Корҳои тиббӣ ва машваратӣ


Кафедра бо муассисаҳои тандурустии шаҳр ва як қатор минтақаҳо ҳамкории зич дорад. Кори тиббӣ дар асоси созишномаи дуҷонибаи байни МДТ "ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино" ва МД комплекси тиббии «Истиқлол», ки 4 январи соли 2017 ба муддати 5-сол ба имзо расидааст. Бинои шӯъбаҳои соматикии кӯдаконаи 7 «А» ва 7 «В» аз ҷониби кормандони кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона роҳбарӣ карда мешаванд. Кормандони кафедра ба ҳама беморони вазнин(4558), ки дар шӯъбаҳои реаниматсия, нефрология, аллергология, гастроэнтерология, эндокринология, пульмонология ва гемодиализ машварати клиникӣ медиҳанд. Тибқи ҷадвали тасдиқшуда конфронсҳои клиникӣ ва таҳлили фавти кӯдакон гузаронида мешаванд. Дар кафедра 2 ҳамкорон, ки ҳамчун кормандони асосии МД маркази тиббии «Истиқлол» мебошанд. Ду кормандони асосии кафедра ҳамчун ҳамкорони пойгоҳи клиники кор мекунанд.
Аз 15 корманди асосии кафедра, 8 нафарашон дараҷаи олии тиббӣ, 2 нафар дорои дараҷаи дуюм мебошанд. Инчунин, дар кафедра ординаторҳои клиникӣ-2 ва 2-то интернаҳо.
Кормандони кафедра , ки аъзои гурӯҳҳои ВТ, СЗН ҶТ ва НПО дар таҳияи дастурҳои таълимӣ ва протоколҳои клиникӣ барои табибон иштирок кардаанд:
1. Бабаева Л.А. Ахмедова Х.С. Джонова Ф. и др. Клинические протоколы по ведению основных заболеваний дыхательных путей на уровне ПМСП. / Учебное пособие для врачей. – Тип. МЗСЗН РТ. – Душанбе. – 2017. – 88 с.
2. Бабаева Л.А. Ахмедова Х.С. Джонова Ф. и др. Протоколҳои клиникӣ оид ба пешбурди бемориҳои асосии роҳҳои нафас дар сатҳи КАТС. / Дастури таълимӣ барои табибон. Тип. ВТҲА ҶТ. – Душанбе. – 2017. – 88 с.
3. Гулзода М.К., Эрик Ван Твиллерт, Салихов Д.Н., Носиров К.Н., Бабаева Л.А., Рахманова Г.А. Карманный справочник по проведению опроса и физикальных методов обследования пациентов. /Методическое пособие для студентов, интернов, клинических ординаторов, молодых врачей и преподавателей. Swiss Agency for Development and cooperation. – Душанбе . – 2017. – С. 105.
4. Гулзода М.К., Эрик Ван Твиллерт, Салихов Д.Н., Носиров К.Н., Бабаева Л.А., Рахманова Г.А. Дастурамали киссагӣ барои гузаронидани пурсиши тиббӣ ва усулҳои муоинаи физикалии беморон. /Дастури таълими. - Swiss Agency for Development and cooperation. – Душанбе . – 2017. – С. 108.
5. Бабаева Л.А.,Маҷидзода А.Қ., Саидов Ф.Б. Дастурҳои клиникӣ оид ба ташхису табобати бемориҳои нефрологии кӯдакона. – Душанбе .- 2018.- 80с
Дар 5-солаи охир аз тарафи кормандони кафедра ду маротиба (144соат) курси такмили ихтисоси тахасусӣ барои духтурони шӯъбаҳои соматикии кӯдаконаи МД маркази тиббии «Истиқлол» дар мавзӯъи “ Талаботи муосир ба ғизои кӯдакони солим ва усулҳои табобати ,вайроншавии музмини ғизо дар кӯдакони синни бармаҳал” гузаронида шуд.
Ҳамаи кормандони кафедра дар пойгоҳи тандурустӣ корҳои таълимӣ,илмӣ,табобатию машваратиро мегузаронанд. Мутобиқи ҷадвали тасдиқшуда, профессор,дотсентҳо, муаллимони калон ва ассистентон машваратҳо, азназаргузаронӣ ва гардиши беморон мегузаронанд.Барои гузаронидани корҳои таълимӣ аз тарафи пойгоҳи клиникӣ 13-то утоқҳои омӯзишӣ ва толори хурди лексионӣ ҷудо карда шудааст. Дар бинои маъмурии маҷмӯъа китобхонаи электронӣ ҷойгир шудааст.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php