Базаи клиникии кафедра


Базаҳои клиникии кафедра дар марказҳои саломатии шаҳрӣ (МСШ) № 2 ва № 10-и пойтахт ҷойгиранд. Дар базаи клиники кафедра, дар давраи фаъолияти он, аз се утоқи дарсӣ ба 14 расид. Ба гайр аз ин дар кафедра утоқи иттиолотӣ, компютерӣ, лексионӣ, методӣ, утоқ барои мактаби «Беморони фишорбаланди хун» амал мекунанд, инчунин кафедра дорои китобхонад мебошад, ки дар он зиёда аз 80 нусха китобҳои дарсӣ, дарстурамалҳо вобаста ба тибби оилавӣ, ки миқдори умумии онҳо ба 90 мерасад, мавҷуданд.
Базаи асосии клиникии кафедра Маркази саломатии шаҳрии № 2 ба шумор меравад, ки дар он зиёда аз 39 духтури оилавӣ кор мекунанд ва ба 22 ҳазор нафар аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонад. Марказ дорои 35 утоки корӣ, утоқҳои ташхиси рентгенӣ, ултрасадо, ЭКГ ва ғайра мебошад. Теъдоди муаллимони дараҷаи илмӣ дошта ва аз рӯи шумораи кормандони асосӣ аз 4,3% то 80,0% расид. Миқдори муаллимони собиқаи кории педагогиашон аз 20 сол зиёд – 50% кормандонро ташкил медиҳанд. 95% кормандон дорои дараҷаи олии тахассусӣ мебошанд.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php