Илтиҳоби шуш ва бемории сироятии нави коронавирус

Илтиҳоби шуш ва бемории сироятии нави коронавирус

Дар кафедраи урологияи МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» ҷаласаи кафедра баргузор гардид. Мавзӯи ҷаласа «Маълумоти умумӣ дар бораи илтиҳоби шуш ва бемории сироятии нави коронавирус (COVID-19)» буд. Ҷаласаро мудири кафедра д.и.т., профессор Шамсиев Ҷамолдин Амриевич ифтитоҳ намуда, мақсади баргузории онро шарҳу тавзеҳ дод. Ҷамолдин Амриевич қайд намуд, ки роҳи беҳтарини пешгирии коронавирус ин пешгирии гирифторшавӣ ба ин вирус мебошад. Ин 4 қадам барои пешгирии аз сирояти коронавирусро бояд донем:

·   Дастҳоро зуд-зуд шустан. Пас аз бозгашт аз кӯча ва тамос бо одамон дастонро бо собун шуста, гаҷетҳо ва ҷойи кориро тоза кунед.

·   Фосилаи иҷтимоӣ. Бо ашхосе, ки нишонаҳои намоёни вируси роҳи нафас доранд (сулфа, атсазанӣ, ҷудошавии оби бинӣ), дар як ҳуҷра намонед ва аз тамос бо онҳо худдорӣ кунед.

·   Ба рӯятон даст нарасонед. Дастҳо ба бисёр ҷойҳо мерасанд ва сабаби беморшавӣ буда метавонанд. Дастҳо вирусро ба чашм, бинӣ ва даҳон интиқол дода, сабаби беморӣ ме шаванд.

·   Гигиенаи нафаскаширо машқ кунед. Гигиенаи нафаскаширо бо пӯшидани даҳон ва бинӣ ҳангоми сулфидан ё атса задан риоя карда, бо оринҷ ё матоъ махкам кунед.

Дар мизи мудаввар Саъдуллоев Ф. С. – номзади илмҳои тиб, ассистенти кафедра бо маърӯза дар мавзӯи «Илтиҳоби шуш чист ва он чи гуна ба вуҷуд меояд?» баромад кард: “Илтиҳоби шуш навъи бемориест, ки бар асари сирояти микробҳои гуногун (пневмококк, стафилококк, стрептококк), вирус ва микроорганизм ба вуҷуд меояд. Макони асосии ҷойгиршавии ин беморӣ шушҳо–алвеолҳо ҳастанд, ки бо мойеъ пур шуда, дар онҳо табодули газ қатъ мешавад. Одатан табодули оксиген ва гази карбон миёни хуну ҳаво тавассути алвеолҳо сурат мегирад. Дар натиҷаи ташхиси рентген сиёҳшавии қисмати болоии шуш аз тарафи чап ё рост, дар баъзе ҳолатҳо он дар ҳарду тараф мушоҳида мешавад. Вазъи бемор низ аз андозаи иллати қисмати болоии шушҳо вобастагӣ дорад, ки метавонад аз 1 то 40-50 дарсади ҳаҷми умумии алвеолро ташкил диҳад. Нишонаҳои беморӣ тасфи баланд, сулфа, зудхасташавӣ, нафастангӣ, нафаскашии тез-тез ва дард дар қафаси сина мебошанд. Ин беморӣ замоне сар мезанад, ки масъунияти бадани инсон заиф буда, сармо мехӯрад ва зуком мешавад. Бемории мазкур сироятӣ нест ва мубталошуда дар бахшҳои одии беморхонаҳо дар якҷоягӣ бо гирифторони бемориҳои дигар метавонад табобат гирад”.

Сидиқов А. – ассистенти таълимии кафедра дар мавзӯи «Аломатҳо ва роҳҳои сироятёбӣ ба бемории сироятии нави коронавирус (COVID-19)» сухан ронда, аз ҷумло афзуд: Аломатҳои бемории сироятии нави COVID-19 инҳоянд:

·   Баландшавии таб

·   Сулфаи хушк

·   Маҳкамшавии димоғ

·   Хасташавӣ

·   Дарди гулӯ

·   Диарея

·   Дарди мушакҳо

Роҳҳои сироятёбии бемориро низ бояд дар хотир дошт:

·   Панҳшавӣ аз як нафар ба нафари дигар ҳангоми алоқаи наздик доштан бо шахси сироятшуда.

Маълумаст, ки коронавирус (COVID-19) асосан аз одам ба одам паҳн мешавад. Ин дар байни одамоне рух медиҳад, ки бо ҳам алоқаи зич доранд.

·   Қатраҳое, ки ҳангоми сулфа ва атсазании шахси сироятшуда ба муҳити атроф паҳн мешаванд.

Шахс метавонад ҳангоми нафаскашӣ бо роҳи ҳавоӣ- қатрагӣ сироят ёбад, чунки дар таркиби ҳавои нафас мекашида дар натиҷаи сулфа кардан ва ё атса задании шахси бемор, қатраҳои зараррасон мавҷуданд.

·   Расидан ба сатҳ ва ё объекти сироятшуда.

Инсон метавонад, ҳангоми расидан ба сатҳ ва ё объекти сироятшуда, бо дастон ба даҳон, бинӣ ва чашм вирусро интиқол диҳад ва бо коронавирус (COVID-19) сироят ёбад. 

Ҷаласа бо изҳори фикру андешаҳои ҳозирин дар атрофи мавзӯи мазкур ба поён расид.

                 Мудири кафедра профессор -   Шамсиев Ҷамолдин Амриевич

30.10.2020     783

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php