ХУСУСИЯТҲОИ АЛОМАТҲОИ КЛИНИКӢ ВА ПЕШГИРИИ ПНЕВМОНИЯИ КОВИД – 19

Мустафакулова Н.И.

Д.и.т., дотсент, мудири кафедраи бемориҳои дарунии №3,

МДТ “ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино”
Дар айни замон, пневмонияи вирусӣ ва бактериявӣ ҳамчун бемории мавсимӣ зиёд шуда истодааст, лекин зукоми мавсимиро аз пневмонити ковид - 19 фарқ кардан лозим аст.
Як чизро кайд кардан лозим аст, ки пневмония вируси, яъне баъди зуком хеч вакт дар танхои равиш намеёбад, балки дар хамрогии бо бактерияҳо авҷ мегирад. Ё ин, ки агар дар шахсони, ки ба пневмонияи шадид дучор хастанду ва дар онҳо иммунитеташ паст бошад дар оянда вирусҳо ҳамроҳ мешаванд. Инро бо забони русӣ “вирусно-бактериальные микстинфекции” меноманд.
Ба ҳамаи табибон маълум аст, ки
Зуком бо се намуди микроорганизмҳо руҳ медиҳад. Намудҳои А ва В ба сироятҳои мавсимӣ оварда мерасонанд, ки давраи аввал дар охири тирамоҳ ва аввали баҳор хотима меёбанд.
Пандемия зуком дар давоми 100 соли охир, якчанд даврҳо гузаштааст:
1. Пандемияи Испанӣ аз соли 1918 то 1919 шумораи одамони сироятёфта буд – 1 миллиард, шумораи фавтҳо – 50 миллион, ин 2,5% ташкил кардааст
2. Зукоми Осиёи соли 1957 – шумораи одамони сироятёфта буд - 0,5 миллиард, шумораи фавтхо 2 млн, - 1,2 %
3. Зукоми Хонг - конг (1968-1969) - шумораи одамони сироятёфта буд – 0,5 милиард, шумораи фавтхо 1 млн, камтар аз 0,19% ташкил кардааст.
4. Зукоми хук- 2009-2011 шумораи одамони сироятёфта буд – 100 млн., шумораи фавтхо бисёртар 120 000, камтар аз 0,19% ташкил кардааст.
Пневмония илтиҳоби шушест, ки аз бактерияиҳо, вирусҳо, замбуруғҳои гуногун ба вуҷуд омада, ба осебёбии ва экссудататсияи алвеолаҳоба оварда мерасонад. Аломатҳои пневмония: сулфа, табларза, баландшавии ҳарорати бадан, бадшавии ҳолати умумии бадан, дарди сар ва қафаси сина. Дар акси рентген тарашутҳо (инфилтратҳоҳо) пайдо мешавад.
Боз зиёда аз 20 намудхои (штамҳои) коронавирус маълум хастанд, ки онҳо сироятҳои сабуки роҳи нафасро ба вуҷуд меоранд.
Як чизро кайд кардан лозим аст, ки вирусҳо аз он ҷиҳат фарқ мекунанд, ки онҳо доимо дар организми инсон вуҷуд доранд ва саломатии инсонба зарар намерасонад, лекин дар вақти паст будани масуният (иммунитет) афзоиш меёбанд ва зарарри худро мерасонанд.
Коршиносони Гонконг исбот кардан, ки шароити идеалии обу ҳаво барои паҳншавии коронавирус ҳароратҳои аз 5 то 9 дараҷа будааст.
Мавҷгирҳои моҳвора (спутниковые антенны) дар як хона хатто, ки 5-6 дона дар бомҳо ҷойгир карда шудааст, оташдонҳои микромавҷӣ (микраволновые печи), телефонҳои мобилӣ, компютерҳо аз хад зиёд ба инсон зарари худро мерасонад, дар ин ҳолат иммунитети инсон паст шуда, натонҳо пневмонияҳои вируси ва бактериали, омосҳои бадсифат ва дигар бемори сирояти авҷ меёбанд. Ҳаминро таъкид кардан лозим аст, ки аломатхои манфияш ба аломатхои зукоми вирусӣ монанди дорад: cулфаи хушк, дамкутохи, дарди сар, баландшавии харорати бадан беҳоли, бекувватӣ пайдо мешавад. Дар томографияи компюьтери
Пневмонияи ковид - 19 ба вайроншавии девораҳои альвеолаҳо оварда мерасонад. Ин беморӣ аксар вақт тавассути ворид шудани вирусҳои гуногун ба бадани инсон сабаб мешавад, аммо дар баъзе ҳолатҳо муайян кардани сабаби рушди он имконнопазир аст.
Ҷустуҷӯи мо дар адабиёти тиббӣ - Cochrane, Scopus, Google Scholarро, PubMed, Embase дар бораи «Ковид – 19» нишон дод, ки дар таҳқиқоти пешак, 100% шутурони яктеппа (одногорбых) (Camelus dromedarius) дар Оман ва 14% дар ҷазираҳои Испания барои антителоҳои зидди MERS-CoV мусбат буданд.
Пневмонити ковид метавонад шадид, муваққатӣ ё музмин бошад, ки ба инкишофи норасогии нафас оварда мерасонад. Азбаски вирус дар давоми давраи инкубатсия тақрибан 7 рӯз фаъол аст, муайян кардани вақти сироят қариб ғайриимкон аст.
Аломатҳои асосии сирояти коронавирус маълуманд - баландшавии ҳарорати бадан; сулфаи (хушк ё бо миқдори ками балғам) дамкутохи, конюнктивит, қайткунӣ, вайроншавии ҳиссиёти бӯй, дарунравӣ, дарди сар ва гулу, беҳоли, бекуввати. Пеш аз фарорасии нишонаҳои аввал аз ду то 14 рӯз мегузарад, ба ҳисоби миёна панҷ рӯз. Дар аввал, беморӣ дар шакли сабук ё бе ягон нишона идома меёбад.
Нишондиҳандаҳои асосии лабораторӣ барои Ковид - 19 ин лейкопения (хусусан лимфопения), коагулопатияи истеъмол, сатҳи баланди креатинин, лактати дегидрогеназа ва ферментҳои ҷигар мебошанд. Ғайр аз он, дар беморони гирифтори пневмонити ковид – 19 якҷоя сироят бо дигар вирусҳои нафаскашӣ (параинфлюза, зукоми A, риновирус, вируси герпес) ва сироятҳои бактериявӣ (Klebsiella pneumoniae, Staphylococcus aureus), ва Кандида ҳамроҳ мешаванд.
Ташхиси пневмонияи Ковид – 19
Ташхиси ин бемори:
- бо аксуламали занҷири полимерӣ, яъне санҷиши зуд барои коронавирус (полимерно-цепная реакия - ПЦР) (аз гирифтани санҷиш аз гулу, аз балғами аз ҳалқ)
- вирусологӣ;
- иммунофлуоресцентсия (муайян кардани патоген дар луобҳо аз луобпардаи бинӣ);
- серологӣ, лекин аломатҳои клиники ҷои аввалро ташкил мекунад, чунки тестҳо бардурӯғ мусбат шуданаш мумкин аст.
Вазири тандурустии Федератсияи Руссия Михаил Мурашко дар мусоҳибаи телеканали “Руссия” (09.04.20) гуфт, ки духтурон имкон доранд, ки пеш аз тасдиқи лабораторӣ ташхиси сирояти коронавирусро монанд.
Стандарти тиллоии ташхиси пневмонити ковид - 19 - томографияи комьютерии шушҳо мебошад. Дар томографияи компютерии шуш аломати “Шишаи хира” (симптом “Матового стекла”) пайдо мешавад.
Табобати пневмонияи Ковид – 19
(Таҳлили маълумотҳои адабӣ)
Ягон доруи мушаххас барои табобати COVID - 19 вуҷуд надорад. Бо фармони Вазорати тандурустии ФР: аз 15 апрел соли 2020 (№ 433) беморони, ки ба пневмонияи равиши сабуки COVID-19 дучор ҳастанд дар хона табобат карда мешаванд.
Он бо истифодаи препаратҳои антивирусии анъанавӣ гузаронида мешавад. Олимони Ҷопон таъсири нӯҳ доруҳои зиддиретровирусиро ба зарраҳои вирусии SARS-CoV-2 озмоиш карданд.
Табибон муайян карданд, ки ҳатто ҳангоми миқдори хурди нелфинавир (06.05.20) афзоиши вирусро қатъ мекунад.
Одатан, пневмонит ба муолиҷаи антибиотикҳо ҷавоб намедиҳад, аммо кортикостероидҳо метавонанд ҳолати беморро дар вақти будани оризаҳо (варами шушҳо, мағзи сар ва ларингиалӣ) сабук гардонанд. Ҷанбаи муҳими табобати пневмонити ковид - 19 дар ҳолати оризаҳои зуком (пневмонияи вирусӣ – бактериалӣ) табобати интихоби - антибиотик мебошад!
Далелҳо вуҷуд доранд, ки кортикостероидҳо дар табобати COVID-19 дар марҳилаҳои алоҳида метавонанд ба ҷараёни беморӣ таъсири манфӣ расонанд. Азбаски онҳо иммунитети инсонро мағлуб мекунад, лекин дар айни замон, ҳолатҳое ҳастанд, ки тӯфони цитокиниро ва оризаҳои вазнини ковидро бе кортикостероидҳо баровардан имкон пазир аст.
Тадқиқоти олимони амрикоӣ нишон дод, ки истифода бурдани антикоагулянтҳо дар табобати пневомнити COVID-19, эҳтимолияти зинда мондани онҳоро имкон медиҳад.
Ҳангоми сироятёбӣ бо сироятҳои шадиди вирусӣ, аз ҷумла коронавируси нав, иммуномодуляторҳо, метавонанд хатарнок бошанд. Дар амал, аксар вақт мушоҳида мешавад, ки беморон худсарона имуностимуляторҳо истефода мебаранд. Ба гуфтаҳои олимони Олмон ва Амрико иммуностимуляторҳо тӯфони ситокинӣ (цитокиновый шторм) ба вуҷуд меорад ва ҳолати умумии беморро бад карда ва фавти бемор оварда мерасонад. Ҳолате, ки тӯфони ситокинӣ номида мешавад, бо табларза, кайкунӣ, дарунравӣ, заифӣ, дард дар қисмҳои гуногуни бадан ва каммшавии кислород дар хун зоҳир мешавад.
Дар таҳлилҳои хун ситопения (кам шудани шумораи ҳуҷайраҳо), лимфопения (камшавии шумораи лимфоситҳо) ва баланд шудани сатҳи ферритин мушоҳида карда мешавад. Ҳангоми таҳияи шумораи зиёди ситокинҳо, норасоии узвҳои зиёд ва дар натиҷа марги бемор ба амал омада метавонад. Гиперцитокинемия яке аз сабабҳои марг дар вақти зуком аст.
Дар ин ҳолат духтурон иммуносупрессантҳо истифода мебаранд, ки майли фаъолияти ситокинҳоро паст мекунанд.
Ва чизи аз ҳама муҳимро дар хотир бояд дошт, ки пневмонити вируси сабук ва миёна вазнин мегузарад ва фавти асосан бо сабаби оризаҳон он ба вуҷуд меояд.
Ва хар як духтур бояд пеш аз фарорасии нишонаҳои вазнин, аломатҳои барвақти оризаҳоро пайгирӣ кунад ва аз онҳо сари вақт кӯмак расонад.
Оризаҳои вазнин ин аст:
- садмаи сирояти-токсики ва септики,
- варами шуш,
- тромбэмболияи артерияҳои шуш,
- варами мағзи сар,
- варами ларингиали мебошад.
Чорахои пешгирикунанда.
1. Тадбирҳои психотерапевтӣ барои мубориза бо тарсу ваҳм. Зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ гузаронида шаванд.
2. Мунтазам дастҳоро бо маҳлулҳои спиртдор пок карда ё бо собун шуштан лозимаст.
3. Нагузоред, ки гӯшт ё хӯрокаҳо дар шароити антисанитарӣ омодашуда мавҷуд бошад.
4. Боварӣ ҳосил кунед, ки мева ва сабзавот пеш аз хӯрокхӯрӣ хуб шуста шудааст.
5. Пеш аз ҳама, инкишофи вирусро нури офтоб ва радиатсияи ултрабунафшро қатъ мекунад.
6. Дар 50 соли охир, табобати лазерии воридӣ худро ҳамчун усули самараноки табобат ва пешгирии бемориҳои гуногун, аз ҷумла сироятҳои вирусӣ, муқаррар кардааст.
7. Истифода кардани васеъ чароғҳои ултрабунафшаи бактерисиди.
8. Дар моҳи сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустии МДТ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино гуфтааст, ки бо вуҷуди он ки мо баъзе намуди доруҳоро аз гиёҳҳо истеҳсол мекунем, имконоти ва захираҳои Тоҷикистон то ҳол пурра истифода намебаранд.
9. Истифодаи Хазориспанд (Гармала, Исириқ). Тадқиқотҳои таҷрибавӣ хосиятҳои антивирусии ҳазориспандро бар зидди энтеровирус 71 (вируси энтеритҳои кӯдакон), вируси герпеси навъи 2 (НБУ-2) ошкор намуданд. Истихроҷҳои тухми спиртӣ ва дуди ҳазориспанд ба вируси грипп таъсири бад доранд.
10. Фитонсидҳои сирпиёз, пиёз, қаламфури сурх бисёр намудҳои бактерияҳо, вирусҳои поёниро дар дақиқаҳои аввал ва ҳатто сонияҳо мекушанд.
11. Тмин Боридж (сиёҳдона). Бисёр корҳои илмию-тадқикоти тасдиқ кардааст, ки равғанҳои эфири сиё донак ҳосиятҳои зидди бактериявӣ ва ва вирусӣ дорад. Сиёҳдона дар ривоҷ додани вазифаи ғадуди Тимус иштирок мекунад. Чё хел маълум аст, ки ғадуди тимус (вилочковая железа) дар муҳофизати тамоми организми инсон иштирок мекунад! Истифодаи капсулаи сиёҳдона дар хуни одам шумораи Т-лимфоситҳо ва дигар ҳуҷайраҳо, ки барои зиёд кардани масуният масъуланд имкон медиҳанд, ки бисёр бемориҳои вазнинро зуд табобат кунанд.
12. Васеъ истифода бурдани антикоагулянтҳои табиӣ (гелос, малина, сирпиёз, олу, имбир).
13. Ҳеҷ вақт набояд шумо худсарона табобат кунед.
Ҷумхурии мо рӯз ба рӯз шукуфон шуда истодааст. Бисёр иморатҳои зебои баландошиёна сохта мешаванд. Замин барои рушди хоҷагии дехот ба мардум тақсим шуда истодааст. Неку аҳолии ҳалқи Тоҷикистони азизамон то рафт баланд шуда истодааст. Беморхонаи нав дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба таври иловагӣ сохта шуда, муваққатан табобати беш аз 3000 нафарро фаро хоҳад гирифт.
Ва дар охир гуфтани хастам, ки саломатии хар яки мо дар дасти мо хаст ва иҷро намудани чораҳои пешгирии сирояти вирусӣ ва бактерияҳо вобаста мебошад.
Адабиёт
1. Всемирная организация здравоохранения. Клиническое руководство по ведению пациентов с тяжелой острой респираторной инфекцией при подозрении на инфицирование новым коронавирусом (2019-nCoV). Временные рекомендации. Дата публикации: 25 января 2020 г. URL.
2. Всемирная организация здравоохранения. Временное руководство по рациональному использованию средств индивидуальной защиты от коронавирусной болезни (COVID-19): 19 марта 2020 г. URL: https://apps.who.int/iris/handle/10665/331498.
3. Хабибуллаев Б.Б., Алиев Х.У., Алимова М.Т., Батырбеков А.А. Иммуномодулирующие свойства карелинии каспийской и гармалы - Журнал теоретической и клинической медицины 2015, 1, 46-50.
4. Apostolico I., Aliberti L., Caputo L., De Feo V., Fratianni F., Nazzaro F., Souza L.F., Khadhr M. Chemical Composition, Antibacterial and Phytotoxic Activities of Peganum harmala Seed Essential Oils from Five Different Localities in Northern Africa - Molecules. 2016, Sep 15, 21(9), pii: E1235. doi: 10.3390/molecules21091235.
5. Astulla A., Zaima K., Matsuno Y., Hirasawa Y., Ekasari W., Widyawaruyanti A., Zaini N.C., Morita H. Alkaloids from the seeds of Peganum harmala showing antiplasmodial and vasorelaxant activeties -J. Nat. Med. 2008, Oct., 62(4), 470-472.
6. Al-Tawfiq J. A., Memish Z. A. Update on therapeutic options for Middle East Respiratory Syndrome Coronavirus (MERS-CoV) // Expert review of anti-infective therapy. 2017. 15. № 3. С. 269–275.
7. Baig A.M. et al..Evidence of the COVID-19 Virus Targeting the CNS: Tissue Distribution, Host–Virus Interaction, and Proposed Neurotropic Mechanisms. ACS Chem. Neurosci. 2020. doi:10.1021/acschemneuro.0c00122.


27.05.2020     1593
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php