КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН- РАҲНАМОИ ҶАВОНОН ДАР ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ВА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ

Имрӯз барои мардуми тоҷик иди бузург аст, зеро онҳо ду иди бузургтарини таърихии хеш, яъне солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи тақдирсози XVI- уми Шрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун идҳои поягузорони истиқлолияти воқеӣ идҳои дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун соҳиби давлати комилҳуқуқ шинохта шудани қадимтарин миллати Осиёи Маркази–тоҷикон, иди барқароршавии адолати таърихӣ дар сарнавишти миллати куҳанбунёди моро ботантана қайд мекунанд.

Тамаддуни башарӣ гувоҳ аст, ки дар тӯли ду ҳазор соли сипаригаштаи милодӣ бар сари мардуми тоҷик чӣ бадбахтие наомада буд. Аммо миллати сарбаланди тоҷикро на теғи шамшери Искандари Мақдунӣ, на тозиёнаи Ибни Қутайба, на қатли оми Чингизхон, на калламанорахои Темури Ланг аз азму иродаи истиқлолиятхоҳӣ, давлату давлатдорӣ ва рисолати пояндаи фарҳангии аҷдодӣ шикаста натавонист. То кунун номи шахсони абармард ва пуштибони истиқлолият Шераку Спитамен, Деваштич, Муқаннаъ, Сумбоди Муғ, Темурмалик ва Махмуди Торобӣ аз хотири мардуми тоҷик зудуда нашудааст. Дар пойдории истиқлолияти фарҳангӣ ва баҳори умри миллат фарзандони дигари фарзонаи он А.Рудакӣ, А. Фирдавсӣ, Ибни Сино, А. Берунӣ, Н. Хусрав, К. Хуҷандӣ, Наршахию Дақиқӣ низ саҳми босазое гузошта буданд.

Ҳанӯз дар солҳои 90-ум муждаи истиқлолияти Тоҷикистон аз гӯшҳо нарафта, бо кӯшиши душманони миллат, курсихоҳони маҳалбоз, муллотарошони бехабар, думравони ғаразманди хориҷӣ аз ноӯҳдабароии роҳбарони сиёсии онвақта истифода бурда, Тоҷикистон ба гирдоби даҳшатбори ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд . Дар чунин шароити вазнин иҷлосияи таърихии XVI - уми Шӯрои олии ҷумҳурии Точикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд доир гардид, ки барои хотима гузоштан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарор намудани хоҷагии харобгаштаи кишвар таҳкурсии устувор гузошта буд.

6- уми ноябри соли 1994 аз тариқи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи нави ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Бори нахуст дар Конститутсия дарҷ гардид, ки Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад. Бо гузашти чанд соли дигар зарурияти тағйир додани сохтори мақомоти қонунбарор пеш омад ва боз ҳам бо майлу иродаи халқ аввалин маротиба дар таърихи навини кишвари мо парламенти нави касбӣ, ки иборат аз ду палата аст таъсис дода шуд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шаҳодатномаи миллат барои табақаи ҷавонони кишвар низ шароити озоди зиндагиро фароҳам оварда, маҳз дар ҳар боб ва моддаи он вобаста ба зиндагии шоистаи мардум маълумот дода шудааст. Ҷавонони кишварро лозим аст, ки бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллӣ, дар зери қонунҳои амалкунандаи кишвар, ки маҳз дар ҳамин раҳнамои зиндагии озоду демократии халқамон зикр гардидааст кору фаъолият намоянд. Имрӯз дар ҷаҳони муосир бар асари ҷангҳои давомдор, бархӯрди тамаддунҳо ҳуқуқҳои аксарияти шаҳрвандон поймол гардида, тамоми сохторҳои давлатдории онҳо фалаҷ гардидааст.

Ҳанӯз дар солҳои аввали истиқлолият ва дар замони паси сар гардидани даргириҳои сиёсӣ роҳбари давлат дар мулоқоти худ ба ҷавонони кишвар муроҷиат намуда буданд, ки «Боиси хушбахтист, ки шумо ҷавонон баъди паси сар намудани имтиҳону озмоишҳои шаддиди зиндагӣ бо умеди тарҳирезии ояндаи нек ин ҷо ҷамъ омадаед. Ҳадафи ман аз суханронӣ дар ин ҷо ҳушдор сохтани шумо ҷавонон аз хатогиҳои гузашта мебошад, ки шумо бояд сабақ омӯзед дар раванди минбаъдаи таърих муттаҳид бошед ва ваҳдату якдилиро пеша намоед. Чунки дар оянда маҳз аз байни шумо ҷавонон пешвои сиёсӣ, роҳбарони ҳизбу ҳаракатҳо, вазорату муассисаҳо ба камол мерасанд» .

         Баъди 25-соли иситиқлолияти кишвар роҳбари давлат ба ҷавонони кишвар баҳои баланд дода, дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ бо қаноатмандӣ изҳор намуда буданд, ки «Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу аҳлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳам боиси ифтихори мо мебошад».

Бояд зикр кард, ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумат ва роҳбарияти Олии сиёсии мамлакат дар ҷавонони кишвар рушд додани зиракии сиёсӣ мебошад, ки ба он бақову пойдории Тоҷикистони соҳибистиқлол вобаста аст. Ҷаҳонишавӣ имрӯзҳо ба муҳимтарин масъалаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ки дар баробари тараққиёти босуръати илму техника пайомадҳои манфиеро ба бор овардааст, ки боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст. Тероризму экстремизм, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон реша давонда ба Тоҷикистони мо низ бе таъсир намондааст.

Албатта ҳаёт дар ҳар кишвар хоҳ он мутараққӣ бошад хоҳ якандоза қафомонда ҳатман аз проблемаҳои мубрам иборат аст ва роҳҳои ҳалли онҳо дар ҳамаи кишварҳо яксолу дусол нахоҳад буд. Пас агар сулҳу ваҳдатро ғанимат шуморему шукри истиқлолият кунем ва дар асоси ин ҳуҷҷати сарнавиштсози миллати худамон амал намоем бовари дорем, ки миллати заҳматкаши мо тоҷикон низ ҳамагуна проблемаҳоро пас аз чанд муддат ҳал хоҳанд намуд.

Аммо дар фуроварди сухан ҳушдор бояд дод, ки ҳанӯз ҳам қувваҳои ҷудоиталаб дар хориҷи кишвар вуҷуд доранд, ки онҳо бо чунин роҳ рафтани кишвари соҳибистиқлоламонро намехоҳанд ва мехоҳанд, ки боз аз нав тибқи мақоли тоҷикӣ «обро лой карда моҳӣ доранд». Ин бошад аз ҳар фарде, ки худро тоҷикистонӣ мехонад, сарфи назар аз ақоиди сиёсӣ ва мазҳабиаш зарурияти бештари ҳушёрии сиёсиро тақозо менамояд ва ин ҳушёрии сиёсиро мо танҳо метавонем дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвар, ки Конститутсияи кишварамононро танзим менамояд ба роҳ монем ва дар бартараф намудани пайомадҳои манфии ҷаҳонишавӣ саҳми арзанда гузорем. 

Шуъбаи тарбия


31.10.2020     248
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php