НАҚШИ КИТОБ ВА КИТОБХОНА ДАР ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГ, МАЪНАВИЁТ, ТАРБИЯ ВА СИФАТҲОИ АХЛОҚИИ ДОНИШҶӮЁНИ МАКТАБҲОИ ОЛӢ

Манижа Умарҷоновна Юлдошева, омӯзгори кафедраи акушерӣ ва гинекологии № 1 Мусассисаи давлатии таълимии “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”, Мӯниса Умарҷоновна Юлдошева, омӯзгори кафедраи эндокринологияи МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”
Дар марҳилаи муосири инкишофи ҷомеа дарки мафҳуми фарҳанги миллӣ бе омӯзиши амиқи масъалаҳои фарҳанг, маънавиёт, маориф ва ақидаҳои маорифпарварии гузаштагон имконнопазир аст.
Арзишҳои фарҳангии халқи куҳанбунёди тоҷик, мероси маънавии ӯ дар давоми ҳазорсолаҳо манбаи пуриқтидори маънавиёти халқҳои Шарқ ба ҳисоб мераванд.
Қобили зикр аст, ки мероси бою гаронбаҳои фарҳангии халқи тоҷик собит месозад, ки тарбияи ҷавонон, пеш аз ҳама, аз фикру ақидаҳои инсондӯстӣ, ахлоқи баланди ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва меҳнатдӯстӣ сарчашма мегирад, ки асоси онро хислатҳои олии инсонӣ-олиҳимматӣ, дӯстӣ, росткорӣ, поквиҷдонӣ ва ғайра ташкил медиҳанд.
Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки масъалаҳои ташаккули сифатҳои ахлоқӣ ҳанӯз дар таърихи педагогикаи тоҷик инъикос ёфтаанд. Ақидаҳои мутафаккирон, олимон, шоирону нависандагони бузурги тоҷик аз рӯйи шаклу мазмун бо ақидаҳои хирадмандонаи халқ омезиш ёфта, ба ташаккули фарҳанги педагогии халқҳои Осиёни Миёна таъсири зиёде гузоштаанд, ки то ҳол аҳамияти худро гум накардаанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки фарҳанги бой ва ҷаҳонбинии васеъ доштан, инсони олиҳиммату комил будан, ватандӯсту инсонпараст ва бомаърифату поквиҷдон, мутахассиси варзидаю донишманди бузург шудан - ин ҳама аз рӯи китобхониву китобдонӣ ба даст меояд. Зеро китоб дар ҳар давру замонҳо равшангари имрӯзу фардои миллат, ҳамрози қалбҳои инсонӣ маҳсуб меёфт.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар ягон давру замон бе китоб ғизои маънавии зиндагии рангинро наметавон тасаввур намуд. Адабиёт, китоб, қалам мафҳумҳоеянд, ки ҳангоми ба забон оварданашон пеши назари ҳар фард як ҷаҳони беканори илму адаб намудор мегардад.
Олимон дуруст қайд кардаанд, ки “Китоб- ихтирои башар, манбаи нуру зиё аст. Он раҳнамои беғаразу хирадгустарест, ки ҳамагонро ба пиндору рафтору кирдори нек хидоят менамояд ва самтҳои гуногуни зиндагиро мунаввар мекунад. Китоб ба инсон чавонмардӣ, шуҷоат, вафодорӣ озодагӣ, нангу номус меомӯзонад. Китоб инсонро ба арзишҳои маънавӣ ороста мегардонад”[8,36].
Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ рӯзи 26 декабри соли 2019 дар қатори масоили муҳими давлатӣ, инчунин, ба раванди таълиму тарбия, китобхон гаштани толибилмон, донищшҷӯён дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори ҷиддӣ дода, чунин таъкид карданд: «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳимми фарҳангӣ табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».[6, 26].
Оре, китоб пурқиматтарин падидаи фарҳангист. Аксарияти одамони бафарҳанг ва бомаъри¬фати олам китобро чун гавҳари қимматбаҳо, сарчашмаи дониш, воситаи таълиму тарбия, фароғат ва мероси як насл ба насли дигар пазируфтаанду нисбати китоб ва китобдорон боэҳтиром сухан меронанд.
Ҳалқи тоҷикро ҷаҳониён аз замони қадим тавассути илм, адабиёт ва санъаташ мешиносанд. Зеро ба ҳамаи мо маълум аст, ки “Китобхона ин маҳзани китобҳо, муассисаи мааданию маърифатӣ, илмию ёридиҳанда буда, истифодаи оммавии маҳсули матбуот ва ҳатто дастхатҳоро фаро мегирад. Китобхонаҳо бо гирд овардан, маҳфуз доштан, ташфиқот намудан ба мутолиакунандагон машғуланд. Мақсад аз таъсис додани китохонаҳо дар рӯҳи инсондӯстӣ тарбия намудани инсон, баланд бардоштани савияи ғоявию сиёсӣ, маъданӣ ва ба омӯзиши мустақилонаи онҳо мадад расондан аст. Бояд таъкид сохт, ки вазифаи китобонаҳо мувофиқи таркиби фонди китоб ва методҳои корӣ ба ду навъи асосӣ ҷудо мешаванд: а) Китобхонҳои оммавӣ; б)Китобхонҳои илмӣ ва махсус. Китобхонҳои оммавӣ барои аз худ кардани назарияи маърифатнокӣ, баланд бардоштани маълумоти сиёсӣ, касбӣ ва умумии оммаи васеи меҳнаткашон хизмат мерасонанд”... Китобхонаҳои илмӣ ва махсус ба олимону мутахассисони соҳаҳои гуногуни фан, хоҷагии халқ ва маданият, инчунин, ба мактабҳои олӣ ва миёна хизмат мерасонанд. Фаъолияти ҳамаи намудҳои китобхона, пеш аз ҳама, аз пур кардан ва ташкил намудани фонди китоб иборат буда, инчунин, ба мутолиакунандагон хизмат расонидан аст” [11., 341].
Қобили қайд аст, ки китоб рукни бузурги саодати инсонӣ мебошад. Барои ҳамин ҳам, пиру барно дар ҳалли ин ва ё он мушкилоте ё афзун намудани савияи дониши худ ба китоб муроҷиат мекунанд.
Чи хеле, ки маълум аст, китоб ганҷи бебаҳо буда,барои донишомӯзии инсон аҳамияти калон дарад, ки бо ҳамин далел шоири бузурги форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ моҳияти китобро дар ташаккули одамият чунин баён кардааст.
Зи доноён бувад ин нуқта машҳур,
Ки дониш дар кутуб, доност дар гӯр.
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.[10.5]
Ҳамин тавр китоб муҳимтарин сарчашмаи дониш аст. Тавре аз мазмуни байти дувум бармеояд, Абдураҳмони Ҷомӣ китобро аз як тараф «аниси кунҷи танҳоӣ» шумурда, аз тарафи дигар, «фурӯғи субҳи доноӣ» номидааст. Дарҳақиқат китоб қувваи хеле бузург дорад. Беҳуда нест, ки нависандаи халқи рус А. М. Горький гуфтааст: «Ман тамоми хубиҳоро аз китоб омӯхтаам ва худро дар назди он қарздор мешуморам». Китоб муҳимтарин сарчашмаи дониш аст» .[5.99].
Китоб на танҳо воситаи муҳими донишҳосилкунӣ, инчунин, дастурест, ки аз рӯи он тавассути пурсишу такрор дониши толибилмон ба низом дароварда мешавад. Дарҳақиқат, бе нури китоб наметавон роҳи зиндагиро равшан намуд. Худи калимаи китоб арабӣ буда, буда. маънои навиштаҷоти варақҳои ҷилдшударо дорад.
Таърих шаҳодат медиҳад, ки «Китобхона ҳамчун маҳзани ёдгориҳои хаттӣ дар замони қадим пайдо шудааст. Дар аввали асри 7 пеш аз милод дар китобхонаҳои шоҳони бисёр мамлакатҳои Шарқ маҷмӯи сафол ва пергаметҳо нигоҳ дошта мешуданд. Назар ба маълумотҳои таърихӣ ҳанӯз дар асри 3 бисьёр давлатҳои Осиёи Миёна, хусусан, Суғд, Хоразм китобхонаҳои бой дошта, дар натиҷаи истилои араб (асрҳои 7—9) онҳо талаву тороҷ шудаанд. Хоразмӣ, Фарғонӣ, Форобӣ,Берунӣ, Ибни Сино, Ҷомӣ, Аҳмади, Дониш Садриддин Айнӣ ва дигар мутафаккирони мо аз китобхонаҳои бойи замонашон истифода бурдаанд ва дар кори ҷамъ овардани китоб доимо ғамхорӣ кардаанд”[ 11, 341].
Таърихи бойи фарҳанги халқи тоҷик гувоҳӣ медиҳад, ки дар гузашта ниёгонамон аз касби китобдорӣ бохабар будаанд ва шахсоне, ки ин касбро ба уҳда доштанад, аз он ифтихор мекарданд. Академик Бобоҷон Ғафуров қайд кардаанд, ки “Махсусан, омӯхтани адабиётҳои доир ба риштаҳои мухталифи илму фан дар китобхонаи машҳури Сомониён, ки Абӯалӣ ибни Сино ба туфайли мулоиҷа кардани амир Нӯҳ ибни Мансури Сомонӣ ба он ҷо роҳ ёфта буд, аксарияти вақти худро ба мутоилаи китобҳои он сарф мекардааст, дар таҳсилоти шахсии ӯ аҳамияти бағоят калоне дошт”[ 2,519].
Сарчашмаҳо ва муаррихон гувоҳӣ медиҳанд, ки дар гузаштаи дур дар сарзамини тоҷикон амирону шоҳон ва баъзе ашрофони хатту саводдошта соҳиби китобу китобхона буданд. “Пойтахти давлати Сомониён шаҳри Бухоро маркази ҳаёти ҷамъиятӣ, маданӣ ва илмии мамлакат мегардад. Шаҳрҳои кишвар ғайр аз ёдгориҳои меъморӣ бисёр китобхонаю бемористон, дорухонаю муассисаҳои дигар доштанд. Чунончи олим И. Ҳамавӣ зимни номбар намудани маъҳазҳои китоби машҳури ҳамон давр дувоздаҳ китобхонаи Марвро зикр кардааст, ки онҳо дувоздаҳ ҳазор нусха китоб доштанд”[ 4,43].
Пӯшида нест, ки касби китобдорӣ бо мурури замон рушду такомул ёфта, дар даврони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ рӯ ба рушд ниҳод ва сафи ҳаводорони он зиёд гардид. Дар ҳамин давра талабот нисбат ба китобдории касбӣ низ хеле афзуд, зеро теъдоди китобу китобхона ва мутолиакунандагонаш низ афзуд. “Китобхонаи бойтарини Сомониён, ки «Маҳзани хирад» ном дошт, басо шуҳрат ёфт. Дар он доир ба соҳаҳои мухталифи илм асарҳои олимон маҳфуз буданд. Абӯалӣ ибни Сино дар бораи ин китобхона чунин навиштааст: «...вориди сарое шудам, ки хонаҳои бисёр дошта, дар ҳар хонае сандуқҳои китоб болои ҳам чида шуда буданд. Дар як хона китобҳои илмҳои арабӣ ва шеър, дар дигараш китобҳои фиқҳ ва ҳамин тавр дар хонае китобҳои як илме ҷой дошт. Сипас, феҳристи китобҳои пешиниёнро мутолиа намуда, он чиро ки бад-он ниёз доштам, хостам. Китобҳоеро дидам, ки бисёр касон ҳатто номашонро нашунидаанд ва ман онҳоро на пеш аз ин ва на баъди ин надидаам»[1.19.]
Чи хеле ки дар боло қайд карда шуд, китобхона дар ҳама давру замон макони муқаддас, маҳзани дониш ва маънавиёт ба шумор мерафт. Агар ба таърихи мардуми мо бо дидаи таҳқиқ нигарем, мебинем, ки дар тамоми давраҳои таърихӣ мардуми тоҷик ба китобдорию китобхонӣ ва ҳифзу нигаҳдошти он таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекарданд.
Китоб манбаи ташаккулдиҳандаи ҳама гуна илмҳову фазлу камоли инсонӣ ба шумор меравад. Китоб аст, ки моро асрори олами ҳастӣ ва нашъунаморо меомӯзонад. Китоб аст, ки баробари боз намудани саҳифаи аввалаш дари илму дониш, хираду фарҳангро боз мекунад ва бевосита моро ба олами маънавиёт ҳидоят менамояд.
Бояд қай кард, ки дар лаҳзаи вазнинӣ, бахусус танҳоӣ китоб дар барии мост. Ин андеша дар шеъри Ҷомӣ хеле мӯҷаз ифода ёфтааст.
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест.
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест,
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест. »[7,19.]
Аз таҳлили мавзӯъ чунин хулоса бармеояд, ки дар ягон давру замон бе китоб - ғизои маънавӣ зиндагии рангинро наметавон тасаввур намуд.
Мутолиаи китоб касро бо бехтарин олами пурасрор, ки чахонро равшанию нур ва хушию сурур мебахшад, шинос менамояд. Шахсе, ки пайваста дар мутолиаи китоб мекушад, дарахти пурсамареро мемонад, ки меваҳои он ҳар лаҳза инсонро қувваи ҳастиву тавон ва имону виҷдон мебахшад.
Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки “Дар таърихи фарҳанг, китобхона, ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ, бозтоби шароити замон будааст. Замоне маҷмӯаи китоб ҳамчун маҳзан ва ганҷина дар бинои дарбаста дур аз мардум нигаҳдорӣ мешуд ва аз ин рӯз худи ҷомеа низ давраи торикиро аз сар мегузаронид. Баръакс, ҳар гоҳ китоб бештар нашр ёфта, китобхонаҳо афзунтар гардида, ба рӯйи ҳамагон кушода гардида бошад, ҷомеа низ шукуфон шудааст. Бинбар ин, китобхона ва ҷомеа аз гузашта то кунун ҳампои якдигар пеш рафтаанд ва яке барои дигаре таъсир бахшидааст”. [9,19.]
Имрӯз мо, омӯзгорон дарк мекунем, ки дар байни муҳассилини мактабҳо ва донишҷӯён китобхонӣ сол ба сол кам шуда, истифодаи аз ҳад зиёди интернет насли ҷавонону наврасро аз муомила андаке дур карда истодааст.
Олими намоёни кишвар, академик М.Лутфуллоев қайд кардаанд: “Маҳорати бо китоб кор карданро маҳз дар мактаб бояд омӯхт. Мактаб ҳамчун макони муқаддас вазифадор аст, ки шавқи китобхонии бачаҳоро эҳё намояд. Сари ин масаъла ҳамаамон бояд андеша кунем: даст ба сина мезанем, ки адабийёти оламшумулу осмонхарош дорем. Вақте ки мо китоб доштем, бисёр халкҳои рӯи замин ҳатто алифбои худро надоштанд. Мардум гурӯҳ-гурӯҳ дар ҳуҷраҳо, масчидҳо, корвонсаройҳо ҷамъ шуда китоб мехонданд, хондани дигаронро гуш мекарданд. Ва имрӯз мо ва насли моро чӣ шуд? Чаро ҷавонони моро ба камхонӣ айбдор мекунанд? Не, бовар намекунам. Набояд мо ва мардуми мо аз маърифат дур бошем. [5,100 ]
Мо низ, тарафтори фикри академик М. Лутфуллоев ҳастем. Ҳамаи мо, омӯзгорон, ба донишҷӯён фаҳмонем, ки китобхонӣ - ин ҷаҳонро дидан, маълумот гирифтан, дониш омӯхтан ва бамаърифат шудан аст.
Чи хеле ки дар боло қайд кардем, албатта, донишандӯзӣ соҳаи муҳими ҳаёти маънавӣ буда, пайваста инкишоф меёбад, вале зарур аст, ки мо, омӯзгорон, ҳар як донишҷӯйро ба соҳаи интихобнамудааш дар донишгоҳу донишкадаҳо боз ҳам ҷиддитару амиқтар фаҳмонем, то ки ба китобхонӣ машғул шаванд, ки ин нуқта танҳо дар асоси шавқу рағбати ҳамаҷонибаи зеҳнӣ муяссар хоҳад гашт. Азбаски китоб сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ ба ҳисоб рафта, пояи асосӣ дар ҳаёти иҷтимоии башар аст, маҳз тавассути он ҷомеа метавонад ба баландтарин қуллаҳои ҳаёт бирасад.
Тавре ки аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, бузургони халқи тоҷик маҳз тавассути мутолиа ва таълифи осори пурарзиш ба мақсад расидаанд.
Қобили зикр аст, ки имрӯз дар ҷумҳурии Соҳибистиқлоли мо садҳо китобхонаҳо дари худро ба хонандагон кушода, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сафи китобхонон бисёр шавад. Бояд қайд кард, ки дар оилае, ки китобхонӣ арзиш дорад, фарзандон бомаърифату доно ба воя мерасанд. Имрӯз, ки талоши мо барои ободии ҷомеаи солим равона аст, бояд кушиш намоем, ки ҳар як оила барои наслҳо маърифати китобхониро биомӯзанд, то ки оянда дар ҷомеа мавқеи худро дарёбанд ва барои таҳкими давлати соҳибистиқлоламон корҳои арзандаро ба сомон расонанд. Имрӯз муҳимтарин омили пешрафти ҷомеа доштани дониш ва иттилооти фаровон аст. Аз ин рӯ дониш фақат бо роҳи хондани китоб ба даст меояд.
Бояд қайд кард, ки яке аз вазифаҳои асосӣ ва масъулияттноки мураббиёни муасиссаҳои томактабӣ низ дар замири тарбиятгирандагон ба вуҷуд овардан ва ташаккул додани завқи китобхонӣ дар тарьиягирандагон мебошад. Инчунин мо, омӯзгорони мактабҳои умумӣ, миёна ва олиро лозим аст, ки дар зеҳни тарбиятгирандагон, мактаббачагон, донишҷӯёни худ ақидаи устуворро роҷеъ ба он, ки инсон метавонад фақат тавассути китоб ба адабиёту фарҳанг, сиёсат, иқтисоди мамолики зиёд ошно гардад, ҷой диҳем. Онҳо бояд амиқан ва огоҳона дарк карда тавонанд, ки маҳз китоб ҳамсафари ҷонии ҳар як инсон мебошад. Донишҷӯёни имрӯза бояд дарк карда тавонанд, ки маҳз китоб рафиқи ҷонии ҳар як инсон шуда метавонад. Аз ин ваҷҳ, бояд ҳар як донишҷӯ хонандаи доимии Китобхонаи миллӣ буда, аз маҳзани он истифода намояд. Чунки бисёр китоб хондан, инсонро ба мурод мерасонад.
Маълум аст, ки адабиёти бой ва фарҳанги халқи тоҷик чеҳраҳои зиёди адабиро ба ҷаҳони илму адабӣ эҳдо намудааст, ки намоёнтаринашон устод Абуабдуллло Рудакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём, Ҷалолуддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҳофии Шерозӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва ашхоси муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода, Фазлиддин Муҳаммадиев, Саттор Турсун, Лоҳутӣ, Турсунзода, Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор мебошанд, ки намунаи олии суханофарони ҷомеа буданд.
Қобили зикр аст, ки китоб ҳамчун чашмаи донишу маърифат дар тарғиби мероси гузаштагони мо нақши муҳим дорад.
Чи хеле, ки дар матбуоти даври қайд карда шуд, ҳар сол 4-уми сентябр дар қаламрави ҷумҳурӣ Рӯзи китоб таҷлил мегардад, ки ин ба насли наврас ва хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ таъсири мусбат мерасонад. Ҳамчунин, баргузории озмӯни “Фурӯғи субҳи доноӣ ...” бо амри Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таккони ҷиддиеро ба бор овард. Тамоми аҳли ҷомеа, асосан, рӯ ба китобхонӣ оварданд, ки ин албатта, баҳри маърифатнокшавии инсон аҳамияти басе калон дорад.
Бояд қайд кард, ки МОТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино”, ки яке аз бонуфузтарин мактабҳои олии кишварамон ба шумор меравад, соли 2019 80-солагии таъсисёбии худро ҷашн гирифт. Дар тӯли ин 80 сол аз ин даргоҳи муқаддас ҳазорҳо нафар толибилмон сабақ омӯхтаанд; ин даргоҳи муқаддас табибони маъруф, номзадҳо ва докторони илм, профессорони зиёдеро тарбия намуд, ки дар пешрафти илми тиб саҳмгузор ҳастанд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки сарвати асосии донишгоҳ ин китобхонаи бойи он маҳсуб меёбад. Маҳз ба туфайли ғамхории доимии сарварони донишгоҳ хазинаи китобхона беш аз беш меафзояд. Ҳоло феълан фонди умумии китобхона 753 668 нусха китобро фаро мегирад, ки 506042 нусхаи онро китобҳои чопӣ ва 247626 нусхаи дигарро китобҳои электронӣ ташкил медиҳанд.
Дар китобхонаи электронӣ донишҷӯёну хоҳишмандон метавонанд аз дискҳои китобҳои гуногун маълумотномаҳо ва маводи Интернет истифода намоянд. Китобхонаи электронӣ бо 105 компютер муҷаҳҳаз гардида, ба шабакаи Интернет пайваст мебошад. Феҳристи электронии китобхонаи электронӣ дар асоси барномаи системаи автоматии иттиллоотии АБИС ИРБИС 32 ба роҳ монда шуда, дорои 115800 маълумот мебошад. Ин ҳама мавод имкон медиҳад, ки донишҷӯён маводи барояшон заруриро бе заҳмат дастрас карда, донишу маҳорати худро сайқалу муккамал намоянд.
Дар анҷоми поёни мақола бояд қайд кард, ки дар тамоми давраҳои таърихӣ мардуми тоҷик ба китобдорию китобхонӣ ва ҳифзу нигаҳдошти он таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекарданд. Китобхона ганҷинаи хиқматҳои бузург аст, ки ҳар кас бо умед аз дари он ворид мешавад. Ҳар касе, ки ба ин даргоҳи илму маърифат ворид мегардад, ба дунёи рангину зебоӣ ҳамроҳ мешавад. Имрӯз низ толибилмону донишҷӯён, умуман насли ҷавони мо бисёр хушбахтанд, ки барои таълиму тарбияи онҳо тамоми шароитҳо фароҳам шудааст. Имрӯз масъалаи бедор намудани шавқу рағбати насли наврас ба китобу мутолиа дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурӣ қарор дорад. Барои муҳаббати китобхониву илмдӯстиро дар қалби кӯдакону наврасон ва донишҷӯён ҷой додан кӯшиш намоем.
Дар охир зикр намудан бамаврид аст, ки ҳамаи ин барои дар рӯҳи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон китобхонӣ ва китобро дӯстдоштан мусоидат намуда, ҳар як наслро ба маърифатнок шудану инсони комил будан ҳидоят менамояд.
Адабиёт
1 Абӯалӣ ибни Сино. Осори мунтахаб, ҷилди 1.- Душанбе: Ирфон .
2. Ғафуров Б. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна, Китоби якум.Нашриёти “Ирфон” -Душанбе.-1983.
3..Исматуллева Ҳ. Манабаи маънаваии инсон // ҶавонониТоҷикистон №3(963716.-01.2020, с.12.
4.Исҳоқи Ю.Б., Точиев Я.Т. Таърихи мухтасари тиби тоҷик.0-Душанбе. 1993
5.Лутфуллоев М. Дарс.-Душанбе, “Маориф” 1995
6. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ.ш.Душанбе. 26 декабри соли 2019
7. Тӯйчи Мирзод//Адабиёти тоҷик. Китоби дарсӣ барои синфи 9 - Душанбе,”Саҳбо”-2004.
8.Туронов С.,ИматоваЛ. «Алифбо»-китоби нахустини бачахо//Хуршеди маърифат ва олами фазилат. – Душанбе, «Ирфон»,2015.
9.Фарханги китобдори (Матн)Пажухишгохи фарханг ва иттилоот.- -Душанбе. “Ирфон», .2014//Осорномаи профессор Сафар Сулаймони библиогрфияи монографии. -Душанбе.2016.
10. Хрестоматияи адабиёти тоҷик /Барои синфи Х. Нашри11-Душанбе «Маориф».1992.-
11.Энциклопедияи советии тоҷик. Ҷилди 3. — Душанбе: Сарредаксияи Энциклопедияи советии тоҷик, - Душабе.1981

24.04.2020     2763
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php