Масъалаҳои маориф ва забони давлатӣ дар меҳвари Паём

           Паёми навбатии Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми мавзӯъҳои муҳими сиёсиву ҷамъиятии мардуми кишварро дар бар гирифта, дастуру супоришҳои дар он баёнгардида роҳи ҷомеаро барои расидан ба ҳадафҳо ҷиҳати пойдор ва устувории Ватан равшан менамоянд. Паёми мазкур хеле пурмуҳтаво ва самимӣ буда, дар он пеш аз ҳама масъалаҳои илму маориф, забони давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, сиёсати ҷавонон дар маркази диққат қарор доранд.

   Дар Паёми навбатӣ доир ба масъалаҳои маориф ба   омӯзиши донишҳои замонавӣ,мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ,таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд. Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад. Зикр гардид, ки озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла, «Тоҷикистон –Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» собит намуданд, ки миёни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои зиёде ҳастанд. Дар робита ба ин мо бояд дар мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ фазои илмиро фароҳам оварда, мутахассисони баландихтисосро тарбия намоем.

      Ҳадафи Сарвари давлат аз ин иқдомҳо баланд бардоштани сатҳу савод ва маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, рушди донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ дар кишвар мебошад.

    Қобили зикр аст, ки масъалаҳои ҳифзи забони давлатӣ, поку беолоиш нигоҳ доштани он ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумат ва Сарвари давлат қарор доранд. Пешвои миллат қариб дар ҳамаи вохӯриву мулоқотҳояшон доир ба ин масъала андешаронӣ намуда, таъкид менамоянд, ки ба ҳифзи забони тоҷикӣ ва рушди минбаъдаи он эътибори аввалиндараҷа диҳем. Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо ташаббуси Сарвари давлат баргузор гардида, минбаъд низ идома меёбад, маҳз бо мақсади рушду омӯзиши забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудаанд.

           Дар Паёми навбатӣ зикр гардид, ки забони давлатӣ рукни муҳими давлат ба ҳисоб рафта, як сарвати муқаддаси фарҳангӣ маҳсуб меёбад. Дар баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, забонҳои англисӣ ва русӣ ба азхуд намудан ва ҳифзи асолат ва қудрати он таваҷҷуҳ зоҳир гардад. Вазифа гузошта шуд, ки зиёиён, фархангиён, олимон, нависандагон, рӯзноманигорон дар рушди забони тоҷикӣ ва васеъ намудани вазифаҳои ҷамъиятии он саҳмгузорӣ намоянд. Дар робита ба ин Сарвари давлат доир ба эҳтирому арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ибрози ақида намуданд: «Мо бояд ба рушди забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ низ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Чунки забони давлатӣ яке аз сарватҳои муқаддас ва гаронбаҳотарини мо мебошад». Андешаҳои мазкур аз муҳаббати бепоён нисбат ба забони давлатӣ, ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат шаҳодат медиҳад.

       Пешвои миллат вобаста ба эҳтиром ва омӯзиши   фарҳангу таърихи бостонии миллат низ андешаронӣ карданд: «Тоҷикон фарҳанги бисёр ғанӣ ва таърихи басо пурифтихори бостонӣ доранд. Масалан, танҳо таърихи 5 500-солаи Саразм, ки аз ҷониби олимони сатҳи ҷаҳонӣ, марказҳои муътабари илмии дунё ва созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО эътирофу тасдиқ шудааст, далели раднопазир ва бебаҳси қадимӣ будани миллати тоҷик мебошад». Дар робита ба ин таъкид мегардад, ки «Арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯзиши он, инчунин аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқамон, яъне шоирону адибон ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллат вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад». Чунин суханони Пешвои миллат бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки халқи тоҷик дорои таъриху фарҳанги бою ғанӣ буда, моро водор менамояд, ки бештар ба ин муқаддасот таваҷҷуҳ зоҳир намоем.

     Иқдомҳои дар Паёми имсола баёнгардида бори дигар аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дарак медиҳад ва масъулияти ҷавонону донишҷӯёнро дучанд намуда, онҳоро ба эҳтирому арҷгузорӣ ба сарвати бебаҳо – забони давлатӣ, фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, аз худ кардани мероси ҷовидонаи гузаштагонамон, яъне шоирону нависандагон ва олимону мутафаккирон водор менамояд. Инчунин шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат барои таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ, пешгирии ҷавонон аз омилҳои номатлуб, ҷалби бештари онҳо ба илмомӯзию касбомӯзӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ созгор мебошад.

М.К. Шодиматова – кафедраи забони тоҷикӣ


16.04.2021     278
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php