Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” бо иштироки кормандони кафедра ва донишҷӯёнии курси 3-юми факултети педиатрӣ аз ҷониби ассистенти таълимӣ - Ҳомитова М.А. дар мавзӯи : “Паёми Президенти Чумҳурии Тоҷикистон” дарси кушод гузаронида шуд.

Донишҷӯи гурӯҳи 2 Икромова Шарифамоҳ ба ҳозирин маърӯзаи пурмазмун пешкаш намуд. Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар барои мардуми шарифи Тоҷикистон дар соли воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод гардид. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо медонанд, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо соли аз ҳар лиҳоз вазнин буд.

Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Дар кишвар барои табобати пурра ва саривақтии шахсони гирифтори бемории сироятии КОВИД – 19 беш аз 30 беморхона бо 7000 кат ва 5400 нафар табибону кормандони тиббӣ сафарбар гардиданд. Илова бар ин, дар 92 муассисаи тиббӣ 16 ҳазор кат омода карда шуд. Бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ва соҳибкорони ватанӣ тибқи Фармони Президенти мамлакат аз 5 июни соли 2020 сабукиҳои зиёди андозиву қарзӣ ва имтиёзу ҷубронпулиҳо ба маблағи умумии беш аз 450 миллион сомонӣ пешниҳод карда шуданд.

Соли 2020 дар саросари кишвар 18300 иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ба истиқболи ҷашни сисолагии истиқлол банақшагирифташуда, ки бештари онҳо иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва варзиш мебошанд, бунёд ва ба истифода супорида шуда, бо ҳамин роҳ даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё карда шуданд.

                                Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона

25.02.2021     320

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php