Навбатдорӣ дар хобгоҳи № 5 аз тарафи кормандони кафедра таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”

Навбатдорӣ дар хобгоҳи № 5 аз тарафи кормандони кафедра таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”

Мувофиқи нақшаи навбатдорӣ дар хобгоҳҳо, ки аз тарафи ректори МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” д.и.т., профессор Гулзода М.Қ. тасдиқ карда шудааст, 26 ноябри соли 2021 кормандони кафедраи ТАБК (ассистенти тарбиявӣ - Ашурова Н.П., ассистенти хоҷагидорӣ - Муродов Ғ.З., ассистенти таълимӣ - Касимова П.В. ва муаллими коромӯз - Разоқова К.Р.) дар хобгоҳи № 5 навбатдорӣ намуда, дар мавзӯъҳои:

“Пешгирии бемории COVID-19” ва “Терроризм ва экстремизм” сӯҳбат гузарониданд, инчунин навбатдорон бо бошандагони хобгоҳ саволу ҷавобҳо намуданд, ки ба онҳо ҷавобҳои мукаммал дода, маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуданд. Ҳамчунин навбатдорон утоқҳои зист, ошхона, китобхона ва дигар ҷойҳои ҷамъиятиро дидан намуда, ки дар баъзе ошёнаҳо аз нав таъмиркунӣ рафта истодааст. Дар китобхонаи хобгоҳ тамоми китобҳои лозима ба донишҷӯён дида мешавад. Оиди риояи тозагӣ ва озодагӣ маслиҳатҳои муфид аз тарафи кормандони кафедра дода шуд.

Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона

30.11.2021     275

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php