,.
Пешбини. Ҳаминро бояд қайд намуд, ки коронавирус дар муҳити гарм ва хушк фаълияти токсигениашро (инактиватция) гум мекунад. Чунки рупуши вирус аз ду қабат чарбу ва қабати сафедагӣ иборат мебошад, ки дар гарми мулом мегардад. Ончунон дар муҳити гарми ҳама хонаҳояшонро шамол медиҳанд, ва ҳаво дар як ҷо наистоди тез тез иваз мешавад, намноки рафта ҳаво хушк мешавад, ки ин вазъият ҳам вирусро бехонумон месозад. Ончунон роҳҳои гузариши вирус, ки асосан аз ҳавои қатрави иборат мебошанд, дар муҳити хушк ва гарм камсамар мегарданд. Ҳамин тавр вирус бояд дар мавсими гарми аз байн равад, чи тавре, ки шарикони аҷдодии ӯ ҷамъияти инсониятро тарк намуданд.
Мудири кафедраи эпидемиолгияи ДДТ ба номи Абуалӣ ибни Сино, д.и.т. Одинаев С.Н.

25.05.2020     874
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php