МОДАР - САРЧАШМАИ ҲАЁТ

Модар! Дар зери ин панҷ ҳарф чӣ қадар меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургиву муҷассамаи ҳоксорӣ ниҳон аст. Дар олам муқаддастар аз модар мавҷудоте нест Оре, маҳз бо туфайли ҷонкоҳонии модар мо ба дунё омада, одам ном гирифтем. Аз ин ҷост, ки мо ӯро муқаддас мешуморему дар лаҳзаҳои душвортарин номашро ба забон мегирему мегӯем: Модарам! Модарҷонам! Меҳру муҳаббату самимияти модар ва шабзиндадориҳои модар-ин ҳамаро бо ҳеҷ чиз баробар натавон кард. Модар ҳаст, ки мо ҳастему ҳаёт ҳаст. Кист он касе, ки аллаи модаро нашунида бошад, аз шири сафеди ӯ баҳра наёфта бошад.
Ҳеҷ шоир мисли модар ин қадар бедор нест

Дар сари гаҳвораи шеъраш чунин афгор нест.

Ҳаст ҳар як сатри шоир қатрае аз хуни дил

Ҳамчунон модар, вале ӯро дили хунбор нест.
Модар! Шумо чашмаи ҳастии инсон ҳастед ва ҳаёти инсон ба Шумо вобаста. Калимаи Модар калимае мебошад, ки дар тамоми забонҳои ҷаҳон як хел оҳанги навозишкорона дорад. Синнусоли мо чанде, ки набошад, ҳоҳ тифл бошем ҳоҳ калонсол, барои мо Модар навозишу нигоҳи вай зарур аст. Ва ҳар қадре, ки муҳаббати кас ба Модар зиёд бошад, ҳамон қадар фарахбахшу дурахшон аст.
Аё модар ба қадрат мерасам ман

Агар чанде ҷавону наврасам ман
Модар! Шумо шахси муқаддас ҳастед вақте, ки симои шумо пеши назарамон меояд аз чашмонатон, аз тамоми ҳастии шумо нур меборад. Ин нур роҳи ояндаи ҳаётамонро равшан месозад.
Модар офарандаи ҳаёту мамот буда аз ҳама қимматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмондана нур мепошад, ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистоне мекунад.
Хизмати модар намудан қарзи ҳар кас будааст

Хизматаш ҳар кас накард номарду нокас будааст
Биёед модаронамро дӯст дорем, ҳурмат кунем то он даме, ки онҳо ҷон дар баданашон доранд на баъди маргашон.
Гуфтам Модар? Гуфт ҷонам,

Гуфтам дард дорам? Гуфт бачаҷонам,

Гуфтам хастаам? Гуфт парешонам

Гуфтам гурустнаам? Гуфт бихӯр аз саҳми нонам.

Гуфтам куҷо бихобам? Гуфт руи чашмонам.
Ман 1 бор нагуфтаам, ман хубам шодам модарам , ҳамеша аз дард гуфтаму аз ранҷ. Акнун ман мехоҳам , ки ба тамоми олам фарёд занам: “ Модарҷон , ман шуморо дӯст медорам. Мисли, ки модарамро дӯст медорам, падарҷонамро чунин дӯст медорам.
Падар дарёст, модар оби он аст !

Падар дунёст, модар зеби он аст!

Падар кӯҳ асту модар қуллаи он.

Падар хуршед, модар нури он аст.

Кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 ассистент Алишерова Н.А ва донишҷӯёни курси 4 ФТ гурӯҳи 14.

11.03.2020     97