Фаъолияти омӯзишӣ


Корҳои таълимӣ.
Дар кафедраи травматология, ортопедия ва ҶНС омӯзиши донишҷӯёни курсҳои 4-5 ум, бокалавр, ординаторҳои клиникӣ ва интернаҳо бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ гузаронида мешаванд. Дар пойгоҳи клиникӣ ҳуҷраҳои алоҳида бо таҷҳизотҳои муосир ва технологияи компютерӣ муҷаҳаз гардонида шудаанд. Барои гузаронидани дарс дар кафедра 12-то утоқ ва 1-то толори лексионӣ ташкил карад шудааст. Донишҷӯёни курси 4-ум аз рӯи системаи кредетӣ таҳсил мекунанд. Донишҷӯён дар курси 5-ум дар охири сикл имтиҳони тестӣ аз рӯи предмет дар маркази тестии донишгоҳ месупоранд. Ординаторҳои клиникӣ ва интернаҳо дар охири соли хониш имтиҳони давлатиро дар се сатҳ (малакаҳои амалӣ, шифоҳӣ ва тестӣ) месупоранд.
Фаъолияти таълимию методӣ
Аз тарафи кормандони кафедра таҳияҳо ва тавсияҳои методию таълимӣ дар ҳама самтҳои травматология, ортопедия ва ҶНС ба забони русӣ ва тоҷикӣ барои донишҷӯён, бокалаврҳо, интернаҳо ва ординаторҳои клиникӣ тайёр карда шудаанд. Нашри китоби «Военно-полевая хирургия» (А.А. Раззоқов бо муаллифон), «Ҷарроҳии низомӣ- саҳроӣ» (А.А. Раззоқов бо муаллифон), «Осебшиносӣ ва раддодӣ» (Д.У. Урунбоев., С.М. Мирзоева), «Краткий курс основы нейрохируогии» (А.А. Раззоқов), «Диагностика и лечение политравмы в остром периоде» (А.А. Раззоқов), «Диагностика и лечение огнострельных ранений черепа и мозга» (А.А. Раззоков), «Протоколҳои клиникӣ дар осебшиносӣ ва раддодӣ» (А.А. Раззоқов бо муаллифон), «Диагностика и лечение сочетанной травмы с нарушением функции мочевого пузыря» (А.А. Раззоқов бо муаллифон), «Оптимизация тактики диагностики и лечения сочетанной травмы с повреждением мочеполовых органов» (А.А. Раззоқов бо муаллифон). Дар 5 соли охир 33-то таҳияҳои илмию методӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ тайёр карда шудаанд.


Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php