ИСТИҚЛОЛИЯТИ МИЛЛӢ ВА РАВАНДҲОИ ГЕОПОЛИТИКИИ ЗАМОНИ МУОСИР

Яке аз бузургтарин дастовардҳои миллати тоҷик дар асри XX ин эълон гардидани истиқлолияти Тоҷикистон буд, ки баъди ҳазор сол боз давлатдории тоҷиконро ба арсаи ҷаҳонӣ овард. Бо ба даст овардани истиқлолият, миллати тоҷик ҳамчун миллати соҳибдавлат, маърифатпарвар ва сулҳпарвар анъанаҳои давлатдории Куруши Кабир ва шоҳигарии Сомониёнро дар замони нав идома дода, системаи нави давлатдории тоҷиконро таъсис намуд. Аммо шароити ҷаҳони имрӯза шаҳодат аз он медиҳад, ки таҳдидҳо барои ноором сохтани авзои кишварҳо ҳанӯз арзи вуҷуд доранд ва ҳар як давлатро зарур аст, ки барои таъмини бехатарии худ, сиёсати геополитикиро низ ба назар гирад, то ки аз таъсири манфии сиёсатҳои глобалӣ худро эмин нигоҳ дорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар замони муосир омилҳои манфии геополитикӣ, ки метавонанд авзои давлатҳоро ноором созанд, дар ду шакли асосӣ амалӣ мешаванд: дар мавриди аввал ин таъсири манфии системаи глобализм ва дар мавриди сонӣ ин суистифодаи ғаразноки «демократия». Ҳар дуи ин омилҳо имрӯз аз тарафи баъзе давлатҳо ба силоҳи сиёсӣ табдил ёфта, тавассути онҳо ва бо маблағгузории ҳомиёни хориҷӣ авзои давлатҳоро ноором ва ҳаёти мардум зери хатар гузошта мешавад.

Азбаски минтақаи Осиёи Марказӣ ва бахусус мавқеи Тоҷикистон дар сарҳади бархурди манфиатҳои давлатҳои абарқудрати ҷаҳон қарор гирифтааст, таъсири манфии ҷаҳонишавӣ ба дунёи маънавии миллати тоҷик торафт афзудан гирифт ва аз ҳамин лиҳоз, дар фаҳмиш ва дарк намудани сиёсати давлатҳои ҷаҳон ҳушёрии сиёсӣ принсипи ягонаи ҳифзи фарҳанги маънавӣ мебошад. Илова бар ин қайд кардан ҷоиз аст, ки чунин ҷиноятҳо ба монанди терроризм, экстремизм, ҷинояткории трансмиллӣ, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, имрӯз характери глобалӣ гирифтаанд ва зери ниқоби ташкилотҳои сиёсӣ пинҳон шуда, нақшаҳои ғайриқонунии худро амалӣ мекунанд. Беш аз ҳама таҳдид ва хатари глобалӣ дар он зоҳир мегардад, ки ташвиқот ва тарғиботи ғайриконунӣ характери умуми ҷаҳонӣ гирифтааст. Баъзе аз давлатҳо гуруҳҳои ҷинояткорро ҳамчун «гурезаи сиёсӣ» бо паногоҳ таъмин мекунанд ва ҳатто маблағгузорӣ карда, барои манфиатҳои геополитики худ онҳоро истифода мебаранд. Дар доираи ин равандҳо инчунин шакли нави ҷиноятҳо ба монанди киберҷиноят – ҷиноят бо истифода аз технологияи компютерӣ ва интернет аксарияти давлатҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст. Дар замони муосир шабакаҳои инҷтимоии интернет ба як майдони баҳсу мунозира табдил ёфтаанд, ки иштироки озоди тамоми истифодабарандагони ин шабакаҳо, озодии сухан ва баёни фикру ақидаҳоро таъмин менамоянд.    Аммо чунин озодӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷиҳати манфӣ низ дорад. Ворид шудани ҳар як шахс ба доираи баҳсу мунозира бахусус дар мавзӯъҳои худшиносии миллӣ, сохти сиёсӣ ва ақидаҳои динӣ, боиси он мегардад, ки   иштироккунандагон аз баҳси озод ба муқовимати руи рост мегузаранд, ки ин боиси афзоиши зиёд гардидани парокандагӣ дар ҷомеа мегардад. Дар ин баҳсҳо чунин принсипҳои муошират ба монанди таҳаммулпазирӣ, эҳтиром нисбати шахсият, эҳтиром ба арзишҳои динӣ ва миллӣ поймол гардида, баҳс шакли манфиро доро мегардад. Дар маҷмӯъ сабабаи чунин рафтори   баъзе аз шаҳрвандон дар набудани маданияти сиёсӣ, дурбинии сиёсӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳсоси худшиносии миллӣ мебошад. Пурсишҳо дар миёни ҷавонон нишон медиҳанд, ки қисме аз ҷавонон дар як рӯз зиёда аз 6 соат дар шабакахои иҷтимоӣ мегузаронанд. Бо чунин   нишондодҳо мо гуфта метавонем, ки маҳз интернет ҷаҳонбинии ҷавонони моро «сайқал» медиҳад ва онҳоро ба ҳар гуна корҳои зишт ҳидоят мекунад.   Омилҳои манфии шабакаҳои иҷтимоӣ бештар аз ҳама аз тарафи душманони миллат бо мақсади вайрон кардани низоми устувори ҷомеа истифода мешаванд ва   аксарияти чунин сарчашмаҳои хабарӣ аз тарафи ҳаракатҳои зиддидавлатӣ ва ҳомиёни хориҷии онҳо таъсис дода мешаванд. Дар ин хусус ҳаминро бояд қайд кард, ки чунин раванд на танҳо ба шуури ҷавонони алоҳида, балки ба тафаккури миллӣ зарар мерасонад ва ин як намуди экстремизми муосир ба шумор меравад. Доир ба зарари ин омил Пешвои миллат хеле хуб қайд карданд, ки «экстремизм дар доираи нисбатан васеъ зоҳир мегардад. Аз ҷумла экстремизми динӣ, экстремизми идеологӣ ва экстремизми сиёсӣ вуҷуд доранд. Қувваҳои гуногун бар хилофи ҷомеаи мамлакати мо моделҳои худро зӯран ба гардани Тоҷикистон бор карданӣ буданд, ки ин ҳам зуҳуроти дигари экстремизм ба шумор меравад». Дар ин маврид бояд мавқеи дин низ дар ҷомеа ба манфиати халқ хизмат намояд. Дар муайян кардани мавқеи дин дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон барои қонуншиносон зарур омад, к и ду омилро ба назар гиранд: аввалан эътиқод ба дин бояд озод боша д ва дуввум набояд роҳ дод, ки аз ин озодӣ барои расидан ба мақсадҳои сиёсӣ касе суистифода намояд. Барои пешгирии минбаъдаи ифротгароии динӣ, дин аз давлат ҷудо эълон гардида, идеологияи ягона низ тавассути моддаи 8 манъ гардид, зеро «давлати ҳақиқатан демократӣ дар сиёсати худ ба идеологияи дин муҳтоҷ надорад, зеро дар мазмуни он аллакай меъёрхои динӣ амал мекунанд».

Омил ва зуҳуроти дигари ноором сохтани вазъи сиёсии давлатҳо ин ба таври сунъӣ ворид кардани “демократия” ба сохти идоракунии давлат маҳсуб мегардад. Бояд қайд кард, ки дар замони муосир равия ва мактаби нави сиёсатмадорӣ руи кор омадааст ва он номи «технологияи сиёсӣ»-ро гирифтааст. Бо ёрии мактабҳои технологияи сиёсӣ дар давлатҳои Ғарб сиёсатмадоронро дар давраи интихобот барои мардум муаррифӣ мекунанд. Дар ҳамин раванд китобҳо ва   дастурамалҳои зиёд дар хусуси омода кардани элитаи сиёсӣ пешниҳод мешаванд. Аммо дар асл, бо ҳар восита бе дарназардошти фарҳанги сиёсии халқҳо ва миллатҳо ворид кардани демократия дар давлатҳои Осиё, ҳамчун яке аз роҳҳои ноором кардани вазъи сиёсии ин давлатҳо мегардад. Дар мисоли Ливия, Ироқ ва Афғонистон бараъло мушоҳида мекунем, ки чи гуна демократия пойдории ин давлатҳоро нобуд карда, онҳоро ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид. Бояд гуфт, ки худи демократия ҳамчун тарз ва усули идоракунии давлат мафҳуми прогресивӣ дорад, аммо истифодаи ғаразноки он дар баъзе аз давлатҳои Осиё аҳамияти ин равандро зери савол мегузорад. Чуноне, ки Пешвои миллат дар ин хусус қай мекунанд, «давлатҳои Ғарб зиёда аз сад сол пеш ба ин сатҳи демократикунонии ҷомеа расиданд ва дар ин кишварҳо масъалаи фарҳанги сиёсӣ кайҳо ҳал карда шудааст, Демократия дар ин давлатҳо ба парокандагӣ роҳ намедиҳад. Вале фарҳанги сиёсии кишварҳои Осиё аз кишварҳои Ғарб фарқи калон дорад. Ба ин маънӣ қабул кардани чунин модели демократия барои мо ҳанӯз барвақт аст. Вале дарки ин маънои сарфи назар кардани демократияро надорад. Демократияи мо эҳтироми ҳар фарду тамоми мардум, эҳтироми қонуну қонунгузорӣ, фароҳам овардани заминаи фаъолияти ҳар як шахсро барои ҳаёти ором дар назар дорад».

Бо роҳи сунъӣ ноором кардани вазъи сиёсии кишварҳои ҷаҳони саввум аз тарафи давлатҳои абаркудрат дар ҷаҳони имрӯза ҳамчун сиёсати геополитикӣ дониста мешавад. Дар баробари ворид гардидани демократия ва шикасти системаи анъанавии ҳокимияти сиёсӣ, дар аксарияти давлатҳои собиқ Шуравӣ халоеъ дар фазои идеяи миллӣ ба вуҷуд омад. Таҷриба нишон дод, ки бидуни идеяи миллӣ пешрафт ва ноил гардидан ба ҳуввият ё дастовардҳои, бузурги миллӣ ғайриимкон аст. Аммо дар солҳои 1989-1992 ҳатто шахсиятҳое буданд, ки таърихи гузаштаро инкор мекарданд ва   ва ҳатто «сару садоҳое, баланд мешуданд, ки гӯё омӯзиши тамаддуни ориёӣ ва арзишҳои он ба эҳсосоти динии мусулмонон халал мерасонад. Чунин гузориши масъала бебунёд ва аз воқеъият дур буд ва ҳақиқат нишон дод, ки таърихи гузашта ва тамаддуни ориёӣ сирф падидаи фарҳангист ва насли имрӯзу оянда онро ҳамчун таърихи гузаштагонамон мавриди омӯзиш қарор медиҳанд».

Бо максади мустаҳкам кардани мавқеи геополитикӣ, баъзе аз давлатҳо терроризми байналмилалиро васеъ истифода мебаранд. Терроризм ҳамчун яроқи сиёсат ва таъмини гегемонияи давлатҳои абаркудрати ҷаҳон тахдиди ҷиддиро барои давлатҳои ҷаҳон эҷод мекунад. Аз ҳамин ҷиҳат сохтмони системаи муътадили сиёсӣ, ки дар давоми солҳои истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин гардид, шаҳодат аз он медиҳад, ки дар доираи як давлат таъсис додани системаи устувори сиёсӣ ки барои манфиати мардум, сулҳ ва осоиштагӣ фаъолият мекунад, имконпазир аст. Чунин системаи сиёсӣ аз тарафи аксарияти давлатҳои Осиёи Марказӣ эътироф гардидааст ва дуруст будани онро ҳақиқати имрӯзи Тоҷикистон исбот намуд.

Тоҷикистон муборизаро бо экстремизму терроризм ҷонноктар менамояд: «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021–2025» қабул мегардад. Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд. Таъкид месозам, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90 –ум доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд”.

Рафти дигаргуниҳои сиёсии кишвар ва таъсири омилҳои манфиро таҳлил намуда, ҳаминро бояд хотиррасон кард, ки Тоҷикистон дар давраи гузариш ва сохтмони давлатдорӣ карор дорад ва яке аз ҷанбаҳои муҳимтарини ин давра таъмини ҳаёти осоишта ва сулҳу субот дар мамлакат мебошад.    Дар замони истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар шароити буҳрони шадиди сиёсӣ сохти давлатии худро муайян созад.   Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат баъд аз садсолаҳои зиёди ҷонбозиҳо ва заҳмати басо сангину азму талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи миллати тоҷик ба даст омада, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмаҳсул ва дар айни замон пурифтихор, яъне бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба давлатдории муосири тоҷиконро гузошт.

Ҳамин тавр хулоса кардан мумкин аст, ки бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар асри XX ин эълон гардидани истиқлолияти Тоҷикистон буд ва аз ҳамин лиҳоз дар шароити ҷаҳони имрӯза зарур аст, ки онро аз таъсири манфии сиёсатҳои глобалӣ ҳифз намоем.

Таҳдид ва хатари глобалӣ дар шакли “демократия” , “озодии сухан” ва дигар ниқобҳои «технологияи сиёсӣ» ба ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Аз ҳамин ҷиҳат мустаҳкам кардани мавқеи геополитикӣ ва таъсиси идеяи миллӣ роҳи ягонаи муқовимат бо равандҳои ҷаҳонишави ва ҳифзи давлат аз дахолати берунӣ мебошад.

Шуъбаи тарбия


12.04.2021     476
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php