Фаъолияти таълимӣ


Корҳои тарбиявӣ, яке аз қисмҳои асосии фаъолияти кафедра ба ҳисоб рафта, ба он ҳангоми гузаронидани машғулиятҳои амалӣ ва дар рафти тайёрӣ, аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Ҷараёни таълиму тарбия дар ҳамбастагӣ ба роҳ мондашудаанд. Омӯзгорони кафедра доимо бо донишҷуён оид ба тарбия ва тартибу интизом, суҳбатҳои алоҳида ва умумӣ мегузаронанд.
Дар соатҳои тарбиявии кафедра мунтазам доир ба мавзӯъҳои тарбиявӣ, ба монанди суҳбат дар хусуси мавзӯъҳои иҷтимою-сиёсӣ, маданияти донишҷӯён, ахлоқӣ, ватандӯстӣ, фаъолияти касбӣ, симои ахлоқии фарматсевт, оид ба зарари тамоку ва оқибатҳои нашъамандӣ гузаронида мешавад.
Ташкили мизҳои мудаввар, суҳбатҳо ва чорабиниҳои гуногун бахшида ба ҷашни «Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Рӯзи Парчами миллӣ», «Артиши миллӣ», «Рӯзи Модар», «Иди Наврӯз», «Рӯзи Ғалаба», «Ваҳдати миллӣ» ва ғайраҳо дар кафедра анъана шудааст.
Дар кафедра аз тарафи устодон барои ороиши ҳуҷраҳои дарсӣ ва бинои кафедра банерҳо ва лавҳаҳои тарбиявӣ тайёр карда шудааст.
Ҳамаи кормандони кафедра дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд. Сафарзода Р.Ш. номзади илмҳои фарматсевтӣ, мудири кафедра, котиби илмии шӯрои диссертатсионии 6D. КОА-058.- Фарматсия, аъзои Шӯрои олимони донишгоҳ, аъзои Шӯрои олимони комисияи байни кафедрави, аъзои Шӯрои олимони факултети фарматсевтӣ, аъзои кумитаи барномаҳои таълимӣ тахассусии «Фарматсия», роҳбари маҳфили илмии донишҷӯён (МИД); Халифаев Д.Р. доктори илмҳои фарматсевтӣ, профессор, масъули бахши илмӣ, раиси шӯрои диссертатсионии 6D. КОА-058.- Фарматсия, аъзои Шӯрои олимони донишгоҳ, аъзои Шӯрои олимони комисияи байни кафедрави, Ҷалилов Ҷ.Н. – масъули бахши хоҷагидорӣ, раиси иттифоқи касабаи кафедра; Ортикова М. масъули бахши тарбия, Абдукаримзода Х. Ассистенти таълим; Юсупова Ф. лаборант, котибаи кафедра мебошанд.


Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php