МУХТАСАРЕ АЗ ТАЪРИХИ ТИБ ДАР ЗАМОНИ САЛТАНАТИ ҲАХОМАНИШИҲО

Империяи Ҳахоманишиҳо аввалин империяи ҷаҳонӣ буда, дар таърих ва тамаддуни умумибашарӣ нақши арзанда гузоштааст. Баъд аз вафоти Куруш вориси тахташ Камбуҷия дар соли 526 п.м. Миср ва Ҳабашистонро ба хоки давлати худ ворид созад. Умуман дар давраи ҳукумати Дорои 1 империяи Ҳахоманишиҳо дар се қитъа доман паҳн карда буд.Шоҳони аввлини давлати Ҳахоманишиҳо дар баробари сиёсати забткорона тавонистанд ба иқтисодиёт ва фарҳангу тиб низ диққати заруриро равона намоянд. Тибқи иттилои таърихшиносон дар давраи ҳукумати нахустин шоҳони Ҳахоманишиҳо табибону олимони зиёди юнонӣ дар дарбор фаъолият мекарданд. Масалан,  Домосадий табиби замони салтанати Дорои I (522-486 п.м.) буда,  Динон бошад, табиби махсуси Ардашери II (404-353 п.м.) ба шумор мерафтанд. Динон ҳатто асари худро бо номи “История Персии”-ро низ дар ин замон таълиф карда буд. Таърихшинос ва табиби машҳур Ктисей 17 соли ҳаёташро дар дарбори Дорои II (424-400 п.м.) ва Ардашери II паси сар намудааст.  Пӯшида нест, ки ин табибон новобаста аз донишманди замони худ буданашон бештар ба асарҳою сарчашмаҳои  қадимтарини мардуми Шарқ аз қабили “Ведаҳо”, “Ячурведа”, “Авасто” ва дигарҳо такя намуда, онро ба фарҳангу маданияти Юнони қадим нисбат медоданд. Вобаста ба ин масъала донишманди муосири тоҷик Иброҳим Умарзода дар китобаш “Таърихи тамаддуни ориён” нозукбинона баҳо дода, қайд намудааст, ки “Юнони қадим маҳз бо шарофати оқилонаи давлатдории Ҳахоманишиҳо дар асрҳои VI-IV п.м. қомати худро рост карда, ҳамчун давлат ташаккул ёфт ва илмҳои табиатшиносиро аз калдониён, илми ҳандаса ва риёзиётро аз Ҳинди бостон, тиб ва саноеъро аз шумериҳо, ҳикмат ва тарзи давлатдориро аз турониён иқтибос намуданд”.  Барҳақ, Ҳиндустони қадим як қисми давлати Ҳахоманишиҳо асосгузори тибби шарқи қадим буд, ки аввалин бор 760 навъи дорвории наботию ҳайвонӣ ва тарзи истифодаи онҳоро тавсиф намудааст. Дар Мисри бостонӣ бошад, ҳатто дабистоне бо номи “Хонаи ҳаёт” вуҷуд доштааст, ки ҷавонон дар он маълумоти тиббӣ мегирифтанд. Муаррихи юнонӣ Ҳеродот  ба Миср сафар карда менависад, ки “мисриҳо аз қадим ба ҳар қисми бадани хеш духтур доштанд”. Хулоса дар як фишурдаи мақола ҷой додани тибби аҳди Шарқи қадим ғайри имкон аст ва он ба тадқиқоти мукаммал ниёз дорад.

Шуъбаи тарбия


08.02.2021     613
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php