Иштирок дар Конференсияи илмӣ-амалӣ

Иштирок дар Конференсияи илмӣ-амалӣ
Мувофиқи мактуби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 02.10.2019сол №36/3-522 30 нафар донишҷўёни курси 6 гурўҳҳои 33 ва 37-и факултети тиббӣ бо ҳамроҳии муовини декан Раҳимова Д.С. ва мутасаддии корҳои тарбиявии кафедраи тибби оилавии №1 Отаҷонов А. дар Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Аҳамияти танзими анъана ва ҷашну маросим дар таъмини некўаҳволии фард, оила ва ҷомеа» воқеъ дар толори марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки бо иштироки намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, АИ ҶТ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, олимону муҳаққиқон, сохторҳои шаҳрӣ ва омўзгорону донишомўзон санаи 10.02.2019сол баргузор гардид, иштирок намуданд.
Дар кори конференсия маърўзаҳои як қатор иштирокчиён шунида ва музокира карда шуд. Маърўзаҳои пешниҳодгардида пурмуҳтаво буда, аз тарафи шунавандагон хуб пазируфта шуданд.
Бояд қайд намуд, ки мақсад аз ҷалби донишҷўёни курсҳои 6 ба конференсияи мазкур бархурдор намудан аз ҷанбаъҳои манфиатноки танзими анъана ва ҷашну маросимҳо мебошад, зеро ҳар яки онҳо баъд аз хатми донишгоҳ барои сохтани оила ва гузоштани пояи иқтисодӣ барои оилаи худ сафарбар мегарданд.
11.10.2019     665

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php