Афроди тангназар танҳо аз даричаи адовату зулмот менигаранд

Миллати тоҷик дар раванди ҷаҳонишавӣ бо назардошти асосҳои қонунӣ барои демократикунонии мамлакат ва дар ин замина барои мустаҳкам гардонидани пояҳои давлатдорӣ аҳамияти хосса дода, талош бар он меварзанд, ки дар фазои осоиштаву сулҳафзо умр ба сар баранд. Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин масъаларо аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ дониста, дар ин самт тадбирҳо меандешад. Ҳамин аст, ки дар моддаи яки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёр муқаррар гардидааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад».
Тавре маълум аст, якуми марти соли равон дар мамлакат маъракаи муҳими сиёсӣ, яъне интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Дар он номзадии ашхоси кордону шоиста ва арзанда, ки бо талошҳои пайгиронаву ободкоронаашон соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакатро рушд хоҳанд дод, аз ҳизбҳои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда пешбарӣ гардида, аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи шафофу воқеъбинона интихоб гардиданд ва бо соҳиб шуданд ба вазифаи шарафманди намояндаи халқ ба Парлумони касбии кишвар роҳ ёфтанд.
Сару садоҳо атрофи шафофияти ин чорабинӣ аз ҷониби чанде аз нотавонбинон баланд мегардад, ки ҳеҷ воқеияте надоранд ва набояд ба онҳо бовар кард, зеро намояндаи халқро худи халқ интихоб мекунад. Ҳар як участкаву ҳавзае, ки дар онҳо овоздиҳӣ ҷараён гирифт, дар онҳо намояндагони васоити ахбори умуми дохиливу хориҷӣ ва худи халқ низ иштирокчӣ буданду шоҳиди воқеияти овоздиҳӣ. Итминон дорем, ки намояндагоне, ки ба Парлумони касбии Тоҷикистон роҳ ёфтанду ҳамчун намояндаи халқ адои вазифа менамоянд, баҳри гул-гулшукуфоии Ватанамон Тоҷикистон ва миллатамон хизматҳои шоиста хоҳанд кард.
Набояд фаромӯш кард, ки дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад. Миллати тоҷик мардуми сулҳдӯсту сулҳҷӯст. Миллатест, ки суханони нопоку нораво ва беасоси ду-се афроди тангназарро бовар кунанд. Имрӯз ҳастанд гумроҳону душманони номарду беиродаву бевиҷдоне, ки аз дуриҳо чун сагони ба сӯи моҳтоб акос мезадагӣ бо талошҳои ҷосусонаашон ба чашми халқ хокпошӣ карда, орзӯи паркандагии миллатро доранд. Аммо мо набояд фирефтаи суханони гумроҳонаи онҳо шавем. Мардуми тоҷик дар шароити соҳибистиқлолӣ арзандатарин шароити рӯзгорро соҳибанд. Муҳимтар аз он, халқи тоҷик дар фазои ором озоду обод зиндагӣ доранд. Давлату Ҳукумате дорем, ки барои таъмини шароити арзандаи зиндагӣ тамоми имкониятро фароҳам овардааст. Мо бояд шукургузор бошему ифтихор намоем, ки дар чунин Ватани биҳиштосо-Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагиву кору фаъолият дорем.

14.05.2020     261
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php