Худшиносӣ - раҳнамои ҷавонон

Таърих хотираи инсоният буда, ҳељ фард бе омӯзиши таърихи кишвари хеш аслу насаб ва маърифати бумиву зотиашро пойдору бегазанд нигоҳ дошта наметавонад. Тоҷикон дар таърихи тамаддуни дунё мавқеи хоса доранд. Тоҷик бо кору пайкор барои ноил шудан ба озодӣ, бо созандагӣ ва бунёдкорӣ, бо ақлу заковати фарзандони нобиғааш дар арсаи илму адабу сиёсат, бо расидан ба даврони эҳёи давлатдорӣ ва чашидани заҳри шикаст, бо талошҳо баҳри худшиносӣ ва огоҳии миллат таърихи худро ғаниву рангин сохтааст.

Бо шиносоӣ ба таърихи миллати тоҷик кас гоҳе аз ҳунари волои давлатдории гузаштагонамон меболад, баъзан аз шикасти ҳукумат, ҷоҳталабӣ, ҷангу ҷидол ва ҷахолату хунрезии бародарон ба хотири тахту тоҷ ва шуҳрату нафс, ки теша ба решаи давлат задааст, тохтутози ваҳшиёнаи аҷнабиён, саросар нобуд шудани мардумони бегуноҳ ва харобу валангор гаштани марказҳои фарҳангӣ дил реш мегардаду ба андеша водор месозад.

Аз 16 то 26 сентябр дар шаҳри Варшава машварати навбатии солонаи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА)  бо иштироки  қариб 60 давлат доир гардид.

 Машварати солонаи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА яке аз бузургтарин ҳамоишҳои ҷаҳонӣ дар боби арзишҳои демократӣ ва масъалаҳои ҳуқуқи башар ба шумор меравад. Дар он давлатҳои узви САҲА ва даҳҳо созмонҳои миллию байналмилалӣ иштирок намуда, ҳудуди ду ҳазор вакил дар муддати ду ҳафта маҷмуаи масъалаҳои ин самтро баррасӣ карданд.

Ҳар давлат мавқеи худро дар самти таъмин ба арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар муаррифӣ намуда, дар ин масъалаҳо гузориш доданд ва сиёсати худро ҳимоя карданд.

         Намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон дар конфронси САҲА мавқеи Тоҷикистонро тибқи мавзӯъҳои рӯзномаи конфронс муаррифӣ ва дифоъ карданд. Ин ҳайат аз афроди босалоҳият ва коршинос дар масъалаҳои рӯзномаи конфронс таркиб ёфта буд ва ҳар кас дар соҳаи худ дорои масъулият, салоҳият ва таҷрибаи кофӣ аст. Умуман, аз ҷониби Тоҷикистон маҳз давлати Тоҷикистон узви САҲА аст, на ягон ташкилот ё фарди алоҳида. Бинобар ин, давлат ҳамчун узви расмӣ дар конфронси ин созмон иштирок намуд.

Намояндагони мухолифи ҳукумат, гурӯҳу созмонҳои мухолифон, аз ҷумла Паймони миллии Тоҷикистон ва афроди алоҳида, ки аксаран муқими Аврупо мебошанд, дар ҳамоиши имсола иштирок намуданд. Дар тӯли ҳафта, ҳам сиёсати давлат гуфта шуд, ҳам воқеияти ҷомеа нишон дода шуд, ҳам баъзе тасаввуру маълумотҳои ғалати ҳозирин ислоҳ шуданд. Ҳайати Тоҷикистон дар анҷоми рисолати худ комёб буд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки давлати Тоҷикистон имрӯз дигар на давлати соли 1992 аст, на давлати соли 1997 ва ҳатто на давлати соли 2015. Бинобар ин, мухолифати чанд нафар ба раванди бузурги созандагӣ ва ваҳдати умумимиллӣ таҳдиди амалие нест. Фақат аз назари иттилоотӣ ба ин фазо халал меораду аз назари шаҳрвандӣ хиҷолат боқӣ мегузорад. Номзади илмҳои сиёсӣ Абдуллоҳи Ҳакими Раҳнамо, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон, дар муқаддимаи китоби худ навиштааст: "Мардуми Тоҷикистон шахсияти Эмомалӣ Раҳмонро ба тадриҷ ҳамчун роҳбари тавоною пуртаҷриба ва ҳамчун Пешвои воқеии худ пазируфта, ин мафҳум ва ин мақом дар зеҳни ҷомеа пухта расида буд. Аз ин рӯ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» бештар нақши мақоми ҳуқуқӣ бахшидан ба ин воқеияти таърихиро дошт». Абдуллоҳи Раҳнамо  аз нафаронест, ки барои рушди маънавиёти ҷомеаву миллат бетаваҷҷӯҳ набуда, наметавонанд барои ҷомеаву миллаташон талош наварзанд. Абдуллоҳи Раҳнамо ба маънои томаш як шахсиятест бо тафаккури давлатмандона дар раддаи аввали чеҳраҳои миллӣ қарор дорад. Аммо ба хидмати ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон пардохтани ӯро дар ҷомеа, хоса дар миёни мухолифини мазҳабӣ хуш напазируфтанд. Шояд ба он далел, ки овони наврасиву ҷавонии ӯ дар хориҷ миёни мухолифини вақти ҳукумат гузаштаасту ӯ аз муҳаққиқони аслии исломи сиёсӣ дар Тоҷикистон шинохта мешуд. Навиштаҳои ӯ ҳамчунин дар нашрияҳои илмии кишварҳои Русия, ИМА, Британия, Олмон, Шветсария, Шветсия, Ирон, Афѓонистон, Индонезия, Туркия, Украина, Қазоқистон, Қирѓизистон ва ғайра ба нашр расидаанд.

Ҳамчун коршиноси масоили муносиботи давлат ва дин, масъалаҳои шинохти Афѓонистони муосир дар сатҳи байналмилалӣ шинохта гардидааст.Мисрањои эљоднамудаи Абдуллоҳи Ҳакими Раҳнамо  бо номи  “Инќилоб“ моро  водор месозад, ки  дар гуфтору кирдори хеш лањзае андеша намоем:

         Гар ба бонги бомдодӣ рахт барбандӣ зи хоб,

Гар расӣ то коргоҳат гарм ҳамчун офтоб,

Гар ту дорӣ тарҳи нобу фикри нобу ҳарфи ноб,

Гар туро пок аст хону хонаву молу ҳисоб,

Гар диҳӣ дар қитъаи худ пеши виҷдонат ҷавоб,

Пас ҳамин аст инқилоб!

Гар бидонӣ қадри вақту гар шиносӣ қадри ёр,

Гар ба касби худ расӣ то зинаҳои ифтихор,

Гар набахшиву нагирӣ ришва дар иҷрои кор,

Гар ба илму фан намонӣ аз замони худ канор,

Дар бари фарзанд як соат нишинӣ бо китоб,

Пас ҳамин аст инқилоб!

Ёд дорӣ “кӯдаке мегашт бо қуттии худ”?

Ин ҳикоят сарнавишти кӯдаки тоҷик шуд,

Ормони насли истиқлол ҳаргиз ин набуд,

Гар тафаккур бандагӣ бошад, аз озодӣ чи суд?

Гар ба сӯйи худшиносӣ рӯ кунад шайху шабоб,

Пас ҳамин аст инқилоб!

Инқилоби Миср ҷаҳлу зулмро якбора кард,

Инқилоби Шом ними халқро овора кард.

“Инқилоби нарм”-и Гурҷистон ватанро пора кард,

Инқилоби Украина мулкро бечора кард.

Меҳани мо гар амон монад аз ин мавҷи хароб,

Пас ҳамин аст инқилоб!

Инқилоби ҳар яки мо, ростии кори мост,

Рӯшании фикри мову дидаи бедори мост,

Дасти поку қалби поку лафзи беозори мост,

Инқилоби ҳар яки мо нанги мову ори мост.

Ҳар яки мо гар ба кори хеш гардад комёб,

Пас ҳамин аст инқилоб!

Айни ҳол, мутобиқи нишондодҳои оморӣ ҷавонони синнашон то 30-сола наздики 70 фисади аҳолии ҷамъияти Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.     Яке аз мушкилоти умдаи имрӯза дар он аст, ки гуруҳе аз ҷавонони худношинос аз ҳаводиси солҳои охир, ки дар давлатҳои дунё ба вуқуъ пайвастаанд ва кишварҳои амну оромро таҳти шиорҳои “озодӣ” ва “инқилоб” ба нуқтаҳои ҷангзада ва ноороми дунё табдил додаанд, бехабаранд.

Барои он, ки мардуми мо, хусусан, ҷавонон маърифати созанда дошта бошанд ва на маърифати сӯзанда, бояд ҳар як фарди дилогоҳу ватандӯст, ҳар кадоми мо даст дар дасти ҳам ниҳем ва дар ҳамбастагӣ онҳоро аз ҷодаи торики гумроҳӣ то шоҳроҳи мунаввари ваҳдат ҳамроҳӣ намоем. Ҳамаи мо вазифадорем, ки пеш аз ҳама, худамон намунаи ибрат бошем, нангу номуси ватандорӣ дошта бошем, мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои миллат ва давлат гирем, воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпарвар бошем.

   

Сардори шуъбаи иттилоот ва нашрия Таибов С.А.

27.07.2020     493
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php