Бартариятҳои ихтисоси табиби оилавӣ

Бартариятҳои ихтисоси табиби оилавӣ 07.01.2020 дар кафедраи тибби оилавӣ №1 бо иштироки мудири кафедра д.и.т., профессор Қодирова Д.А., устодон, асистентони кафедра, аспиранту донишҷӯёни куси 5 ва 6-ум ва табибони оилавии Маркази саломатии ш. Душанбе ҷамъомад бахшида ба мавзӯи “Бартариятҳои ихтисоси табиби оилавӣ” баргузор гардид. Мудири кафедра оиди ихтисоси табиби оилавӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки табиби оилавӣ мутахассиси васеъихтисос буда, ба беморон кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ мерасонад ва яке аз вазифаҳои асосии ӯ -пешгирии бемориҳо дар байни аҳолӣ мебошад. Оиди бартариятҳои ихтисоси табиби оилавӣ ассистентон Додочони Аслизод ва Ҳафиззода П., ки ин касбро пеша карданд, баромад намуданд. Дар охир донишҷӯён бисёр саволҳо ба табибони оилавии Маркази саломатии ш. Душанбе дода, оиди ин мавзӯъ фикру андешаи худро баён намуданд.
13.01.2020     797

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php