Бар сари фарзанди одам ҳар чи ояд бигзарад!

Дар давраи пандемияи сирояти коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ таъсис дода шуд ва чорабиниҳои мушаххас роҳандозӣ шуда истодаанд. Мавриди зикр аст, ки имрӯз бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар давраи пандемияи сирояти коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва дар як мудати кутоҳ тамоми беморхонаҳо бо тачҳизотҳои муосир таъмин гаштааст, ки барои пешгирӣ аз хуруҷи эҳтимолии COVID-19 мусоидат менамояд.Инчунин беморхонаи сайёҳ аз ҷониби бародарони ҳамсояи бо мо дуст Узбекистон 144 вагон бо тамоми таҷҳизотҳояш дастрас ва ба истифада дода мешавад,ки барои зиёда аз 1150 бемор пешбини шудааст.
Бо супориши муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ва заҳматҳои шабонарузии ӯ дар пойтахти ҷумҳурии азизамон шаҳри Душанбе беморхонаи муввақати бо тамоми шароитҳояш ки барои зиёда аз 500 бемор хизмат мерасонад бо таъмини беҳтарин мутахасисони тиб ба истифода дода шуд. Бахусус, тозаву озода будани тамоми кӯчаву хиёбон ва гулгаштҳои ин шаҳри зебо, боиси пешгирии тамоми бемориҳост. Имрӯз,ки ин бемори ба ватани мо омадааст,ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки дар баробари ин ҷоннисориҳо дар атрофи Роҳбари давлат муттаҳид гарданду ба ҳар гуна иттилову ҳангомаҳои беасосу бардуруғи бадхоҳони миллат дода нашаванд. Дар ҳоле ки дар баъзе аз кишварҳо ҳар шабонарӯз 800-2000 нафар одамон ба ҳалокат расиданд, баъзе ҳамватанони мо ба риояи оддитарин қоидаҳои беҳдоштӣ, яъне гигиенаи шахсӣ ва маслиҳату тавсияи мутахассисон бепарвоӣ зоҳир мекунанд. Аммо набояд фаромӯш кард, ки мутахасисони соҳа барои ҳифзи саломатии шаҳрвандон чораҷӯӣ карда, ҳамарӯза тариқи васоити ахбори омма мардумро аз хавфи коронавирус огоҳ намуда, барои пешгириву табобати ин беморӣ дар мамлакат тавсияҳо медиҳанд.
Табибону мутахассисони соҳа тавися медиҳанд, ки то аз байн рафтани ин беморӣ ҳамагонро мебояд, баҳри муҳофизати худ аз қоидаҳои умумие, ки зарурист, риоя намоянд. Ба мисоли рӯкаш намуданӣ узвҳои нафаскашӣ, шустани дастон пеш аз истеъмоли ғизо ва дигар талаботи тавсиявӣ.
Пандемия (аз юнони pandemia- оммаи халқ) эпидемияе, ки боиси сирояти васеи аҳолӣ, гурӯҳи мамлакатҳо ва пайдо шудани вирусҳои нав ё бемориҳои сироятие, ки бо сабаби набудани масунияти аҳолӣ ба амал омада, боиси фавти зиёди инсонҳо мегардад. Пандемия вақте пайдо мешавад, ки беморӣ дар ҷаҳон зуд паҳн мешавад ва аксарияти мардум аз он эмин нестанд. Манбаи касалии гузаранда шахси бемор ё шахси солими паҳнкунандаи беморӣ буда, ба муҳити атроф микроорганизмҳо ҷудо мекунад, ки ба воситаи ҳаво ҳангоми атсазанӣ, сулфидан, истифодаи ашёҳои умумӣ, бо маҳсулоти хӯрокӣ ва об, бо даст салом кардан, бӯсидани якдигар ба организми одамони сиҳат роҳ меёбанд. Агар одамон иммунитет паст дошта бошанд, бемории сирояткунанадаи оммавӣ – эпидемия сар мезанад. Дар бисёр ҳолатҳо 85% иммунитет ва тарзи дурусти рафтори бемор ба шахс дар бартараф кардани бемориҳо кӯмак мекунад ва коронавирус низ истисно нест. Барои пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ дар ҷойҳои серодам, ҷои дарсомӯзӣ, нақлиёт, ҳаргуна чорабиниҳо аз ниқобҳои муҳофизатӣ ва ғайра истифода бурдан лозим аст. Аз сафар ба кишварҳое, ки ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст, худдорӣ намудан лозим. Дастатонро бо собун ва об шӯед. Аз дастфишорӣ ва рӯй бусӣ худдорӣ кунед. Ба дараҷаи кофӣ оби ҷӯш ва ҷӯшонидашуда нӯшед. Одамоне, ки гирифтори табларза, ҳарорати баланди бадан, сулфаи хушки бардавом, дарди сар ва мушакҳо ҳастанд ба мутахассисони тиб муроҷиат намоянд. Реҷаи хонаро риоя кардани бемор ҳатмист, зеро вусъати минбаъдаи ангезандаҳоро пешгирӣ мекунад.
Таибов С. Сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Зуҳра Турсунова, мутахассиси шуъба.

28.05.2020     988
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php