Ҷамъомади ҷамъияти илмии донишҷӯён ва олимони ҷавон

Ҷамъомади ҷамъияти илмии донишҷӯён ва олимони ҷавон

Дар кафедраи тибби оилавии №1 мунтазам, аз рӯи нақша, ҷамъомади илмии донишҷӯён ва олимони ҷавон барпо мегардад.

Дар ҷамъомади навбатӣ, сардори ҷамъияти илмии донишҷӯен (ҶИД) ассистенти кафедра Комилхуҷаев Б.Ҳ. дар бораи ҷамъ овардани далелҳои илмӣ вобаста ба мавзӯъи интихобгашта маърӯза пешкаш намуд. Дар бораи паҳншавии фишорбаландии хун дар байни аҳолӣ докторанти PhD Ҳафиззода Ф.А. ба ҳозирин маълумот дод. Иштирокчиёни ҷамъомад ба саволҳои вобаста ба мазӯъ доштаи худ ҷабовҳо гирифтанд ва фикру ақидаҳои худро баён намуданд.

Бояд қайд намуд, ки ҶИД дар кафедраи тибби оилавии № 1 аз соли 2003 амал мекунад. Дар ин ҷамъият даҳҳо олимони ҷавон таҷрибаи илмӣ пайдо карда, дар конфронсҳои илмӣ баромадҳо карданд. То ба ин рӯз бо роҳбарии мудири кафедра, доктори илми тиб, профессор Қодирова Д.А. зиёда аз 60 мақола ва фишурдаҳои донишҷӯён ва олимони ҷавон дар конфронсҳои мамлакат ва берун аз он чоп шудааст. 

Мудири кафедраи тибби оилавӣ                 Қодирова Д.А.

14.10.2020     491

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php