Наврӯзи оламафрӯз

Наврӯзи оламафрӯз

Дар толори МД  МСШ №12 бо донишҷӯёни бахши 5-ум гурӯҳҳои 43- 46, бахши 6-ум гурӯҳи 46, донишҷӯёни хориҷии бахши 5-уми  бакалавр гурӯҳҳои 12-13 факултети тиббӣ, бахши 6-ум гурӯҳи 2 факултети педиатрӣ таҳти роҳбарии муаллимаи калони кафедра Ҳайдарова С.Ф. чорабинии тарбиявӣ-фарҳангӣ гузаронида шуд, ки дар он мудири кафедра Ёдгорова М.Ӌ , Умарова З. К., Носирова М. П., Раҳматуллоева З. Р., Мукарамова Д. А., Баротов И. И. ҳузур доштанд.

Муаллимаи калони кафедра Ҳайдарова С.Ф. бо суханронии худ чорабиниро ҳусни оғоз бахшида қайд намуд, ки Наврӯз ҷашни покиву озодагӣ ва оғози Соли нави аҷдодиамон буда, имрӯз онро дар тамоми ҷахон пешвоз мегиранд . Чун Наврӯз иди ниёгонамон ба ҳисоб меравад ва мардуми мо онро аз қадимулайём то ба имрӯз ҷашн мегиранд  мо хеле хурсанд ҳастем, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди Наврӯз ҷаҳонӣ шуд.

Донишҷӯи бахши 5-уми факултети тиббӣ Исмоилова Фараҳноз, ки ровии барнома буд, оид ба таърихи пайдоиш ва анъанаҳои Наврӯз баромад намуд.

Бар Тоҷикистони азиз , Наврӯз меояд, чи хуш!

Наврӯзи зебои Аҷам, фирӯз меояд, чи хуш!

Бингар ба гулҳои Ватан, сурху сафед андар чаман,

Бар хонадони тоҷикон, дилсӯз меояд ҳанӯз…

Донишҷуёни гурӯҳи 45 дар васфи Баҳор , Наврӯз ва Суманак шеърҳо қироат намуданд. Аз бахши 5-уми бакалавр(хориҷиён)  гуруҳи 12 – 13  Шарма ва Эҳбараза бо забони тоҷикӣ ҳозиринро табрику таҳният гуфтанд.

Баҳри болида гардонидани табъи устодону донишҷӯён, ҳамчунин бадеҳа пешниҳод шуд, ки  ба ҳозирин хеле писанд омад.

Муаллимаи муҳтарама д.и.т. профессор  Умарова Зарифа Касимовна шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон намуда, ҷавононро бо Иди Наврӯзи хуҷастапай табрик гуфтаву  хушиҳои зиндагиро таманно намуд. Мудири кафедра н.и.т.  дотсент Ёдгорова  М.Ч. низ ҷавононро бо фарорасии Наврӯзи оламафруз табрику таҳният намуда, ба иштирокдоштагон баҳри амалӣ гаштани орзуҳояшон бурдбориҳо таманно намуд. Муаллимаи калони кафедра Ҳайдарова С.Ф. маҳфилро ҷамъбаст намуда, ҳозирин ва донишҷуёнро бори дигар бо омад-омади Наврӯзи оламшумул табрику муборакбод  намуд.

 Муаллимаи калони кафедраи тибби оилавии №2  -  Ҳайдарова С.Ф.  

20.03.2021     544

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php