8 – уми март - Рӯзи модарон

8 – уми март - Рӯзи модарон

Санаи 5 марти соли 2021 дар пойгоҳи кафедраи тибби оилавии №2, МД Маркази саломатии шаҳрии №12, таҳти роҳбарии профессори кафедра, Умарова З. К. бо иштироки донишҷӯёни факултети тиббии бахши 5-и гурӯҳи 53 бо забони русӣ таҳсилкунандагон, дар мавзӯъи «8 – уми март - Рӯзи модарон», ки хусусияти умумичаҳонӣ дорад, бо намоиши видеоролик конфронсро оғоз намуданд. Барандагони маҳфил Абдусамадов Султон ва Турсунов Обид тамоми занҳоро бо идашон табрик карда, суханро ба донишҷӯёни дигар доданд (Назмиддинова М., Сафаров Ҳ., Примова М., Холматова Ш., Ҳалимова Ҳ., Раҳимова Н., Муродов Ҷ., Наҷибуллозода Ф.). Олимов Сомон бо презентатсияи худ баромад кард. Тоҷиев Зиёдуллоҳ бо суханҳояш чорабиниро ҷамъбаст намуд. Муаллимаи калони кафедра Хайдарова С.Ф. баромад карда, ба ташкилкунандагони махфил миннатдории худро баён намуданд. Дар охир бо суханони ҷамъбастӣ ассистенти кафедра Раҳмонов Ё. Қ. баромад карданд.

Мудири кафедра н.и.т., дотсент  -  Ёдгорова М.Ҷ.

Профессори кафедра  -  Умарова З. К.

Мутасаддӣ оиди корҳои тарбиявии кафедра,

муаллимаи калони кафедра  -  Ҳайдарова С.Ф.

09.03.2021     627

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php