Кори табобатии кафедра


Кори табобатии кафедра ба баланд бардоштани сифати ёрии тиббӣ ба аҳолӣ равона карда шудааст. Хамаи кормандони кафедра дар МСШ № 2, 10-и Пойтахт машварат ба беморон оиди ташхис, муолиҷа ва пешгирии беморӣ мебаранд. Донишҷӯён бо ҳамроҳии духтурони оилавӣ дар чорабиниҳои санитарӣ - равшаннамоии марказ ва дармонгоҳҳо, дар байни ахолӣ, фаъолона иштирок менамоянд. Кормандони кафедра, донишҷӯён дар маъракаҳои пешгирии бемориҳо (эмкунӣ, лексия ва сухбатҳо дар байни ахолӣ) фаъолона иштирок менамоянд. Кормандони кафедра оид ба баландбардории сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии марказҳо, бо иштироки духтурони оилавӣ конференсия ва семинарҳо мегузаронанд. Кормандони кафедра аз рӯи нақша зиёда аз 150 семинар ва конфронсҳо (ба таври ройгон) дар Маркази саломатии № 2 ш. Душанбе, барои духтурони оилавии шаҳри Душанбе ва духтурони маҳалла гузарониданд. Дар солҳои 2000-2018 дар чунин семинар ва конфронсҳои клиникӣ зиёда аз 205 нафар духтури оилавӣ иштирок намуданд.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php