Ҷамъомад бахшида ба Иди Наврӯз дар кафедраи тибби оилавии №1

Ҷамъомад бахшида ба Иди Наврӯз дар кафедраи тибби оилавии №1

20.03.2021 дар кафедраи тибби оилавии №1 бо устодон, донишҷӯёни курси 5 ва 6-ӯми Факултети тиббӣ ҷамъомад бахшида ба Иди Наврӯз баргузор гардид.

Дар ҷамъомад қайд карда шуд, ки таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст. Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашнро давлатӣ эълон намуда, онро воситаи асосии таҳкими маънавиёти ҷомеа, худогоҳӣ ва ифтихори миллии тоҷикон номиданд.

Наврӯзи Аҷам моро бо рӯзгори ҳафтҳазорсолаи гузаштагонамон мепайвандад, ки аз бузургиву ҳашамати миллати тоҷик дарак медиҳад.

Наврӯзи аҷам зинда кунад, хоки куҳанро,

Аз нав бикунад ҷома бар тан боғу чаманро.

Аз партави хуршед замин гарму чаман гарм,

Аз ҳиммати найсон дили деҳқони Ватан гарм. 

Кафедраи тибби оилавии № 1

26.03.2021     345

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php