ТАЪРИҲИ КАФЕДРА


Кафедраи забонҳои хориҷӣ соли 1939 таъсис ёфта, омӯзиши забонҳои русӣ, тоҷикӣ, лотинӣ ва забонҳои хориҷӣро дар бар мегирифт. Аввалин мудири кафедра А.Б. Брукер буд ва ӯ аз забони лотинӣ дарс мегуфт. А.Б. Брукер аз соли 1939 то 1942 мудири кафедра шуда фаъолият кард.
Аз соли 1943 то 1964 В.Н. Завадский мудирии кафедраро ба ӯҳда дошт. В.Н. Завадский педагоги серталаб буда, якчанд корҳои методиро ба анҷом расонидааст. Аз соли таъсисёбӣ максади кафедра омӯзонидани донишҷӯён ба хондан ва тарҷума кардани матнҳо аз рӯи ихтисос бо забони хориҷӣ равона карда шуда буд. Кормандони кафедра кӯшиши зиёд намуданд, ки кафедраро бо барномаҳо ва ашёҳои аёнӣ таъмин намоянд.
Дар солҳои 1964 то 1968 мудирии кафедраро М.П. Лоренц ба ӯҳда дошт. Дар ин солҳо кафедра ба кафедраҳои русӣ – тоҷикӣ ва забонҳои хориҷӣ-лотинӣ тақсим шуд.
Аз соли 1964 то соли 1988 дотсент Л.Н.Заретская роҳбарии кафедраи забони русиро ба уҳда дошт. Аз соли 1988 то имрӯз профессор У.Р.Юлдошев мудири кафедра мебошад. Моҳи майи соли 2006 кафедраҳои забони русӣ ва забони русӣ барои донишҷӯёни хориҷии Донишгоҳи тиббӣ муттаҳид карда шуда, вазифаи мудирии он ба души Юлдошев У.Р. гузошта шуд.
Солҳои 1969 то 1979 А.Р. Камалова дар вазифаи мудири кафедраи забонҳои хориҷии ДДТТ тариқи озмун фаъолият намуд.
Аз соли 1979 то 1996 мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ н.и.ф., дотсент Н.Х. Ҳамроалиев интихоб шуд.
Солҳои 1996 - 2008 М.М. Акбарова ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра фаъолият кард. Аз соли 2001 то моҳи августи соли 2008 мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ шуда кор кардааст.
З.А. Муҳамадиева аз солҳои 2001-2008 ҳамчун ассистенти кафедраи забонҳои хориҷӣ фаъолият карда дар давоми соли 2008 ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра таъин гашт.
Соли 2009 тарики озмун З.А. Муҳамадиева мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ интихоб шуд.
Аз сентябри соли 2017 кафедра ба кафедраи забонҳои хориҷӣ ва лотинӣ табдил дода шуд.
Аз моҳи июни соли 2019 кафедраҳои забони русӣ ва забонҳои хориҷӣ муттаҳид гардида, номи кафедраи забонҳои хориҷиро гирифт.


Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php