ДАР ИСТИФОДАИ НЕРӮИ БАРҚ БОЯД САРФАКОР БОШЕМ

21 декабри соли 1920 Шӯрои комиссарҳои халқи Россия нақшаи (ГОЭЛРО) Комиссияи давлатӣ оиди элетриконии Россияро, ки таҳти сарварии В.И.Ленин коркард шуда буд, қабул намуд. Мақсади асосии нақшаи мазкур на танҳо пурра электронидани Россия, балки рушд додани иқтисодиёти мамлакатро дар бар мегирифт, ки мамлакат баъди мушкилоти зиёди давраи ҷанги шахрвандӣ (1917-1922/1923) бояд равнақу ривоч ёфта пеш равад. Ҳамин тавр лоиҳаи мазкур ба раванди индустриякунонии Россия асос гузошт. Сол то сол саноати Россия тараққӣ кард, ки он аз қатори давлатҳои ақибмонда ба яке аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳони муосир омада расид ва мавқеи худро чӣ аз ҷиҳати сиёсӣ ва чӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ дар байни мамлакатҳои абарқудрат мустаҳкам намуд. Аз қабули қарори мазкур 100 сол сипарӣ шуд, аммо дар давлати абарқудрати Россия то имрӯз проблемаи бо барқ пурра таъмин намудани аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ пурра ҳали худашро наёфтааст. Айни замон Россия барои ҷумҳурии ҷавону соҳибистиқлоли Тоҷикистон шарики стратегӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин лиҳоз нисбати Ҷумҳурии мо сиёсати махсуси дасгириро дар тайёр намудани кадрхои баландихтиссос, таъмин намудани дастгоху лавозимоти техникии ҳозиразамон, бо кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ, дастигирҳои беғаразона дар доираи иттиҳодияҳои байналхалқӣ, ки ҷумҳурии мо аъзои онҳо мебошад, дастрас намудани воситаҳои гуногун оид ба таъмини бехатарии сарҳадоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди мактабҳо, корхонаҳои гуногуни истеҳсолӣ, неругоҳои хурду миёнаи барқӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Имрӯз ҷумҳурии ҷавони соҳибистиқлоли мо, ки тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти ҷумҳуриамон Эмомалӣ Раҳмон аз вартаи ҳалокат наҷот ёфт, дар баробари ин рӯз то рӯз тараққӣ кардаву пеш рафта истодааст. Корхонаҳои нави таъминоти маводи истеҳсоли саноатӣ, хурокворӣ, хоҷагии қишлоқ бунёд шуда истода, айни замон сохтмони яке аз корхонаҳои калонтарин дар Осиёи Марказӣ - НБО-и Роғун, ки ояндаи ҷумҳурии мо аз он вобаста мебошад, ба пеш рафта истодааст. Хушбахтона, алакай ду агрегати он ба кор даромааст. Новобаста аз дастовардҳои назарррас айни замон мушкилот оиди таъмин намудани аҳолӣ бо қувваи барқ, ки проблемаи мазкур ба тағйирёбии иқлим, яъне норасоии захираҳои обӣ, боришоти кам, обшавии пиряхҳо, хунук омадании фасли зимистони соли ҷорӣ вобаста мебошад, ба назар мерасад. Соли ҷорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин маротиба ба аҳолии мамлакат дар масъалаи муҳофизат намудани аҳолии мамлакат аз пандемияи Ковид-19, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, тайёр ва захира намудани маводҳои хурокворӣ бо роҳҳо ва воситаҳои гуногун ва ба наздикӣ муроҷиатномаи якҷоя бо кормандони Шабакаҳои барқии ҷумҳуриамон оид ба риоя ва мақсаднок истифода бурдани қувваи барқ дар ҷойи кор ва истиқоматро ироа намуда, аз тамоми аҳолии ҷумҳурӣ эҳтиромона хоҳиш намуданд, ки ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриамон бояд   неруи барқро мақсадноку сарфакорона истифода намоянд. Ба таври бояду шояд риоя намудани одоби истифодаи неруи барқ ва сарфакорӣ дар ин самт ҳатмӣ ва аз ҷиҳати одаму одамгарӣ муҳим мебошад.

Дар тамоми воситаҳои иттилототии мамлакат ин шабу рӯз оиди бартараф намудани проблемаи рӯзмарра ташвиқоту тарғиб бо роҳи суҳбатҳо, вохуриҳо, намоиши тарзи ҳаёти мардуми деҳот, намоиши видиороликҳои хурдҳаҷм, мақолаҳои гуногун дар маҷаллаву рӯзномаҳо дар саросари кишвар ба роҳ монда шудааст. Чанд рӯз пеш видиоролики хурдҳаҷми ба навор гирифтаи корманди вазорати фарҳанг - Аловуддин Абдуллоевро, ки дар шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриамон намоиш доданд, тамошо кардам. Дар навор оиди чӣ тавр раҳоӣ ёфтан аз проблемаи мазкур, чӣ тавр шаҳрвандоне, ки дар қишлоқ ё кӯҳистон зиндагӣ мекунад ва ё дар шаҳр истиқомат дорад, метавонанд ба ҳамдигар ёрӣ расонанд. Бо амали дар назари аввал ночиз бошад ҳам дасти ҳамдигар бигирем, зеро мақоли мардумии «қатра-қатра дарё шавад» маҳз ана ҳамин ҳолатҳоро инъикос менамояд ва дар ҳалли проблемаи ба миён омада кумак мерасонад. Як лаҳзаи ҳаёт аз даврони Шӯравӣ ба хотирам омад, ки падарам кишоварз буданд, ягона воситаи рӯзгузаронӣ маоши ночизе буд, ки вобаста аз қобилияти кориашон ва кори иҷро намудаашон мегирифтанду рӯзгорро ба пеш мебурданд. Дар ҳамон замон ҳам қувваи барқ пулакӣ буд, аз рӯи ҳисобкунак ҳисоб карда мешуд ва аз рӯи миқдори истифодакардаи ҳар як хонавода маблағаш пардохт карда мешуд. Падарам хароҷоти беҳударо нағз намедиданд. Ба амри тасодуф дар хонаамон меҳмонони зиёд ҳузур доштанд ва чашми падарам ба лампаи барқие афтод, ки ягон зарурияти кор кардани он набуд, яъне бефоида равшани медод. Дар ҳамин ҳалат падари бузургворам аз банда хоҳиш намуданд, ки лампаи беҳуда сухтаистодаро хомӯш кунам. Аз байни ҳозирон меҳмони холабеғаме овоз бароварда ба падарам муроҷиат намуд, ки чароғи барқии хонаи онҳоро низ хомӯш кунанд, зеро ки он ҳам пул кор мекунад. Дар ҷавоб падарам эҳтиромона изҳор намуданд, ки сарфи беҳуда зарурият надорад ва “ман танҳо бо ҳамин хотир аз писарам хоҳиш намудам, ки онро хомӯш кунад. Дигарашро, ки зарурият дорад фаровон истифода намоед”. Аз ҳамин хотир ман ҳамчун як шаҳрванди асили ҷумҳурии азизамон аз тамоми устодон, ҳамкорон, донишҷӯён ва сокинони мамлакатамон, яъне кули истифодабарандагони қувваи барқ, эхтиромона, хоҳиш менамоям, ки муроҷатномаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва кормандони Шабакаҳои барқиро ба эътибор гиранд ва аз хароҷоти беҳудаи барқ дар хона, коргоҳ ва дигар ҷойҳои ҷамъятӣ намунаи ибрати дигарон бошанд.

Дастгирии беғаразонаи ҳар яки мо метавонад барои ба ҳаракат даровардани дастгоҳҳои барқии корхонаҳои азими ҷумҳуриамон, равшан ва гарм намудани хонаи ҳамсоямон, ки дар шаҳр, дар хонаҳои баландошёна зиндагонӣ мекунаду ягона воситаи гарм нигоҳ доштани хонааш қувваи барқ мебошад, ба қадри кам ҳам бошад кумак шавад. Дигар ин ки яке аз проблемаҳои муҳимми имрӯз пардохт намудани ҳаққи барқи истифоданамуда мебошад ва агар мо онро сари вақт пардохт намуда, оиди масъалаи ҷойдошта дар байни шогирдон, ҳамкорон ва дигар истифодабарандагони барқ ташвиқот намоем, аз фоида холӣ нест. Бо ин восита мо метавонем муроҷиатноми Ҳукумати ҷумҳурӣ ва кормандони таъминоти барқро дастгирӣ намуда, дар амалӣ шудани он ҳиссагузор бошем.

   Ҷумъаев Б.Б.-узви вобастаи АМИТ, профессори кафедраи биохимия


06.02.2021     306
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php