Сӯҳбат бо донишҷӯён оид ба пешгирии сирояти коронавирус

Сӯҳбат бо донишҷӯён оид ба пешгирии сирояти коронавирус

 Дар кафедраи тибби оилавии №1, мудири кафедра ва устодон ба донишҷӯёни курси 5 ва 6-ўм, аспирантон ва табибони оилавии МСШ №2 мунтазам оиди пешгирии сирояти коронавирус ва бемории КОВИД 19 маълумоти нав ба навро пешкаш менамоянд. Дар марӯзаҳо хабарҳои нав оид ба ташхис, табобат ва пешгирии ин беморӣ маълумот дода мешавад. Инчунин дар кафедра ҳолати санитарӣ мунтазам ва ҳаматарафа риоя карда мешавад. Бояд қайд намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ, корҳои пешгирӣ ва чораҳои омодабошӣ ҳама вақт ва мунтазам аз саршавии беморӣ то ба ин рӯз амалӣ карда шуда истодаанд ва хушбахтона миқдори беморони гирифтори коронавирус нисбат ба дигар давлатҳо, дар мамлакати мо кам мебошад. Дар сӯҳбати навбатӣ ассистент Комилхочаев Б.Ҳ. бо аспирантон ва табибони оилавии МСШ №2 оиди пешгирии ин беморӣ машварат бурда истодааст. Чунин сӯҳбатҳо бо иштироки фаъоли донишҷӯён ва иштироккунандагон мегузаранд.

                                                                       Кафедраи тибби оилавии №1

09.10.2020     459

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php