Таърихи кафедра


Кафедраи тибби оилавии № 1, яке аз ҷузъҳои сохтори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба шумор меравад. Кафедра соли 1999 таъсис ёфтааст. Асосгузори кафедра доктори илми тиб, профессор Қодирова Д.А. мебошад.
Бояд гуфт, ки расонидани кумаки аввалияи тиббӣ – санитарӣ (КАТС) ба аҳолӣ оммавитарин, дастрастарин ва камхарҷтарин намуди ҳифзи сиҳатии аҳолӣ мебошад. Маълумотҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки зиёда аз 80 - 90% аҳолӣ кӯмаки тиббиро дар дармонгоҳ ва амбулаторияҳо мегиранд ва зиёда аз 85% бемориҳо дар муассисаҳои КАТС ташхис, табобат ва назорат карда мешаванд. Дар кафедраи Тибби оилавии № 1 ба донишҷӯён ташхис, муолиҷа ва нигоҳубини беморонро дар шароити дармонгоҳӣ, дар муассисаҳои КАТС меомузанд. Тайёр намудани духтурони баландихтисоси оилавӣ – яке аз вазифаи асосии кафедра ба шумор меравад.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php