Комёбии шоҳмотбозони донишгоҳ

Рӯзҳои 21-22 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе мусобиқаҳо оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои дохилии ҶТ баргузор карда шуданд.
Дастаи мардонаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар ин қувваозмоиҳо дар ҳайати Ҳ.Н.Каримов, С.Н.Исматов, Н.З.Мӯсоев, О.Ҳ.Қосимов, И.Ш. Комилов, Ш.Ф.Сайдализода, И.О.Қосимов ва Д.И.Аслонов баромад намуда дар байни 41 даста ба гирифтани ҷои чорум маваффақ гаштанд.
Натиҷаи ба дастовардаи шоҳмотбоздухтарон бошад боз ҳам хурсандиовар аст. Ин даста дар ҳайати Меҳрона Искандарова (курси 3, фак. стом.) ва Ниҳолбӣ Иззатуллоева (курси 2, фак стом.) дар байни дастаҳои шоҳмотбоздухтарони дигар макотиби олӣ хеле хуб ҳунарнамоӣ намуда, ба гирифтани ҷойи сеюм сазовор гаштанд.
«Ворисони Сино»
27.02.2020     598

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php