НАҚШИ КИТОБИ “ТОҶИКОН”- И АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ ДАР ПЕШРАФТИ ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

Дар Паёми хеш Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арҷгузори ба таъриху фарҳанги пеурғановати миллати куҳанбунёди тоҷик диққати аввалиндараҷа дода ба ҷавонон ояндасозони Ватан махсусан таъкид намуданд, ки “Мо ки будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем ба онҳо арҷ гузорем ва ба насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем”. Пешвои фарҳангпарвари тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳарвақта бо арҷгузорӣ ба тамаддунофарии миллати куҳанбунёди тоҷикон ба масулин супориш дода буданд, ки шоҳасари бузурги фарзанди фарзонаи миллат, академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” ба ҳар як хонадони тоҷик чун туҳфа аз сарвари давлат дастрас гардонида шавад. Роҳбари давлат ба муаллифи китоби “Тоҷикон” устод Б. Ғафуров барои таълифи чунин асари арзишмандаш баҳои баланд дода, дар суханрониҳояшон қайд намуда буданд, ки «Бобоҷон Ғафуров аз миёни ходимони давлатӣ ва арбобони илми тоҷик дар баробари муайян ва собит намудани мақому манзалати таъриху дастовардҳои арзишманди давлатдории тоҷикон, дар тарғиби илму фарҳанги Машриқзамин дар арсаи ҷаҳонӣ ба пояи баланд расонидааст. Ӯ тамоми ҳаёти худро таҳқиқу омӯзиши таърихи давлатдории миллати куҳанбунёди тоҷик намуда, дар тӯли фаъолияти пурбаракати хеш на фақат таърихи комили тоҷиконро ба вуҷуд овард, балки дар таҳқиқи бисёр халқҳои машриқзамин саҳми арзанда гузошт».

Тамаддуни башарӣ гувоҳаст, ки дар тӯли дуҳазор соли сипаригаштаи миллодӣ бар сари мардуми тоҷик чи бадбахтие наомада буд. Аммо миллати сарбаланди тоҷикро на теғи шамшери Искандари Мақдунӣ, на тозиёнаи Ибни Қутайба, на қатли оми Чингизхон, на калламанораҳои Темури Ланг аз азму иродаи истиқлолиятхоҳӣ, давлату давлатдорӣ ва рисолати пойяндаи фарҳангии аҷдоди шикаста натавонист. То кунун номи шахсони абармард ва пуштибони истиқлолият Шераку Спитамен, Деваштич, Муқаннаъ, Сумбоди Муғ, Темурмалик ва Маҳмуди Торобӣ аз хотири мардуми тоҷик зудуда нашудааст. Дар пойдории истиқлолияти фарҳангӣ ва бақои умри миллат фарзандони дигари фарзонаи он А. Рудакӣ, А. Фирдавсӣ, Ибни Сино, А. Берунӣ, Н. Хусрав, К. Хуҷандӣ, Наршахию Дақиқӣ низ саҳми босазое гузошта буданд.

Агар ба зӯри силоҳ лашкари аҷнабие бар тахти аҷдодии тоҷикон муваққатан соҳиб шуда бошад, ӯ хоҳу нохоҳ зери тамаддуни тоҷикон афтода, ночор коргузории давлатиашро бо забони тоҷики пеш мебурду ба низоми идоракунии он такя мекард. Ин қудрати нерӯи илму фарҳанги тоҷикон буд, ки ҳеҷ гуна яроқи аҷнабӣ он корро иҷро кардан наметавонист, ки ин масъалаҳо дар китоби “Тоҷикон” ба таври пурра таҳлили илмӣ гардидаанд. Месазад, ки дар ин ҷо низ аз суханронии сарвари давлатамон иқтибос орем, ки Ҷаноби Олӣ гуфта буданд: «Моро аз тамоми гармию сардиҳои рӯзгор, аз тӯфону бӯҳронҳои пурфоҷияи таърих танҳо фарҳангу хирад наҷот додааст. Ва маҳз фарҳанги волои аҷдодӣ тавонист, моро аз вартаи ҳалокат раҳонида, ба пойгоҳи сулҳу осоиш ва ваҳдату ягонагӣ бирасонад. Имрӯз мо аз созандагиву бунёдкорӣ сухан меронем, ваҳдату бародариро парчами пирӯзиҳои худ қарор додаем ва аз бурду бохти илму адаб ва фарҳангӣ миллӣ руйрост гуфтугӯ мекунем. Ва худ гувоҳи соҳиби тамаддуни қадимаву созанда будани халқи тоҷик аст. Ҳифз кардани арзишҳои фарҳангӣ, мутобиқи давру замон инкишоф додан ва бе газанд ба фардоийин расонидани онҳо вазифаи муқаддаси ватандӯстонаи ҳар кадоми мову шумост».

Асари “Тоҷикон” баъд аз китоби муқаддаси “Авасто” дуюмин китобест, ки оид ба ватани мардуми ориёитабор маъумоти саҳеҳ медиҳад.

Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз ба марҳилаи нави давлатдории худ – марҳилаи созандагию бунёдкорӣқадами қатъӣ гузоштааст. Маълум аст, ки давлати соҳибистиқлол дар замони муосир беш аз ҳама бе илму фарҳанг мавқеи устувор пайдо карда наметавонад. Барои ба ин мақсадҳои наҷиб расидан тамоми ҷомеа дар фаъолияти меҳнатии худ месазад, ки аз таҷрибаи бою ғанӣ ва доманадори гузаштагони худ, ки дар бунёди истиқлолияти комилан миллӣ ва давлатдории тоҷикон ба монанди Нусратулло Махсум, Садриддин Айнӣ, Чинор Имомов, Шириншоҳ Шоҳтемур, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Турсунқул Улҷабоев, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров ва дигарон ҷонбозиҳо кардаанд, омӯзанд ва тадбиқ намоянд.

         Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар амали намудани супоришоти роҳбарияти олии сиёсии кишвар саҳмгузорї намуда истодааст ва бахусус омӯзгорони ҷомеашиноси донишгоҳ ҳама вақт омода ҳастанд, ки барои ташвиқу тарғиби таъриху фарҳанги пурғановати миллат, дар бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ ва ифтихор аз ватандустиву ватанпарастӣ дар байни ҳамкасбони хеш ва инчунин донишҷӯёни ин боргоҳи маърифат фаъолона иштирок намоянд. Табибони мо набояд фаромуш кунанд, ки ин касби пурифтихор мерос аз ниёгони тоҷикон аст ва бояд ифтихор дошт ки табибони тоҷик ворисони нахусттабиби рӯи олам Зардушт ва китоби муқаддаси ӯ “Авасто”, ворисони табиби оламшумул Абӯалӣ ибни Сино ва “Алқонун” и ӯ, ворисони Закариёи Розӣ ва ҳазорон фарзандони дигари миллати куҳанбунёд ба ҳисоб мераванд. Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки Донишгоҳи мо бешубҳа давоми нахуст донишгоҳи тиббии мардуми ориёитабор “Гунди Шопур” ва “Савонулҳикмат” и аҳди Сомониён мебошад. Аз ин рӯ омӯхтани таърихи миллат на аз рӯи ихтисос, балки вазифаи ҳар як шаҳрванди бо ору номуси ватан мебошад, зеро ҳама чиз аз таърих сарчашма мегирад.

         Мо бояд ҳаматарафа омода бошем, ки ватани аҷдодии хешро ҳифз намоем, таъриху фарҳанги пурғановати он ва забони онро арҷ гузорем. 7 вилояти таърихие, ки дар асари “Тоҷикон” ном бурда шудаанд имрӯз барои мо Тоҷикистони соҳибистиқлолро гирд овардаанд. Шукрона бояд кард, ки чунин ватани маҳбуб барои мо аз гузаштагон ба мерос мондааст.

Шуъбаи тарбия


30.03.2021     630
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php