Ҷаласа дар кафедраи урология

Ҷаласа дар кафедраи урология

Рӯзи 6-уми октябри соли 2020 дар кафедраи урологияи МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» ҷаласаи кафедра баргузор гардид. Мавзӯи ҷаласа «Иштироки фаъоли мо - дар Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд.

Ҷаласаро мудири кафедра д.и.т., профессор Шамсиев Ҷамолдин Амриевич ифтитоҳ намуда, мақсади баргузории онро шарҳу тавзеҳ дод. Ҷамолдин Амриевич қайд намуданд, ки Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 11 октябри соли ҷорӣ баргузор мешавад, дарвоқеъ, оғози марҳалаи сифатан нави рушди давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Иштироки огоҳонаи ҳар шаҳрванд дар ин чорабинии муҳимми сиёсӣ нишондиҳандаи масъулияти интихобкунанда дар баробари сарнавишти давлату миллат ва имрӯзу фардои хеш аст.

Дар мизи мудаввар ассистентони зерин бо маърӯзаҳо баромад намуданд:

Гафуров М.У. – номзади илмҳои тиб, ассистенти кафедра дар мавзӯи «Ба қадри сулњу ободӣ расем»; «Барои ҳар шаҳрванди кишвар зарур аст, ки ҷоннисорӣ ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллатро пеши назар дошта бошад. Дар замоне, ки ҷанги шаҳрвандиро таҳмил карда буданд, алангаи оташи он рӯз ба рӯз густариш меёфт, хавфи нестшавии миллат ва истиқлоли он вуҷуд дошт, зимоми давлатдориро ба хотири наҷоти он ва хомӯш намудани ин оташ ҳеҷ кас бо ҷасорати комил ба зимма гирифтан намехост. Масъулияти бисёр сангин буд. Дар ин роҳ Сарвари давлат неруву ғайрат ва ҳастияшро барои ояндаи неки ин Ватан, пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ сарф намуд. Инчунин, барои ҳаёти хушбахтонаи мардуми кишвар заҳмат кашиду тамоми тадбирҳоро андешид.»

Салимов Х.– ассистенти корњои тарбиявии кафедра дар мавзӯи «Мо ҷавонон интихоби ин рӯз ва фардои худро мекунем»; «Албатта интихобот озод аст ва ҳар нафар метавонад ба ҷонибдории номзади арзандаи худ овоз диҳад. Вақте номзади арзанда гуфта мешавад, пеш аз ҳама, интихоб болои нафаре меафтад, ки ӯ на дар гуфтор, балки дар амал шоиста будани худро барои миллат собит кардааст, ӯро на танҳо барои ваъдаҳои созандагиву бунёдкориаш дар оянда, балки ҳамзамон, ба хотири корҳои бузурги анҷомдодааш дар гузаштаву имрӯз ва неруи ваҳдатмеҳвараш мардум гиромӣ меҳисобад. Бегумон дар ин чаҳорчӯбаи арзишиву қиёси хирадсолорона Президенти имрӯзи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гунҷоиш меёбад. Хизматҳои бузургу беимислаш барои давлати Тоҷикистону миллати тоҷик Эмомал Раҳмонро ба номзади ҷовидонаи халқу миллат табдил додааст.» 

Мудири кафедраи урология д.и.т., профессор       Шамсиев Ҷамолдин Амриевич

09.10.2020     15

Гузариш ба саҳифаи: