Таърихи кафедра


Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар таърихи кишвари азизи мо яке аз куҳантарин ва собиқадортарин муасссисаҳои таълимиву илмӣ ба шумор рафта, соли 1939 бо номи «Донишкадаи тиббии Сталинобод» таъсис ёфтааст.
Аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ ба соҳаи варзиш ва солимгардонӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешуд. Зеро ба ҳама маълум аст, ки саломатӣ ва варзиш ба ҳам тавъаманд ва ҳамдигарро пур мекунанд.
Суроғаи кафедраи тарбияи ҷисмонӣ: шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ – 141. Телефон барои муроҷиат: 224-38-73
Устодони собиқадори кафедра
Аввалин омӯзгоре, ки ба таълими фанни тарбияи ҷисмонӣ камари ҳиммат бастааст, омӯзгори рустабор Е. К. Колокифас мебошад. Баъдтар дар заминаи таълими фан кафедраи санитарияи ҳарбӣ ва омодагии ҷисмонӣ ташкил ёфт. Роҳбарии кафедараро Е. П. Химич ба зимма дошт. Химич бо қобилияти ташкилотчигӣ ва фаъол буданаш байни устодони муассиса имтиёз дошт. Соли 1948 маҳз бо талошҳои ӯ ва дастгирии раёсати донишгоҳ (он замон донишкада) кафедраи алоҳидаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши шифоӣ таъсис дода шуд. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки кафедра дар солҳои вазнини пас аз ҷангӣ ташкил гардидааст.
Дар кафедраи мазкур И. И. Чернишенко, В. И. Попушин, Р. Г. Кривитская, Е. А. Ефимов, М. А. Столяр, Т. С. Мгеладзе, Ю. И. Бахтизин, Н. О. Одинаев, Умаров А.М, Ибрагимов У.Х, Ф. С. Муъминов ва дигарон фаъолият доштанд. Ҳамчунин, дар кафедра муаллимони калон Ш. Э. Носиров, Н. Х. Ҳасанбоев, муаллимон Мавлонов Б.А, Мусоев Ҳ.Н, Бобоҷонов В.А ва дигарон кору фаъолият доранд. Мудирони кафедра Шурӯъ аз соли 1948, ки ба таъсисёбии кафедраи алоҳидаи тарбияи ҷисмонӣ дар донишгоҳ рост меояд, кафедра таҳти роҳбарии панҷ мудир фаъолият бурдааст. Аз ҷумла, Е. К. Химич (1948-1971), Э. Н. Дворетский (1971-1975), Т. С. Мгеладзе (1975-2006), А. М. Умаров (2006-2009), Ш. С. Сагдиева (2009-2016) барои беҳтар шудани корҳои тарбиявӣ дар кафедра ва ба камол расондани варзишгарони муваффақу таҷрибадор ранҷ кашидаанд. Аз соли 2017 ин тараф мудирии кафедраро мутахассиси ҷавону болаёқат Далер Аслонов ба уҳда дорад. «Сино» - дирӯз ва имрӯз Дар назди кафедра клуби варзишии донишҷӯён бо номи «Сино» таъсис дода шуд. Клуб ба ифтихори Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино номи бошарафи ӯро гирифт. Он дар натиҷаи таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти донишгоҳ ташаккул ёфта, 8 бахши варзиширо ташкил дод. Бахшҳои зикршуда 500 донишҷӯро фаро мегирад. Имрӯз ҳам клуби мазкур фаъол буда, варзишгарони зиёдеро тарбия ва ба камол мерасонад. Аз ҷумла, дар гузаштаи тақрибан панҷоҳсола варзишгарони маъруфу номдор: И. Р. Ҳасанов – чемпиони дувоздаҳкаратаи ИҶШС, ҷоизадори Чемпионати ҷаҳон доир ба қаиқронӣ (1962-1978), Э. Раҳимов, - чемпиони чандкратаи Тоҷикистон, ҷоизадори Чемпионати ҷаҳон ва бозиҳои Осиё дар Тошкант ва чемпиони Федератсияи Россия оид ба гӯштини тарзи самбо (1998-2007), Н. Ноёфтов – ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Тошкант (1997), чемпиони Тоҷикистон оид ба гӯштини самбо (2006), У. Ачичамил – чемпиони Тоҷикистон оид ба бокс (2007), устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, А. Умарзода – гирандаи ҷои дувум дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кингбокс дар шаҳри Теҳрон (2008). Н. Асрор –устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба карате (2007) ва дигарон парвардаи клуби «Сино»-янд ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дирӯз ҳам, имрӯз ҳам, бо номи онҳо ифтихор мекунад.
Кафедраи тарбияи ҷисмонӣ дар замони Истиқлол
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо мусоидату дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар соҳаи варзиш беш аз пеш ривоҷу равнақ меёбад. Муваффақиятҳои солҳои ахир ба дастовардаи варзишгарони тоҷик, бахусус медали биринҷии Расул Боқиев (дзю-до) дар Олимпиадаи Пекин, медали биринҷии Мавзуна Чориева (бокс) дар Олимпиадаи Лондон ва пирӯзии гурзандоз Дилшод Назаров дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейро, далели ин гуфтаҳоянд.
Дар партави иқдомҳои созандаи Ҳукумати мамлакат дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино низ дар баробари омӯзиши нозукиҳои илми тиб, барои бо намудҳои гуногуни варзиш фаро гирифтани донишҷӯён шароитҳои хубу муосир фароҳам оварда шудаанд. Аз ҷумла, тамоми дастаҳои варзишии таълимгоҳ бо либоси варзишӣ таъмин буда, майдону толорҳо тармиму таҷдид ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гаштаанд.
Комёбиҳо
Соли 2016 варзишгарони донишгоҳ дар спартакиадаи донишҷӯён аз рӯи намудҳои гӯштини тарзи озод, дзю-до, волейбол, футбол ва варзиши сабук ширкат варзиданд. Қобили зикр аст, ки шаш дастпарвари ДДТТ аз намудҳои гуногуни гӯштин соҳиби як медали тилло, се медали нуқра ва ду медали биринҷӣ гаштанд. Инчунин, баскетболбоздухтарони донишгоҳ дар мусобиқае, ки аз тарафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гузаронда шуда буд, иштирок карда, сазоаори ҷойи аввал гаштааст.
Соли 2017 дастаи футболбозони донишгоҳ дар байни кормандони соҳаи тиб соҳиби Ҷоми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
Худи ҳамон сол дастаи волейболбозони муассиса сазовори ҷои дувум шуданд.
Донишҷӯи курси дуюми факултети стомотологӣ Суҳроб Зарипов дар мусобиқаи байналмилалӣ сазовори ҷои ифтихорӣ гашт.
Ин комёбиҳову муваффақиятҳои донишҷӯён натиҷаи дастгириҳову ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти донишгоҳ мебошад. Ва роҳбарият низ ҳамеша ба он кӯшиш менамояд, ки шумораи бештари толибилмон рӯ ба варзиш оваранд, зеро солимии ҳар нафар солимии ҷомеа ва давлат аст.


Гузариш ба саҳифаи: