ИСТИҚЛОЛИЯТ НОМАИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
Воқеан, Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад.
9-уми сентябр санаи муҳими таърихӣ дониста мешавад. Аз ин ҷост, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 мустақилияти комилро ба даст овард ва бо ин саҳифаи наверо дар ҳаёти миллати тоҷик оғоз намуд. Маҳз, бо шарофати сиёсати хирадмандона ва ояндасози Роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми Тоҷикистон ба дастовардҳои намоёни сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардид. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳким бахшидан ва густариши сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат шароити мусоид фароҳам овард. Мавқеи аслии муносибатҳои Тоҷикистонро бо дигар давлатҳои ҷаҳон «Сиёсати дарҳои боз» ташкил намуд ва имрӯз бештар аз 170 давлати дунё Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлол мешиносанд. Имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 130 мамлакати ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ дорад ва халқу миллатҳои дунё онро ҳамчун давлати мустақил, узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва миллати тоҷикро миллати сулҳофару сулҳпарвар медонанду эътироф менамоянд, ки ин ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ аст. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи бахшҳо дастовардҳои назарасро соҳиб гашт. Ба ҳамагон маълум аст, ки барои ҳифзи сломатӣ ва илмомӯзии шаҳрвандон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дармонгоҳу муассисаҳои таълимӣ бунёд гардидааст. Истиқлолияти давлатӣ барои ҳалли ҳадафҳои стратегии мамлакат низ шароит фароҳам сохт. Сохтани нерӯгоҳҳо, роҳҳо, ифтитоҳи муассисаҳои таълимию тандурустӣ, қасру кохҳои фарҳангӣ, толорҳои варзишӣ, марказҳои савдову хизматрасонӣ, меҳмонхонаҳо, корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳдошти шароити зиндагии аҳолӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ далели гуфтаҳои болост. Истиқлолияти давлатӣ дар баробари дигар соҳаҳо рушди қонунгузории мамлакатро низ густариш дод. Дар мамлакат Бахтномаи миллати тоҷик-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор дорад, ки он фарогири тамоми арзишҳои байналмилалӣ, мутобиқ ба анъанаву суннатҳои халқи тоҷик буда, меъёрҳои он ифодакунандаи мақсад, вазифа, ҳадаф ва орзуи деринаи халқамон ба ҳисоб меравад. Дар асоси талаботи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои конститутсионӣ ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ, ки ҳадафи онҳо мустаҳкам намудани рукнҳои давлатдорӣ ва таҳким бахшидани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ мебошад, қабул карда шудаанд. Имрӯз Тоҷикистон дар шоҳроҳи рушди устувор ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва аркони давлатдории миллӣ қарор дорад. Дар чунин марҳила тамоми кӯшишу талошҳои мо бояд ба он сафарбар карда шаванд, ки истиқлолият дар радифи “миллат”, “ватан” ва “ваҳдат” ба мафҳуми ҷудонашавандаи ҳастиву шуур, ҷаҳонбинӣ ва арзиши бунёдии зиндагии ҳар як шаҳрванди кишвар мубаддал гардад.
Тоҷикистони азиз соҳиби Истиқлолият гардид. Истиқлолияти давлатӣ. Истиқлолияти миллӣ. Истиқлолияте, ки орзуи ҳамешагии ҳар миллати озода асту бидуни он ҳамагуна дастоварди иқтисодиву иҷтимоӣ нопойдор хоҳад буд. Мо тоҷикон роҳу ҷойгоҳи худро дар минтақаву ҷаҳон муайяну устувор кардаем ва бо нигоҳи дурбинонаву иродаи қавии хеш ин Ватанро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта мегардонем. Дар ҷаҳоне, ки фазояш зудтағйирёбанда асту ҳамарӯза амалҳои ғайриинсонию даҳшатборе дар гушае аз он анҷом дода мешавад, амнияту субот доштан, соҳиби давлат будан ифтихору масъулияти бузург ва мояи сарфарозист. Барои дарк, эҳтиром ва ҳимояи арзишҳои Истиқлолият ва таҳкимипояҳои он аз ҳар яки мо муносибати ҷиддӣ ва самимӣ тақозо карда мешавад. Зеро маҳз истиқлолияти давлатӣ ва ҳамбастагии миллӣ ба мо халқи тоҷик имкони зиндагии озод, ором ва осударо дар ҷаҳони пур аз низоъу бархурд фароҳам намудааст. Имрӯз давлати озоду соҳибихтиёри Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому манзалати шоиста аст ва ҷаҳон аз иқдому ташаббусҳои сулҳҷӯёнаву башардӯстонаи он ҳаматарафа ҷонибдорӣ менамояд. Бо шарофати истиқлолият имрӯз садои тоҷиконро аҳли сайёра мешунаваду Тоҷикистон аз минбарҳои баланди минтақавию байналмилалӣ ҳарфи саодати башарият мегуяд ва дар радифи давлатҳои муқтадири сайёра мақому манзалати шоиста дар бонуфузтарин ташкилоти ҷахонӣ-СММ дорад. Имрӯзҳо чанде аз кишварҳои ҷаҳонро низоъҳои сиёсӣ ва идеологӣ фаро гирифтаасту мардумони ин мамлакатҳо рӯзҳои сахту нангинро аз сар мегузаронанд ва ягона ҳадафи онҳо ба даст овардани сулҳу оромӣ аст. Зеро саодати ҳар миллат ва кафолати рушду тараққиёти ҳар кишвар дар суботу амният ва ваҳдату ягонагӣ мебошад. Ҷангу нооромӣ зиндагии инсонҳоро сиёҳу торик ва сулҳу ваҳдат бошад ҳаёти одамонро мунаввару рангин месозад. Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар бештар аз 40 нуқтаи олам муноқишаҳои мусаллаҳона идома доранд. Ғайр аз ин, дар беш аз сад давлати дунё тақрибан 70 миллион нафар одамон бинобар нооромии вазъият ва амалҳои террористӣ манзили зист ва Ватани худро тарк кардаанд. Чун имрӯз мо соҳиби суботу амнияти комилему аз неъматҳои арзишманди Истиқлолият баҳра мебарем, бояд ҳамеша ҳомии сулҳу ваҳдат ва ягонагиву якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон бошем. Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар баробари он ки орзуи деринаи миллати тоҷик буд, инчуни барои муаррифии шоистаи Тоҷикистон ва халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, таъмини амнияту зиндагии арзандаи шаҳрвандони мамлакат шароит созгор фароҳам овард. Пас мо шаҳрвандонро зарур аст, ки баҳри таҳким бахшидани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ободонии Ватани маҳбубамон-Ҷумҳурии Тоҷикстон талош намоем. Мардуми соҳибфарҳангу ободгари Тоҷикистон ҳамеша ба оянда назари нек доранд ва дар ҳамбастагӣ минбаъд низ барои фатҳи қуллаҳои боз ҳам баландтар, таъмини зиндагии пурсаодат ва дастовардҳои нав ба нав қадамҳои устувор мегузорад. Бо нигоҳи воқеъбинона ба созандагиҳо ва бунёдкориҳои имрӯз, таи солҳои истиқлол қадамҳои бузурге дар роҳи пешрафту шукуфоии Тоҷикистон гузошта шудааст. Истиқлолият неъмати бузургест, ки ҳар кадоми моро ҳамчун шаҳрвандони ин Ватан, сарфи назар аз миллат, нажод ва мазҳаб водор месозад, то худро соҳиби ин истиқлол ва соҳиби ин марзу бум бидонему барои пойдории давлату миллат содиқона фаъолият намоем.
Сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино С. Таибов 
Хабарнигори ҳамин шуъба ДАВЛАТЁР ВАЛИЕВ

21.08.2020     933
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php