ЛАТОИФИ ТАБИБОН аз «Латоиф-ут-тавоиф»-и Фахриддин Алии Сафӣ

Фахриддин Алии Сафӣ фарзанди нависанда ва воизи маъруфи асри XV Ҳусайн Воизи Кошифӣ буда, монанди падари худ ҳамчун адиби тавоно дар ривоҷи насри форсу тоҷик саҳми муассире гузоштааст.

Фахриддин Алии Сафӣ соли 1463 дар Сабзавор дар хонаводаи Ҳусайн Воизи Кошифӣ ба дунё омадааст. Баъди ба Ҳирот кӯчидани хонаводаи Ҳусайн Воиз Алии Сафӣ дар ин шаҳр дар ҳузури ду шахсияти бузурги замони худ – Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Абдулғафури Лорӣ бо фарогирии илмҳои маъмули замон машғул гардидааст.

Мувофиқи ахбори сарчашмаҳо ва осори худи Алии Сафӣ маълум мегардад, ки ӯ ҷуз Абдурраҳмони Ҷомиву Абдулғафури Лорӣ бо пешвоёни маслаки Нақшбандияи тасаввуф Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор ва Хоҷа Калон низ робита доштааст ва ду маротиба - дар солҳои 1483 ва 1485 ба Самарқанд ба хидмати Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор рафта будааст.

Алии Сафӣ муддате дар масҷидҳои Ҳирот бо касби падари худ – вазъгӯӣ машғул шуда, бино ба шаҳодати осори худи Алии Сафӣ ва ахбори маъхазҳои адабӣ-таърихӣ ӯ тақрибан 70 сол зиндагӣ карда, соли 1531 дар Ҳирот даргузаштааст.

Ба қалами Алии Сафӣ ҳудуди даҳ асарро нисбат додаанд, вале аз ҷумлаи онҳо мансубияти ҳашт асар – «Рашаҳоти айн-ул-ҳаёт», «Латоиф-ут-тавоиф», «Маснавии «Маҳмуд ва Аёз», «Ҳарз-ул-амон мин фи-таниззамон», «Кашф-ул-асрор», «Анис-ул-орифин», «Одоб-ул-асҳоб» ва «Луғати Алии Сафӣӣ» ба назари мо муътамад менамояд. Мавҷудияти ду асари дигари Алии Сафӣ, яъне «Рисола дар махориҷи ҳуруф» ва «Девони ғазалиёт»-и ӯ исбот нашудааст ва то ҳол нусхае аз он асарҳо ба даст нарасидааст.

Алии Сафӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик қабл аз ҳама бо асари камназири худ – «Латоиф-ут-тавоиф» мақом ва мартабаи хос пайдо намудааст.

«Латоиф-ут-тавоиф» дар пайравии «Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ, «Ахлоқ-ул-ашроф» ва «Рисолаи дилкушо»-и Убайди Зоконӣ ва амсоли онҳо таълиф гардида, дорои хусусиятҳои хоси худ мебошад. «Латоиф-ут-тавоиф» ва тозагии сабки он дар шакли мунозира ва мубоҳиса навишта шуданаш мебошад, ки дорои сабки махсуси иншо ва нигориш аст.

Аз рӯи тартиби мавқеи иҷтимоӣ дар асар латифаҳо дар бораи ҳакимон, шоирон, занону мардони зарифтабъ, бахилону пурхӯрон, тамаъкорону дуздон ва гадоён, кӯдакону ғуломон ва канизон, аблаҳону даъвогарони пайғамбариву дурӯғгӯён зикр гардидааст.

Яке аз фаслҳои «Латоиф-ут-тавоиф» латифаҳоеро дар бар мегирад, ки ба табибон бахшида шудааст. Дар рафти баёни латифаи ба ин ё он табиб бахшидашуда андешаҳои муаллиф дар бораи табиб, тарзи табобат, муомила бо беморон, роҳу усулҳои табобат, натиҷаи табобати беморон ва ҳунари муолиҷавии табибон баён карда шудаанд.

Дар баробари он ки вазифаи ҳар як латифаи асар ҳазлу мутоиба ва ба шодиву фараҳ овардани дилу табъи хонанда аст, дар паи он ҳадафи тарбиявӣ ва ибратомӯзӣ ҳам ниҳон аст, ки хонанда аз нуқсонҳои ахлоқӣ ё маънавии қаҳрамонони асар ибрат омӯзад ва онҳоро дар зиндагии хеш такрор насозад.

Умед аст, ки чопи чанд намунаи латифаҳои Фахриддин Алии Сафӣ аз китоби «Латоиф-ут-тавоиф» алоқамандон ва мухлисони насри классикии форсу тоҷикро барои бо мазмуну муҳтавои комили ин асари арзишманд ошно шудан талқин месозад.


02.04.2021     415
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php