НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

“Мо дар якҷоягӣ гардани адовати шайтонро шикаста, ҳамдилу ҳамтан шудем ва барои эмин нигоҳ доштани давлати миллии тоҷикон талош намуда, бо иродаи комил, номуси ватандорӣ, хислати инсондўстонаи худ ба мақсади наҷибамон ноил гардидем”.        Эмомалӣ Раҳмон 

Соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди воқеӣ буд, ки баъди ҳазорҳо соли аз байн рафтани давлати абарқудрати Сомониён аз нав эҳё гардид. Таърих бори дигар шаҳодат медод, ки тоҷикон қадимтарин маскунони Осиёи Марказӣ буданд ва решаи тақдири онҳо аз пасту баландиҳои таърихӣ шикаста нагардидааст.

Ҳаёт собит менамояд, ки барои пойдории давлати навини тоҷикон ҳанӯз аз охирҳои асри XIX ва ибтидои асри XX фарзандони сарсупурдаи миллат Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва дигарон даст зада буданд, вале пушида нест, ки то ин дам дар ҳайати давлати дигар будани Тоҷикистон имконияти роҳи ҳалро намедод. Дар чунин як давраи ҳассосу тақдирсози таърихӣ пойдевори истиқлолияти кишвар гузошта шуд ва Тоҷикистон аввал ҷумҳурии худмухтор ва баъдан ҳамчун як давлати бузург – Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистӣ ташкил ёфт.

Ин фарзандони ватандуст вазифаи муқаддаси хешро дар назди Ватан ифо намуданд ва кишвари мероси ниёгонро аз нестшавӣ ҳифз намуданд.

9 – уми сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд. Баъди эълони истиқлолияти давлатӣ дар кишвар падидаҳои ҳақталошӣ ва кашмакашиҳои дохилӣ авҷ гирифтанд ва мамлакатро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ оварда расониданд. Мамлакатро бӯҳрони сиёсӣ фаро гирифта буд ва ҳатто баъзеҳо пешгӯи ҳам карда буданд, ки ин давлати навтаъсис дар мӯҳлати кӯтоҳтарин боз аз байн хоҳад рафт.

Иҷлосияи тақдирсози 16 –уми Шурои Олӣ имконият фароҳам овард, ки раванди сулҳи миёни тоҷикон барқарор гардад ва маҳз ин санаи муҳими таърихӣ ба ҷониби қувваҳои даргир хотима гузошт ва истиқлолияти воқеии Тоҷикистонро ҳифз намуд.

Ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ дар чунин шароити фавқуллода имконнопазир буд, чунки тамоми шохаҳои ҳокимиятдори дар ин давра фалаҷ гардиа буданд.

Олими варзидаи тоҷик Худобердӣ Холиқназаров вобаста ба мушкилоти гуфтушунидҳои байни тоҷикон, ҳифзи кишвар аз вартаи парокандагӣ ва ҷасорати фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон дар 40 моҳи музокироти байни тоҷикон ва эҳёи Тоҷикистони соҳибистиқлол хеле дақиқбинона нишон додааст.

- Баъд аз музокироти Кобул Иттиҳодияи  неруҳои мухолифини тоҷик дар таърихи 7 – уми декабри соли 1993 санади таърихии « «Пешниҳодҳо барои ҳалли мусолиматомези низоъи ҳарбию сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро ба вуҷуд оварда онро ба таври расмӣ пешниҳод намуданд. Тарафи Ҳукумат бошад агарчи аз рӯзи аввали барқарорӣ нияти оғози гуфтушунид бо мухолифини худро дошта буд, тасмими ниҳоии иштирок дар музокироти сулҳро танҳо дар моҳи марти соли 1994 гирифта буд .

Дар музокироти моҳи августи соли 1993 инчунин ҳукумати ҷумҳурӣ 5 масъалаи зеринро ба миён гузошта буд:

- Гуфтушунидҳои бисёрҷониба бо ҳукуматҳои Афғонистон, Эрон, Покистон, Арабистони Саудӣ ва дар ин масъала истифода бурдани кӯмакҳои Созмони Миллали Муттаҳид;

- Даст кашидан аз истифодаи қувва;

- Барои нигоҳдории оморӣ, ба сарҳади Афғонистон ҷалб намудани қувваҳои Созмони Миллали Муттаҳид;

- Ҳалли ҳама гуна масъалаҳо бевосита бо роҳи гуфтушуниди тарафҳо; 

Тарафи мухолифини тоҷик бошад чунин масъалаҳоро пешниҳод мекард:

- Ҳалли масъалаи гурезаҳо;

- Кафолати амният ва дахлнопазирии гурезаҳо;

- Авфи умум;

- Ноил гардидан ба ҳалли қувваҳои мусаллаҳи мухолифини тоҷик, ки дар хоки Афғонистон қарор доранд.

- Дар даври дуюми музокироти байни тоҷикон, ки дар таърихи 18 – 28 июни соли 1994 дар Теҳрон баргузор гардид бо имзои «Коммюникеи муштарак» ба анҷом расид ва дар пешбурди раванди музокирот муҳим буд. Аммо муҳимтар  аз он машварати Теҳрон, дар таърихи 12 – 17 сентябри соли 1994 ба шгумор меравад, ки дар  санади асосӣ «Созишнома дар бораи оташбаси муваққатӣ ва қатъи дигар амалиёти душманона дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дохили кишвар дар давраи гуфтушунид» ба имзо расид. 

- Даври сеюми музокирот аз таърихи 20 октябр то 1 ноябри соли 1994 дар Исломобод баргузор гардид ва  натиҷаи он назаррас буд. Дар ин давр «Протокол дар бораи комиссияи муштарак оид ба татбиқи Созишнома дар бораи оташбаси муваққатӣ ва қатъи дигар амалиёти душманона дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва дохили кишвар» ва «Коммюникеи муштарак оид ба натиҷаи даври сеюми гуфтушунид байни тоҷикон барои оштии миллӣ аз 1 ноябри соли 1994» ба имзо расиданд, ки мутобиқи замимаи он 27 нафар аз тарафдорони мухолифин, ки дар зиндонҳои ҳукуматӣ буданд, озод карда шуданд.

Яке аз солҳои бениҳоят душвор ва сарнавиштсози гуфтушунидҳо  соли 1995 буд, ки дар ин сол аввалин бор  музокироти сатҳи олӣ дар шаҳри Кобул баргузор гардид. Пеш аз сафар ба Афғонистон дар моҳи апрели соли 1995 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбати ихтисосиашон бо хабаргузории  «Интерфакс» дар бораи ҳадафҳои вохуриашон бо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ чунин иброз доштанд: «Ҳангоми вохӯрӣ бо роҳбари оппозитсиюн ман пеш аз ҳама мавзӯъҳоеро баррасӣ хоҳам намуд, ки ба ҳалли мусолиматомези қазияи Тоҷикистон иртибот дошта,  масъалаҳои оташбас ҳам дар сарҳад  ва ҳам дар дохили кишвар, баргашти  тамоми муҳоҷироне, ки ҳануз дар хоки Афғонистон ҳастанд  ва ҳамчунин дигар масъалаҳоро дарбар хоҳад гирифт. Мақсади ман расидан ба мусолиҳа бо оппозитсиюн мебошад, ки ин мусолиҳа бояд  бечунучаро аз ду тараф иҷро шавад» .

Дар натиҷа 27 –уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абдуллои Нурӣ, намояндаи махсуси Созмони Миллаи Мутаҳид Герд Меррем “Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон”  ба имзо расид. Ҳамин тавр, музокироти байни тоҷикон, ки баҳри ба даст овардани сулҳ ва ваҳдати миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ  равона гардида буд бо натиҷаи хуб ба анҷом расида буд.

Президенти мамлакат Эмомали Раҳмон дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятӣ, аз 13 октябри соли 1998 натиҷаи имзои ин созишномаи тақдирсози миллатро ба тариқи зерин қайд намуда буданд:

-    Тамоми ҳамватанони гурезаи мо, ки хоҳиши омадан доштанд, ба ватан баргардонида шуданд;

-   Ҷобаҷо кардани дастаҳои мусаллаҳи мухолифин аз рӯи имконияте, ки доштем, анҷом дода шуд. Мардуми Тоҷикистон оҳи сабук ва нафаси озод кашид;

-    Вале дар дохил ва хориҷи кишвар қувваҳое ҳастанд, ки истиқрору пойдории сулҳи миёни тоҷиконро намехоҳанд;

-   Албатта, байни ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар мавриди муносибат ба баъзе масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ихтилооти назар ҷой доранд.

-    Дар шароити ҷомеаи демократӣ ва чандҳизбӣ ҷой доштани чунин ихтилоф амри табиист. Лекин бояд фаромуш накунем, ки Тоҷикистони мо марҳала ва лаҳзаҳои махсуси ҳассосро аз сар мегузаронад .

Устод Қурбон Восеъ дар китобаш “Сиёсати давлатӣ ва ваҳдати миллӣ”  ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати комили миллиро бо чунин хулосаҳои амиқ ҷамъбаст намудааст:

1.     аз қолабҳои танги маҳал берун оем,

2.     аз ғафлату тангназарӣ вораста гардем,

3.     ба илми худшиносӣ сар фурӯ барем,

4.     аз ҷаҳлу кӯрдилӣ бираҳем,

5.     аз васвасаву шайтон дурӣ ҷӯем,

6.     аз ҷилваву худнамоии бехирадона парҳез намоем,

7.     аз гузашта сабақи таърих бардорем....   .

Дар асоси чунин ақидаҳои комил  чунин хулосаҳо пешниҳод кардан мумкин аст.

-         Ваҳдати комили Миллӣ тавонист миллати бостонии тоҷикро аз нав эҳё намояд;

-         Ваҳдати Миллӣ пойдевори истиқлолияти кишварамон буда, он бояд то абад ҳифз гардад;

-         Ваҳдат ва сулҳи тоҷикон метавонад барои кишварҳои ба монанди Сурия ва Ироқ, Афғонистон чун таҷрибаи таърихӣ истифода карда шавад. 

Шуъбаи тарбия


26.11.2020     574
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php