Ҳаркӣ моро ранҷа дорад роҳаташ бисёр бод!

“Дило бисӯз, ки сӯзи ту корҳо бикунад,

Ниёзи нимашаб дафъи сад бало бикунад.”

Дар ҳуҷраи ёрии таъҷилии стоматологӣ кор шабонарӯзӣ буда, аз табибон маҳорати баланди касбиро талаб мекунад. Табиби ин даргоҳ бояд аз ҷиҳати психологӣ-равонӣ ва дар ҳолатҳои мухталифу ногувор қарори дуруст бароварда тавонад. Гарчанде мақсади роҳбарияти кишвар аз таъсиси Пажуҳишгоҳи илмию клиникии “Стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй” дастрас намудани ёрии аввалини тиббии стоматологӣ ба ҳоҷатмандон мебошад, вале табибони он дар навбати аввал бояд ба тамоми шароитҳои корӣ таъмин бошанд. Духтурони ин коргоҳ ҳама соҳибмаълумот буда, барои ҳифзи сиҳатии омма шабу рӯз дар хизмат мебошанд. Кор дар ин ҳуҷра безарар набуда, ба мисли шӯъбаҳои эҳёгарӣ ва ҳатто аз он ҳам дида мураккабтар аст. Духтури эҳёгар бо кӣ сарукор доштанашро медонад, вале духтури ҳуҷраи ёрии таъҷилии стоматологӣ пешакӣ намедонад, ки ниёзмандон ба назди ӯ бо чӣ гуна дард муроҷиат мекунанд. Бо ҳар яки онҳо муносибат карданро бояд донад, чунки бо одамони мухталифу гуногунрафтор вомехӯрад, ки вобаста бо ҳолати пешомада бояд бо онҳо муомилаи дуруст карда тавонад.

Алӣ ибни ал-Аббос ал-Маҷус Аҳвозӣ дар китоби “Оини пизишкӣ” дар миёни панду ҳикматҳои ба табибон бахшида фармуда: “Ҳамчунон ки дар ҳаққи падару модари худ эҳтиром ва некӣ мекунед ва ононро дар дороии худ шарик медонед, бояд дар ҳаққи устодон низ чунон кунед.” Табиб бояд дар табобати беморон чӣ бо ғизо ва чӣ бо дору бикӯшад. Мақсадаш аз дармон сӯистифода ва пулпарастӣ набошад ва бештар савобро дар мадди назар дорад. Дар ҳамкорӣ бо фирмаҳои доруфурушӣ аввал манфиати беморро ба назар гирад, ҳеҷ гоҳ ба бемор доруи хатарнок надиҳад ва васфи онро низ ба бемор нанамояд ва маризро бо чунин доруҳо на далолат кунад ва на аз он сухане ронад. Аз таҷвизи доруҳои музир барҳазар бошад. Табиб меҳрубону хушзабон бошад, дар дармони ҳар қабилаи беморон бо ҷиддияти том бипардозад, дар фикру суд ва тамаъ набошад. Табибро раво нест машғул ба ҳар гуна бозиҳо, айшу ишрат ва кайфу сафо, майнӯшӣ бошад. Ӯ бояд пайваста дар мутолиаи адабиёт ва маҳз адабиёти мушаххас саргарм бошад ва бикӯшад, ки чизҳои заруриро дар хаёлхонаи худ собит созад, то ҳамеша ниёзманди кутуб набошад.

Ҷӯяндаи илми тиб бояд ҳамвора дар бемористонҳо ва маҳалли маризон дар хидмати устодони донишманд ва табибони ҳозиқ ба хизмати беморон ва аҳволи онон бипардозад. Бо ин роҳ вай ба мартабаи баланди саноати тиб метавон бирасад.

Абӯали ибни Сино ба калом ва муомилаи табиб аҳмияти махсус додааст: “Бархе аз беморонро танҳо бо сухан даво кардан мумкин аст”. Табъи хира (ланҷ), рӯҳафтодагӣ, ғаму ғусса кори дастгоҳи ҳазми хӯрокро бесомон месозанд. Табиб бояд муҳитеро фароҳам оварад, ки мариз аз фикру хаёлоти нохуш ва маъсӣ фориғ гардад, ба сиҳатёбӣ аз дард сахт умед бандад. Дар баъзе мавридҳо Бӯалӣ бо ёрии мусиқӣ, оҳангҳои дилписанд муолиҷа кардани беморро тавсия менамояд. Боз як хислати хуби Сино – беғаразӣ ва ҳазар аз тамаъ эътибори ӯро болотар бардошт. Агар ӯро ба назди беморе хонанд, пурсон намешуд, ки ин бемор аз куҷост ва аз кадом қавму табақа. “Барои табиб шоҳу гадо баробар аст ва ӯ бояд бо амри виҷдони пок ва мувофиқи қарзи касбӣ амал кунад. Табиб ба мариз сиҳат шуданро бояд талқин намояд, зеро мизоҷи тани инсон бо ҳоли рӯҳу равони ӯ вобаста аст. Вале обрӯву эътибори табиб, - мегӯяд Ибни Сино, - на фақат ба донишу маҳорат, балки ба ахлоқу одоби ӯ бастагӣ дорад. Табиб дар муомила бо мариз бояд хушзабону ҳалим бошад, хайрхоҳ, мушфиқу мӯнис ва ҳамдарду ғамгусори ӯ гардад.”

Чи ҷойи баҳс аст, ки бисёре аз муроҷиаткунандагон қоидаҳои оддию маъмулии одамгариро риоя намекунанд. Масалан, ба ҳуҷраи ёрии таъҷилӣ бо як бемор 4-5 нафар даромадаву ба кори духтур халал расонида, қоидаҳои ҷории санитариро риоя намекунанд. Дар вақти муоинаи бемор баъзе ҳамроҳонаш даҳонашро кушода, аз ҳолати дандонҳои худ пурсон мешавад, ки ин рафтор ба андешаи ман, берун аз ахлоқи ҳамида ва одоб аст. Баъзе нафароне низ ҳастанд, ки фарзандашро дар болои курсии табиб лату куб намуда, ба ӯ дашноми қабеҳ медиҳанд. Ё бархе аз муроҷиаткунандагон ба ин ҳуҷра даромада, бо ҳамшираи тиббӣ ё духтури навбатдор дағалӣ мекунанд, ки ин боиси аз кор рафтан ё аз навбатдорӣ даст кашидани онҳо мегардад. Мо духтурон муҳтоҷи муомилаи хуш ва рафтори хуби ниёзмандонем ва ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки нафаре ё ниёзманде аз ин даргоҳ ноумед берун равад. Шумо ба чанд лаҳзаи навбатдориҳое, ки рӯйи қоғаз меорем, худ қазоват кунед.

Ҷавонзане ҳамроҳи шавҳараш , ки ӯ дар ҳолати мастӣ қарор дошт , дертар аз соати 2-и шаб ба назди духтури стоматолог омад. Духтури навбатдор баъди муоина ба шавҳараш муроҷиат карда, гуфт:

-  Дандони 7-уми оилаатон шикаста ва зираи он каме варам кардааст. Бо иҷозати шумо онро табобат кардан лозим аст.

Бемор розигӣ дод, ки духтур онро кушода, пас аз акси онро дидан табобат кунад, вале шавҳараш духтурро дағалона тела дода, ба табиби навбатдор гуфт:

Гӯш кун! Ин зани ман аст ё аз ту?! Ман гуфтамат, ки дандонаша меканӣ..., меканӣ! Тамом, фаҳмидӣ!?

Зан кандани дандонро рад кард ва аз духтур хоҳиш кард, ки дандонашро табобат бикунад. Зан дигар гап мегуфту шавҳараш дигар. Баҳси зану шавҳар қариб як соат идома ёфт.

Шавҳар ба зан таҳдид мекард, ки “наканӣ, рӯзата бин!” Вале зан бошад, илтимос мекард, ки “табобат кунед”.

Ба бахти духтури навбатдор яке аз кормандони додситонӣ, ки дарди дандон азобаш медод, дар ҳамин ҳолат шоҳиди ҳодиса шуд ва ҷони бечора духтури навбатдорро “харид”. Шояд дар он ҳолат хархашае ба вуқуъ меомад ва хушбахтона, ин нафар ба муноқишаи онҳо хотима бахшид. Пас аз муддате шавҳар занашро пеш-пеш карда, ба дашномҳои қабеҳ ҳуҷраи ёрии таъҷилиро тарк карда, баромада рафт.

Зимистони қаҳратун буд. Яке аз ҳомиёни қонун, ба қавли худаш, ҷавонеро дар ҳолати мастӣ, ки дар садамаи нақлиётӣ ҷоғаш шикаста буд, оварда аз табиб талаб кард, то ба онҳо “хулосаи тиббӣ” диҳад, гуё ин ҷавон сиҳат аст. Духтур талаби ғаёриқонунии ӯро рад кард, зеро ҷоғи поёнаш шикаста буд.

-  Ман ба шумо ёрии оҷилии тиббӣ мерасонам, лекин хулосаеро, ки шумо талаб карда истодаед, экспертизаи тиббӣ медиҳад.

Муноқиша аз соати 10 –и шаб то 12-и шаб давом кард. Баъдан ба қавли худаш “ҳомии Ватан”, беморро ба ҳолаш гузошту баромада рафт . Азбаски дар он солҳо(1997,1998) Тоҷикистони азиз аз таъмини неруи барқ танқисӣ мекашид барқ хомӯш шуд. Мо ба шуъбаи ёрии таъҷилӣ занг задем, аммо ҷавоб доданд, ки бензин надорем, мошинҳоямон банданд.Баъди лаҳзае бемор аз хоб бедор шуд ва духтурро дашном дода, якчанд мушту лағат ҳам зад, ки дар ҳамин ҳолат ду ҷавони қадбаланди мушкилтарбия пайдо шуданд. Эшон низ бо духтур ҳамла намуданд, вале духтур ҳамаро бардошт намуда, оромона ба ВКД занг зад. Баъди дахолати кормандони вазорати корҳои дохилӣ аз муноқиша халос шудем.

Ё ин ки, ҷавоне дар ҳолати мастӣ соати 22-и шаб ба дарди шадиди дандон муроҷиат карда, бо дашному таҳдид духтурро маҷбур мекунад, ки дандонашро худи ҳозир пломба кунад, зеро соати 6-и саҳар билети ҳавопаймо дорад ва ба хориҷа парвоз мекунад. Духтур бо суханони хуш ва рафтори нек дандонро табобат мекунад. Ин ҳама муомилаҳои носолим яқин аст, ки барои духтур боиси вайрон шудани ҳолати рӯҳӣ ва аз даст додани саломатии худи табибон мегардад.

Ҳолатҳое ҳам мешаванд, ки духтури ёрии таъҷилии стоматологӣ шабҳои дароз то саҳар бедорхобӣ намуда, барои мардум хизмат мекунад, аммо бар ивази ин ҳама зиёнҳои ба саломатиаш расида аз баъзе ашхос суханони пасту баланд мешунавад. Духтуроне, ки дар ин ҳуҷра кор карда, ба ҳама ин мушкилиҳо тоб наоварда, саломатии худро аз даст додаанд, кам нестанд.

Имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе чандин дармонгоҳҳои стоматологии шахсию давлатӣ вуҷуд доранд, ки шабона кор намекунанд. Танҳо Пажуҳишгоҳи илмию клиникии стоматологии ҷумҳуриявӣ шабу рӯз фаъолият менамояд, ки барои ба ҷо овардани хизмати мардум беҳтарин табибонро қабул намудааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳайъати духтурони навбатдоре, ки дар ин даргоҳи табобатию профилактикӣ заҳмат мекашанд, барои дастгирӣ ва бехатарии онҳоро таъмин намудан, аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ хеле миннатдоранд.

Ахлоқ ва одоби табибони ин даргоҳ ба меъёрҳои рафтору кирдор ва гуфтору муносибаташон бо табибони дигар соҳаҳои тиб, балки ҷомеа ва беморон писандидааст. Ҳар сухани хуб, хулқу атвори нек, имову ишора ва ҳолати руҳии корманди тиб ба саломатии бемор ва оқибати беморӣ таъсири худро мерасонад. Табибони стоматологӣ имрӯзҳо аз сабаби гаронии маводҳои стоматологӣ, маҳдудияти шароити корӣ ва дигар омилҳои имкониятӣ аз рӯи виҷдон ва мувофиқи савганди табибӣ амал кардан мушкилӣ мекашанд. Шакке нест, ки ин билохира ба ихтилоли муносибати табибу мариз, таъсири дилхоҳ набахшидани доруву дармон ва дигар амалиётҳои тиббӣ бурда мерасонад.

Хоҷа Носири Тӯсӣ дар китоби “Ахлоқи падари хонавода” фаъолияти табибонро ба кори падари хонавода баробар донистааст, зеро падар ва табиб ҳарду ӯҳдадори мудирият ва иқтисоди хонавода мебошанд. Яке аз табибони дигар Исҳоқ ибни Ҳаним иброз доштааст, ки “Ҳунари шифо корест зариф ва омехта ба хештандории бисёр, ҳунари муҳофизакорӣ ва асилзодагӣ. Ин кор як андоза ба суфтани марворид шабеҳ аст.”

Он кас, ки дар кори суфтани марворид аст, бояд огоҳ бошад, ки ба забони марворид особе нарасонад. Пас, касе дар беҳбудии тани инсон ҷаҳде дорад, бояд кушодачеҳра бошад. Инсонро, ки шарифтарин овардаи ин ҷаҳони хокӣ аст, бо эҳтиёт ва меҳрубонӣ дармон кунад.

Моро ҳамин бас аст тафохур, ки ҳар шабе,

Дармекашем дами ғамафрӯзи нимашаб.

Мақсади дар ин мавзуъ аз қалам алам гирфтан он аст,ки банда аз соли 1996 то 2020 табиби ҳуҷраи ёрии таъҷилӣ кор кардаам ва фарқияти ин солҳоро хуб дарк ҳам намудаам. Хушбахтона солҳои охир ин гуна ҳодисаҳо кам ба мушоҳида мерасанд, зеро шоҳсутуни давлатдории тоҷикон рӯз то рӯз устувортар гашта истодааст. Мо баъзеҳо баҳсу мунозираро дӯст медорем, аммо ғофил аз онем, ки ислоҳоти ҷомеа дар ислоҳи ҳар як фард аст. Эҳтироми якдигарии байни мо, боиси эҳтироми ҷомеаи шаҳрвандии мо мегардад. Мо духтурон доимо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҳамеша баҳри адои хизмати Модар-Ватан ба беморон мадад расонем. Ғамхориҳои рӯзафзуни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон моро ба он дилпур мегардонад, ки минбаъд кору зиндагӣ хубтару беҳтар хоҳад шуд. Мо хуб медонем, ки бе роҳбари оқилу кордон ба ин пешравиҳо ва муввафақиятҳо ноил намегаштем. Бо рафтору кирдор ва содиқии хеш ба Ватану миллат, ба хизматҳои Пешвои муаззами миллат арҷгузорӣ намудан камоли инсонгарист. Ҳар фарди тоҷику тоҷикистонӣ вазифадор аст, ки пеш аз ҳама нангу номуси ватандорӣ дошта, баҳри ободии сарзамини аҷдодии хеш талош варзад. Мардуми кишвар ва ҷавонони диёрро ба некукориву созандагӣ ҳидоят намуда, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнат ба манфиатҳои миллату давлатро бигирем. Воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос намуда, ҳушёру зирак, ватандӯсту меҳанпарвар бошем ва дар гулгулшукуфоии Ватани ҷоноҷонамон саҳмгузор бошем! 

Таибов С.А.  –  сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино.


11.02.2021     287
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php