Забондонӣ – ҷаҳондонӣ

Забондонӣ – ҷаҳондонӣ

Дар кафедраи тибби оилавӣ №1 бо иштироки мудири кафедра д.и.т., профессор Қодирова Д.А., устодон, асистентони кафедра, аспиранту донишҷӯёни куси 5 ва 6-ум ва табибони оилавии Маркази саломатии ш. Душанбе ҷамъомад бахшида ба мавзўи “Забондонӣ - ҷаҳондонӣ” барпо гардид. Мудири кафедра оиди бартариятҳои забондонӣ суханронї намуда, қайд кард, ки табибони оянда бояд, пеш аз ҳама забони модарии худ ва баъдан дигар забонҳои хориҷиро хуб аз худ намоянд. Донистани забонҳо барои ҳар як шахс хеле муфид буда, қулфкушои чандин дарҳо дар зиндагӣ аст. Оиди бартариятҳои донистани забонҳо ассистентон Додочони Аслизод ва Ҳафиззода Ф., бисёр далелҳо оварда, баромад намуданд. Дар охир донишҷӯён ғазалҳои шоирони классики тоҷикро ба ҳозирин қироат намуданд.                                                                                

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон-ш осон гардад.

Мудири кафедраи тибби оилавӣ                Қодирова Д.А.

14.10.2020     621

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php