Дастовардҳои кафедра


Дар оғози солҳои ҳафтодуми асри ХХ дар миқёси Иттиҳоди Шӯравӣ ба соҳаи варзиш ва солимгардонии ҷомеа эътибори ҷиддӣ дода шуд. Афзудани шумораи донишҷӯён дар муассиса водор мекард, ки дар назди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дастаи варзишӣ ташкил ёбад. Зеро ташкилшудани даста барои иштирок дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва умумииттифоқӣ замина мегузошт.
Ба ин хотир, кафедраи тарбияи ҷисмонӣ дар алоҳидагӣ ба фаъолият оғоз кард ва минбаъд дар ташкили дастаи варзишӣ мусоидат намуд. Бо таъсис ёфтани даста зуд маълум гардид, ки воқеан ҳам донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар соҳаи варзиш бисёр фаъоланд. Инро онҳо бо иштироки худ дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун собит намуданд. Ҳатто барои ҳифзи шаъну шарафи ИҶШС (собиқ Иттиҳоди шӯравӣ) мубориза бурда, борҳо пирӯз омада буданд.
Дар ин росто, ҳиссаи шоистаи мураббӣ оид ба гимнаситика, мутахассиси ботаҷрибаи варзиш Д. С. Черноек, мураббӣ оид ба варзиши сабук, мураббии шоистаи Тоҷикистон В. Г. Давидиянс, мураббии шоистаи Тоҷикистон Т. С. Мгеладзе, мураббии шоистаи Тоҷикистон Н. О. Одинаевро махсус зикр кардан месазад. Маҳз бо фаъолияти босамари эшон донишгоҳ ба натиҷаҳои баланд дар соҳаи варзиш ноил гардида буд.
Бахусус дастаи занони волейболбози донишгоҳ солҳои зиёд дар байни мактабҳои олии 15 кишвари Шӯравӣ пешсафиро аз даст надоданд.
Кафедраи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон он замон бештар аз 50 варзишгари дараҷаи олиро омода ва ба мусобиқаҳои сатҳашон гуногун сафарбар мекард.


Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php