Вируси норасоии масунияти одам

Вируси норасоии масунияти одам

Дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” аз ҷониби  дотсенти кафедра – Абдуллоева Н.А.  дарси кушоди  “Вируси норасоии масунияти одам”  бо иштироки кормандони кафедра ва донишҷӯёнии курси 3-юми факултети тиббӣ  гурӯҳҳои 15,16  ва 18  гузаронида шуд. Донишҷӯ Меликов Сомон ба ҳозирин маърӯзаи пурмазмун пешкаш намуд.

Вируси норасогии масунияти одам бемории шадид буда, имрӯз яке аз сарчашмаҳои асосии хатар ба ҳаёт ва саломатии инсон дар сайёра гаштааст.

ВНМО - ин вируси норасоии масунияти одам мебошад. Ба оилаи вирусони иртиҷоӣ (Retroviridae), ҷинси лентивирусҳо (Lentivirus) дохил мешавад. ВНМО- соли 1983 дар ду лаборатория - институти Пастер дар Фаронса таҳти роҳбарии Люк Монтане ва институти миллии бемориҳои саратон дар ИМА бошад, таҳти роҳбарии Роберт Галло, новобаста аз ҳамдигар кашф гардидааст. Бо мақсади пешгирии ин беморӣ дар ҷаҳон ҳамасола 1 декабр рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории вич спид қайд карда мешавад.

Бояд гуфт, ки роҳҳои гузариши ин беморӣ гуногун буда, аз инсон пеш аз ҳама тақозои тозагӣ дар муносибатҳоро талаб мекунад.

РОҲҲОИ ГУЗАРИШ:

-         тамос бо хун (ҳангоми истифодаи сузандоруҳо, хунгузаронӣ таҷҳизотҳои тиббии тамизношуда)

-         алоқаи ҷинсӣ (ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бо шахсони бегона бе истифода аз рифола)

-         аз модар ба кудак (ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд, ширмаконӣ)

 

Дар айни замон чунин намудҳои ташхисгузаронӣ вуҷуд доранд:

  1. тести оҷилӣ
  2. анализи Имуноферментӣ
  3. имуноблот (муайян кардани РНК вирус). 

Тарзи ҳаёти солим гарави саломатист!

                                Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона

15.03.2021     1536

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php