НАҚШИ САЙЁҲӢ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар ҷаҳони муосир рушду инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими ҳар як кишвар ба пешрафти иқтисодиёти он вобастагӣ дорад ва яке аз омилҳои асосии муайянкунандаи мавқеъ ва нуфузи он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Агар таъмини амнияти озуқаворӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, рушди соҳаи соҳибкорӣ омилҳои муҳими пешрафти иқтисодиёти миллӣ ба шумор раванд, пас соҳаи сайёҳӣ метавонад ҳамчун сарчашмаи муҳим ҷиҳати инкишофи он нақши заруриро касб намояд. Илова ба ин дар шароити гуногунрангию пуртазоди муносибатҳо ва сиёсати ноустувори иқтисодии ҷаҳонӣ ҳар як кишвар дар ҳолате метавонад вобаста ба ташкили иқтисодиёти худ истодагарӣ намояд, ки агар заминаҳо ё таҳкурсии устувории иҷтимоии иқтисодӣ ва маънавӣ дошта бошад. Маврид ба зикр аст, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 аз қатори ҳамин заминаҳо ва воситаи расидан ба иқтисодиёти иҷтимоии устувор мебошад. Чунончӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22.12-*.2017) иброз намуданд, ки «Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррифии таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб мераванд». Сайёҳӣ ё истилоҳоте, ки маъмулан истифода мебаранд, туризм-падидаи мураккаби иқтисодию иҷтимоиву фарҳангии замони муосир буда вобаста ба беҳбудии вазъи иҷтимоии аҳолӣ рушд меёбад. Бахши туризм чун дигар соҳаҳои хоҷагии халқ тағийрёбанда буда навгониҳои ҳаёти муосирро таҷассум мекунад. Дар адабиёти илмии муосир мафҳуми туризм ба тарзҳои гуногун маънидод гардидааст. Мафҳуму моҳияти туризм аз ҷониби олимони гуногун ба монанди Кварталнов В.Р., Зорин И.В., Жукова М.А., Сенин А.П., Муҳаббатов Х., Диловаров Р., Ёваров Ҷ. ва ғайраҳо таҳқиқ гардидааст.

Вожаи туризм (toorizm) аввалин маротиба аз ҷониби муҳаққиқи фаронсавӣ Б.Жекмо дар с.1830 истифода гаридааст. Истилоҳи туризм аз калимаи франсавии «toor» гирифта шуда маънояш гардишгарӣ, сайр ё гашту гузор аст. Мафҳуми «туризм» ва «турист» дар ҳар кишвар ба таври хос баҳо дода мешавад. Дар эъломияи Гаага (Голландия) оид ба туризм (1989) мафҳуми мазкур чунин ифода гардидааст: «Туризм ҳамчун ҷойивазкунии одамон аз ҷойи зисти аслӣ дар муддати муайян буда, инчунин соҳаи хизматрасониест, ки барои таъмини қонеъгардонии талаботҳои онҳо равона гардидааст. Аз нигоҳи илми иқтисодӣ бошад туризм - ин низоми васеи иқтисодӣ бо рангорангии робитаҳои байниҳамдигрӣ дар чорчубаи хоҷагии халқи кишвари ҷудогона баҳо дода мешавад.

Бояд қайд кард, ки ҷиҳати рушди устувори сайёҳӣ ҳамчун манбаи иқтисодию иҷтимоӣ ва маънавӣ, зарур аст, ки таҷрибаи давлатҳои хориҷии  мутараққии сайёҳӣ дар ҷаҳон бархурдор бошем.

Сайёҳӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисодӣ дар сатҳи ҷаҳон дар даҳсолаи охир аҳамият ва  мавқеи хоси худро пайдо карда, бо самтҳои гуногун тадриҷан рушд ёфта истодааст. Имрўз дар бозори сайёҳии ҷаҳонӣ ду соҳаи мустақили сайёҳӣ: байналмиллалӣ ва дохилӣ бо низом ва сохторҳои махсуси худ амал менамоянд ва дар байни ҷомеа низ маъруфият пайдо кардаанд. Дар ҷаҳон баъди нефт ва маводи доруворӣ даромад аз сайёҳии байналмиллалӣ ҷои сеюмро ишғол менамояд ва он 30 % содироти хизматрасониро ташкил медиҳад. Дар соли 2015 дар сатҳи ҷаҳон сайёҳон (ташрифи байналмиллалӣ) 4,6% афзоиш ёфта, ба 1,2 млрд. ташриф расид ва даромади умумии он ба мамлакатҳо ба 1,5 трлн.$, баробар гардид. Самти иҷтимоии муносибатҳои ҷамъиятӣ низ соҳаи сайёҳиро ҳамчун манбаъ ва воситаи афзалиятнок дар бахши шуғлнокии ҷомеа арзёбӣ менамояд. Дар ҷаҳон 9%-и ҷойҳои корӣ (аз 11 ҷой 1) ба соҳаи сайёҳӣ ба сифати шуғлҳои хизматрасонӣ, ҳамчунин кору молрасонӣ рост меояд. Дар Ҷумҳурии Мардуми Чин, 60 млн. ҷойи кориӣ шомили соҳаи сайёҳӣ мебошад, аз ин 73% ё 40 млн. ҷойи корӣ ба намуди сайёҳии дохилӣ рост меояд.

Дар сатҳи ҷаҳон ҳамасола наздики 5 млрд. ташрифи сайёҳӣ ба ҳисоб гирифта мешавад, ки 83%- и он (4млрд. ташриф) сайёҳии дохилӣ мебошад. Мисол, дар мамлакатҳои Чин, Корея ва Тайланд аз 100 сайёҳ ҳамагӣ 20-30 нафарро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд, боқимонда сайёҳони ватанӣ буда, пайваста ба омўзиши таъриху фарҳанги худ машғул мебошанд, яъне онҳо ба маконҳои гуногуни кишварашон мунтазам сайру сайёҳат мекунанд. Н.И.Кабушкин ва Н.И.Дурович туристи дохилиро чунин маънидод намудаанд: «Туристи дохили ин нафарест, ки аз муҳити зисти доимии хеш дар муддати на зиёда аз 12 моҳ берун мешаванд, вале ҳудуди кишварро тарк наменамояд».

Аз нуқтаи назари таҳлилгарон ва мутахассисони соҳа, яке аз омилҳои асосии инкишофи сайёҳии байналхалқB - ин инкишофи иқтисодиёт ва пешрафти иҷтимоӣ, ки ба васеъ гардидани сафарҳои корӣ ба мақсадҳои маърифатӣ мусоидат мекунад ва имконияти аҳолиро барои фароғату табобатгириашон афзун мегардонад, ташкил медиҳад. Аз таҷрибаи кишварҳои мутараққии сайёҳӣ бармеояд, ки ҷиҳати рушди сайёҳӣ илова ба мавҷудияти иқтидори бузурги сайёҳӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳаки онро ба ғайр аз мавзеъҳои реакреатсионию фароғатӣ 3000 ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ташкил мекунад, инчунин дастгириву таваҷҷуҳи ҳамешагии давлат ва ҳукумат ниҳоят зарур мебошад. Аз истифода аз имкониятҳо теъдоди бештари сайёҳони хориҷиро ба кишвар ҷалб намояд. Бо мақсади ташаккули қонунгузории соҳаи туризм ҳанўз дар таърихи 03.09.1999 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи туризм» қабул намуд, ки мутобиқи он ба таври кулли афзалиятҳо дар соҳаи туризм ба даст омада, вазифаҳои мушаххаси соҳа муайян гардид. Санаи 27-уми майи соли 2017, таҳти №258 Қарори Ҳукумати кишвар «Дар бораи таъсиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Инчунин ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағийру иловаҳо аз 30-уми майи соли 2017, таҳти №1423 ворид карда шуд. Илова бар ин бо иқдоми вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории зич бо мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилоту муассисаҳои илмию амалӣ бо назардошти таҷрибаи қонунгузорӣ ва амалии давлатҳои пешрафта дар самти рушди сайёҳии дохилӣ, аз ҷумла, Ҷумҳурии Мардуми Чин, Япония ва ИМА, инчунин вазъият ва имкониятҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» аз 18-уми июли соли 2017, № 1450 қабул гардид.

Қонуни мазкур аз 11 боб, 65 мода иборат буда, асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии фаъолиятро дар соҳаи сайёҳии дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, ба фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ташаккул дар рушди соҳаи мазкур равона шудааст. Санаи 22-юми январи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз намуданд: - «Шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст. Дар ҳақиқат Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди сайёҳӣ, ба монанди мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, табиати нафису ҳаловатбахш, шаҳрҷойҳо ва сохтмонҳои наву муосир, китобхонаҳо, осорхонаҳо, боғу гулгаштҳои таърихиву тозабунёд бино муҳташаму нотакрор дошта, таваҷҷуҳи зиёди сайёҳон - дўстдорони сайру сайёҳат ва шаҳрвандонро ҷалб кардааст. Захираҳои сайёҳии кишвар дар ҳоли ҳозир на танҳо барои сайёҳон, балки барои шаҳрвандони мамлакат низ кафшношуда боқӣ мондаанд. Хушбахтона солҳои охир дар кишварамон намудҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумлаи сайёҳии варзишӣ, кўҳнавардӣ, таърихиву фарҳангӣ, этнографӣ, табобатӣ, санаторию курортӣ, истироҳатӣ рушд карда истодаанд. Дар асоси таҳлили коршиносон бо такя ба далели кўҳсор будани 93%-и ҳудуди Тоҷикистон айни замон 6 самти афзалиятноки соҳаи сайёҳӣ дар кишвар муайян шудааст, ки инҳо туризми кўҳнавардӣ, туризми кўҳиву варзишӣ, алпинизм, туризми таърихию фарҳангӣ, туризми этнографӣ, туризми экологӣ мебошанд. Соли 2014 Тоҷикистон аз рўйи таҳлили сомонаи байналмиллалии «Глопс Нопс» ба даҳгонаи давлатҳои беҳтарин аз рўйи туризми саргузашти ё экстремалӣ ворид шуд, ки дар ин қисмат махсусан туризми экологӣ нақши хеле босазо дорад.

Аз соли 2014 раванди афзоши ташрифи сйёҳон ба Тоҷикистон ба назар мерасад. Агар соли 2014, 207 ҳазор сайёҳ ба кишвар ташриф оварда бошанд, соли 2015 ин нишондиҳанда ба 414 ҳазор расид, ки 2 маротиба зиёд мебошад. Соли 2015 Тоҷикистон ба даҳгонаи давлатҳои беҳтарин аз рўйи таъмини амнияти шабона ворид шуд ва дар охири соли 2015 ва аввали соли 2016 аз рўйи таҳлили Ташкилоти ҷаҳонии сайёҳӣ Тоҷикистон ба даҳгонаи давлатҳои беҳтарин аз рўйи инкишофи соҳаи сайёҳӣ ё дар марҳилаи рушд қарор ёфтани соҳаи туризм ворид гардид.

Ҳамин тариқ, барои рушди устувори соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат амалӣ гардонидани тадбирҳои муайянро зарур мешуморем. Аз ҷумла хуб мешуд, ки дар татбиқи натиҷабахши қонунгузории соҳаи сайёҳӣ тамоми сохторҳои ҷомеа дастаҷамъона иштирок намоянд, захираҳо ва имкониятҳои сайёҳӣ дар асоси стандартҳои байналмиллалӣ ташвиқу таблиғ карда шаванд, ба самти омода намудани мутахассисони асили соҳа тақвият бахшида шавад, ба стандарти байналмиллалӣ низоми хизматрасонии соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонда мешуд.

Шуъбаи тарбия


17.11.2020     57